Баҳоӣ: “Боғбонҳои Худо” ё “мазҳаби мушрикон”?

Чаро бархе аз баҳоиҳои Тоҷикистон аз ошкор кардани мансубияташон ба “ҷавонтарин дини олам” меҳаросанд?
Ҳар Наврӯз баҳоиҳо пироҳани поку озода ба бар мекунанд. Шавкатхонум Мамедова, дабири маҳфили баҳоиҳо дар шаҳри Душанбе мегӯяд, ки Наврӯз, бар пояи таълимоти Ҳазрати Баҳоуллоҳ соли нави баҳоиён низ маҳсуб мешавад. Қабл аз ид, таври маъмул, баҳоиҳо рӯза мегиранд. Рӯзи ид маҳфиле бо барномаи вижа ва таомҳои наврӯзӣ баргузор мекунанд, ки ба гуфтаи Шавкатхонум, “дар дафтари маркази миллии баҳоиҳои Тоҷикистон мегузарад ва ба он, албатта, дӯстони ғайри баҳоиямон ҳам даъват мешаванд”.
Дабири маҳфили баҳоиҳо меафзояд, ки баъд аз таҷлили дастҷамъона онҳо ба манзилҳои ҳамдигар меҳмонӣ мераванд ё дар наврӯзгоҳҳои шаҳрҳо бо мардуми дигар адён мепайванданд.

Баъд аз Наврӯз баҳоиҳо ба иди дигари худ - Ҷашнвораи Ризвон омодагӣ мегиранд, ки 21 апрел шурӯъ мешавад ва нӯҳ рӯз идома меёбад. Зимнан, баҳоиҳо ба ҷуз зодрӯзу рӯзи ба малакут пайвастани Бобо ва Баҳоуллоҳ ҳар рӯзи нуздаҳуми моҳро чун ид таҷлил мекунанд.

Баҳоиҳо иқрор мекунанд, ки аз ҳама бештар дар таҷлили идҳояшон дар Эрон мушкил доранд. Пайравони Баҳоуллоҳ дар Эрон, ки теъдодашон 300 ҳазор нафар ҳисоб шудааст, пайваста таъқиб мешаванд. Теҳрон, ба вижа, аз фаъолияти Донишкадаи таълими олии баҳоиҳо норозист ва талоши бастани онро дорад. Донишкада дар соли 1987 баъди он таъсис ёфт, ки дари донишгоҳҳои Эрон ба рӯи ҷавонон аз хонаводаҳои баҳоӣ баста шуд.

Рамзи баҳоиҳо

МақомотиЭрон баҳоиҳоро, таври маъмул, дар талоши тахриби амнияти давлатӣ айбдор мекунанд. Аммо охири соли гузашта дар Теҳрону Караҷ, Шерозу Машҳад ва Ясавиву Луристон шуморе аз пайравони мазҳаби Баҳоияро дастгир кардаанд, ки ба навиштаи хабаргузории Форс, ба фаҳшову фасод ва таблиғи Баҳоия аз роҳи ҷаззобияти ҷинсӣ ва ҳамҷинсбозӣ машғул будаанд. Ҳомиёни ҳуқуқ ин иттиҳомро як бахши таблиғоти зидди баҳоиҳо ва идомаи таъқибу фишори мақомоти Эрон алайҳи пайравони ин дин хонданд.

Коршиносон мегӯянд, як сабаби бадбинӣ нисбати баҳоиҳо дар Эрон “зода”-и мазҳаби шиа будани ин дин аст. Вале, ба гуфтаи Фаридун Ҳодизода, раиси Академияи муколамаи байни мазҳабҳои Тоҷикистон, решаи аслии бадбинӣ дигар аст. Ба гуфтаи ӯ, “мусалмонҳо мутмаинанд, ки баъд аз Ҳазрати Муҳаммад дигар пайғомбар нест, яъне Ҳазрати Муҳаммад охирин расули Худост. Аммо баҳоиҳо мегӯянд, ки баъд аз Ҳазрати Муҳаммад боз як пайғомбар ба дунё омадааст ва ин, албатта, бо ақидаи асосии мусалмонҳо дар тазод аст”.

Миёни рӯҳониёни ислом ақидае низ пойдор аст, ки дини баҳоӣ тавассути созмону гурӯҳҳои аврупоӣ барои тафриқа андохтан дар дохили ҷомеъаҳои мусалмонӣ таъсис шудааст. Як идда баҳоиро барои тарк кардани дини ислом “мушрик” мехонанд.

“МО ГУЛҲОИ ЯК БОҒ ВА БАРГҲОИ ЯК ДАРАХТЕМ”

...Дини баҳоӣ дар қарни 19 дар Эрон аз сӯи Мирзо Ҳусейн Алии Нурӣ бо тахаллуси Баҳоуллоҳ арзи вуҷуд кард ва ҳоло беш аз 5 миллион пайрав дорад. Ҷамоаҳои баҳоиҳо дар 188 кишвар ва 45 қаламрав дар Ховари Миёна, Аврупо, Африқо, Амрикои шимоливу ҷанубӣ, Осиёи Марказӣ, Осиёи ҷанубу шарқӣ ва Русия таъсис шудаанд. Маркази ҷаҳонии баҳоиҳо дар шаҳри Хайфаи Исроил мустақар аст ва ин боз як далелест, ки мақомоти Эрон пайравони ин динро “ҷосус”-у “гумошта” мешуморанд.

Баҳоиҳо ба ҷуз Баҳоуллоҳ ҳамчунин Адам (Ҳазрати Одам), Абраам (Ҳазрати Иброҳим), Моисей (Ҳазрати Мусо), Зардушт, Кришна, Исои Масеҳ, Конфутсий, Ҳазрати Муҳаммади Мустафоро паёмбарони Худованд мехонанд. Баҳоуллоҳ, аз нигоҳи онҳо, охирин паёмбар дар Замин буд. Таълимоти баҳоӣ дар чанд китоб, ки Баҳоуллоҳ ба забонҳои арабӣ ва форсӣ иншо кардааст, аз ҷумла, дар бузургтарин асари ӯ “Ал-Китоб ал-Ақдос” ё “Китоби муқаддас”, тафсир шудааст. Баҳоиҳо бар инанд, ки Абраам – қабиларо, Моисей - мардумро ва Ҳазрати Муҳаммад миллатро муттаҳид намудаанд, Исои Масеҳ бошад барои поксозии қалби ҳар фард талош мекард. Дар таълимоти баҳоиҳо дар бораи охират ё зуҳур кардани Худованд чизе гуфта нашудааст, аммо он абадӣ будани рӯҳу ҷонро эътироф мекунад.

Баҳоиҳо бештар чун “боғбонҳои Худо” маъруфанд, зеро поягузории он Баҳоуллоҳ боғҳои сабзу гулпӯшро дӯст медошт ва пайваста такрор мекард,ки
“мо ҳама гулҳои як боғ ва баргҳои як дарахтем”. Зимнан, боғҳои бунёдкардаи баҳоиҳо дар шаҳри Хайфа ба феҳристи Бунёди Мероси ЮНЕСКО шомил карда шудаанд.

Баҳоиҳо рӯзе се бор намоз мегузоранд, дар охирин моҳи соли баҳоӣ, ки аз 19 моҳи иборат аз 19 рӯз иборат аст, рӯза мегиранд. Рӯзаи онҳо аз рӯзаи мусалмонҳо фарқе надорад, ба ҷуз он ки 19 рӯз идома мекунад. Дар дини баҳоӣ намози ҷомеъа роиҷ нест. Пайравони дин аз шаробу тамоку парҳез мекунанд. Дар “Ал-Китоб ал-Ақдос” ба сиёсат машғул шудани баҳоиҳо мамнӯъ шудааст.

Доктринаи иҷтимоии дини баҳоӣ аз 12 бахш иборат аст, ки аз сӯи Абдулбаҳо, писари калони Баҳоуллоҳ, ироа шудааст. Муҳимтарини онҳо – ягонагии ҳама инсонҳо, ҷустуҷӯи инфиродиии Ҳақ, созиши дину илм, баробарҳуқуқии зану мард, ғайбат накардани дигарон, сулҳу субот дар олам, омӯзиши иловагии як забони ҷаҳонӣ ва таъсиси додгоҳи ҷаҳонист. Ҳама одамон, бар пояи дини баҳоӣ, бояд бо муҳаббати Худо ва бо муҳаббат ба ҳамдигар зиндагӣ кунанд, зеро Муҳаббат шарти аслии пешрафту нумӯъ аст.

ПОСУХИ ОЗОР – МУҲАББАТ?

Шавкатхонум Мамедова, дабири маҳфили баҳоиҳои шаҳри Душанбе, мегӯяд, ки теъдоди пайравони Баҳоия дар Тоҷикистон тақрибан ҳазор нафар аст. Баҳоиҳо дар дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ – Ӯзбакистону Қирғизистон ва Қазоқистон ҳам ба сар мебаранд. Тибқи омори Кумитаи дини Ӯзбакистон, дар ин кишвар шаш созмони баҳоӣ фаъол аст. Вале, ба гуфтаи Музаффара Сатторова, як тан аз масъулини ҷамъияти баҳоиҳои шаҳри Маскав, солҳои ахир пайравони ин дин дар Ӯзбакистон мавриди таъқиб қарор доранд ва маҳз ба ҳамин хотир ӯ маҷбур шуд, ки Самарқандро тарк намояд.

Музаффара меафзояд, ки тақрибан 2 ҳазор баҳоии Русия асосан дар се шаҳр– Маскав, Санк-Петербург ва Новосибирск ба сар меберанд. “Маҳфилҳои баҳоиҳо дар Русия расман сабти ном шудаанд ва то ҳанӯз ҳодисаҳои таъқибу фишор болои онҳо мушоҳида нашудааст”, мегӯяд ӯ ва меафзояд, “агар моро озор ҳам диҳанд, ба он бо муҳаббат посух мегӯем”. Вале баҳоиҳо аз он маъюсанд, ки намояндагони дигар адён аз ҳамкорӣ бо онҳо парҳез мекунанд. Ба гуфтаи Музаффара, ҳарчанд аввалин пайравони ин дин дар Русия ҳанӯз солҳои 60-уми қарни 19 пайдо шудаанд, то имрӯз дар Маскав ё шаҳри дигари кишвар ибодатгоҳе мавҷуд нест, аз ин рӯ маҳфилҳову намозу ниёишро дар манзили нафаре аз пайравони дин баргузор мекунанд. Музаффара меафзояд, ки “аввалин ибодатгоҳи баҳоӣ дар қаламрави шӯравии собиқ дар Ишқобод бунёд шуда буд, аммо он кайҳо боз вуҷуд надорад, зеро онро тахриб карданд ва баъд аз он дар Туркманистон заминларза ба амал омад. Аммо ибодатгоҳҳои бузурги баҳоиҳо дар ҳама қитъаҳо бунёд шудаанд, бигирем, дар шаҳри Франкфурти Олмон ё ибодатгоҳи машҳури “Лотос” дар Ҳиндустон. Охирин ибодатгоҳи қоравӣ дар Чилӣ бунёд мешавад ва сохтмонаш идома дорад. Яъне, дар ҳар қора ибодатгоҳи бузурге бунёд шудааст, ки он ҷо на фақат баҳоиҳо, балки намояндагони дигар адёну мазҳабҳо ҳам омада намоз мегузоранд, зеро яке аз принсипҳои мазҳаби баҳоӣ – ягонагии ҳама динҳост”.

Музаффара дар шаҳри Самарқанд дар хонаводаи тоҷик ба дунё омадааст, аммо яке аз бибиҳояш рустабор аст. Ба гуфтаи ӯ, волидайнаш ҳарчанд атеист (даҳри)-янд, ба Худо эътиқод доранд. Музаффара ҳанӯз замони донишҷӯӣ дар Донишгоҳи давлатии забонҳои Самарқанд дини баҳоиро пазируфта буд.

Зимнан,Музаффара ва дигар баҳоиҳое, ки бо онҳо ҳамсӯҳбат шудем, мегӯянд, баъд аз ҷустуҷӯву пажуҳиши зиёд ба ин дин пайвастаанд. Вале иддаеро норозигӣ аз амалҳои мусалмонҳо барои пайвастан ба ин дин таҳрик додааст. Фирӯза Шамсиева, баҳоии муқими шаҳри Хуҷанд мегӯяд, “баъд аз ошноӣ бо дини баҳоӣ ман чӣ будани дини исломро ҳам фаҳмидам, ки он дини ҳақиқат аст, он чӣ ки Ҳазрати Муҳаммад пайғомбар гуфтаанд, ҳақиқат аст, аммо он чизе, ки ман дар амалҳои баъзе мусамлмонҳо мебинам ва мебинам, ки онҳо шартҳои исломро иҷро намекунанд, аз ин, албатта, сад афсӯс”.

БАҲОӢ САЗОВОРИ ҶОИЗА НЕСТ?

Аммо ҷомеъаи Тоҷикистон баҳоиҳоро то куҷо қабул дорад? Шавкатхонум Мамедова мегӯяд, ки ба назар мерасад касе аз пайи озору азияти онҳо нест, аммо тайи ду соли охир онҳо низ ба нишастҳои расмиву ғайрирасмӣ бо ширкати намояндагони дигар адён ё оид ба таҳаммулпазирии мазҳабӣ даъват нашудаанд. Вале Исфандиёр Ғуломов, ҳунарманди маъруфи тоҷик, хуб ёд дорад, ки солҳои пеш дар Тоҷикистон ҳадди аққал ду тан аз пайравони ин дин кушта шуданд. “Баъд аз солҳои 90-ум яке аз аҳибҳои мо оғои Муқаррабӣ, ки эронӣ буд, дар манзили худаш эъдом карданд. Афроди ношинос вориди утоқаш шуда, дастонашро бастанд ва болишетро рӯи синааш гузошта тир андохтанд. Аҳиби дуюм, ки низ эронӣ ва хело ҷавон буд, дар беруни шаҳр кушта шуд. Баҳоиҳоро таъқиб мекарданд, вале ҳоло, Худоро шукр, ба касе кор надоранд. Ё шояд намедонанд, ки онҳо ҳастанд..” – мегӯяд ҳунарманди маъруф.

Фаридун Ҳодизода, пажуҳишгари масоили мазҳабӣ, мегӯяд, ки ҳоле, ки бархе аз рӯҳониёни маъруфи тоҷик шиаҳо, аз ҷумла, исмоилиҳоро таҳаммул намекунанд, чӣ расад ба баҳоиҳо! Ӯ меафзояд, чанд нафар аз баҳоиҳоие, ки мешиносад, зиндагии ором дорад, аммо баҳоӣ будани худро ошкор намекунанд, зеро тарс аз афроди тундрав дар дилҳояшон боқист. Пажуҳишгар бар ин аст, ки ҷомеъаи Тоҷикистон ҳанӯз ҳам дар баробари мардуми дигар адён таҳаммулпазир нест. Аммо ба гуфтаи дигар пажуҳишгари масоили динӣ Саидаҳмади Қаландар, таҳаммулнопазирӣ дар ҷомеъаи Тоҷикистон хоси ҷавонон аст ва он ҳам тақрибан даҳ соли ахир ривоҷ ёфтааст.

Исфандиёр Ғуломов баҳоӣ будани худро махфӣ намедорад ва аммо баъзан дар сӯҳбатҳо мутаваҷеҳ мешавад, ки одамон аз ӯ мекебанд. Ба гуфтаи ҳунарманд, баъзе аз дӯстонаш гоҳҳо ҳадс мезананд, ки агар баҳоӣ намебуд, шояд соҳиби унвон ё ҷоизаҳои давлатӣ мешуд. Исфандиёр мегӯяд, ки акнун ба унвон эҳтиёҷе надорад, зеро “унвонро бо хуб ба он дунё намебарем-ку!” Ӯ меафзояд, ки аз сӯи тамошобинон хуш пазируфта шудани садҳо нақшаш дар театру кинову телевизионро беҳтарин подоши заҳматаш мехонад.

Миёни баҳоиҳо афроди маъруфу ашрофзодаҳое чун маликаи Руминия Мария, шоҳи Самоаи Ғарбӣ Малиетоа Танумафили 2, файласуф Вилям Ҳетчер, равоншиноси маъруф Нусрат Пизишкиён, шоира Изабелла Гриневская, варзишгар аз Австралия Кэти Фримэн низ ҳастанд. Нависандаҳо Лев Толстой ва Чингиз Айтматов, муаррихи маъруфи бритониёвӣ Арнолд Ҷозеф Тойибӣ ба дини баҳоӣ таваҷҷуҳи зиёд доштанд. Максим Горкий дар асарҳояш “Зиндагии Матвей Кожемякин” ва “Ду ҷон” аз дини баҳоӣ ёдовар шудааст.