Сокинони ноҳияи Восеъ ба истиқболи интихоботи миёндавраӣ ба Маҷлиси намояндагон ҳамон рӯҳияеро доранд, ки солҳои гузашта дар интихоботҳои ҳамсони дигар ҳавзаҳои Тоҷикистон эҳсос мешуд.
Ба қавли Зафар, як сокини ин ноҳия, алҳол дар фазои сиёсии ноҳия тағйире пеш наомадааст. Вай меафзояд, шояд як гуна ҷунбишҳо дар арафаи раъйдиҳӣ ба миён ояд, аммо ҳоло ҳама ҷо «рӯфтагиву об задагист»: «Мардум таваҷҷуҳ зоҳир намекунанд, ки кӣ ҳаст, чӣ ҳаст, парвое ҳам надоранд, ки ҳаминҳо – номзадҳо ҳастанд, нестанд, чӣ кор мекунанд. Бо мардум ҳамсуҳбат мешавем, аммо касе дар атрофи ин мавзӯъ суҳбат ҳам кардан намехоҳад, гап ҳам намезанад, гуё чунин маърака нест.»
Интихоботи миёндавраӣ ба Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҳавзаи интихоботии Восеъ 5 майи соли равон баргузор мешавад. То ба ҳол се тан – аз Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон Ибод Раҳматов, раиси ҷамоати Рӯдакии ноҳия, аз Ҳизби аграрии Тоҷикистон Зайниддин Сафаров, муовини директори агентии амволи махсус ва номзади мустақил, сарвари Маркази таҳлилии «Бозтоб», рӯзноманигор Раҷаби Мирзо номзадии худро пешниҳод кардаанд.
Дар сӯҳбат бо мо номзадҳо, ки ҳанӯз дар интизори сабти номанд, мегӯянд, рӯҳияи сиёсӣ дар ноҳия хуб аст ва аҳолӣ барои ширкати фаъол дар интихобот омодааст.
Раҷаби Мирзо, ки номзади ҳизби ҳоким ҳамдеҳаи ӯст, назарҳоро дар бораи пассив будани мардум рад карда, мегӯяд, ӯро маҳз даъвати мардум ва на хешу табор ба ин мубориза аз Душанбе ба Восеъ кашонд.
Вай афзуд: «Ҳамеша зидди он будам, ки як номзад аз ноҳияи худ пешниҳод шавад. Борҳо гуфтаам, ки то ба кай Муҳиддин Кабирӣ аз Файзобод, Шокирҷон Ҳакимов аз Конибодом, худораҳматиҳо Султон Қувват ва Самариддин Фазлиддинов аз Восеъ номзад пешниҳод мешаванд. Гӯё ин ҳавзаҳоро монополия карда буданд. Ин дафъа ҳатто хеле пеш аз интихобот маро худи интихобкунандагон даъват карданд, ки биё, номзадиатро гузор.»
Сабур Султонов, сарвари созмони ноҳиявии ҲХДТ, мегӯяд, ҳизбаш ба ин интихобот омодагии ҷиддӣ гирифтааст, зеро мехоҳад дигарбора боварии мардумро ба даст орад: «Ҳоло мо мунтазири сабти ном ҳастем. Ҳамин ки ҳавза номзади моро сабти ном кард, ба таблиғ шурӯъ мекунем.»
Дар интихоботи гузаштаи парлумонӣ дар ин ҳавза номзади ҳизби ҳоким ноком шуда буд. Рустам Латипов, номзади Ҳизби аграрии Тоҷикистон, ки мавқеи наздик ба ҳукумат дорад, он замон пирӯз омада, ҳоло иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия аст ва муборизаи навбатӣ барои курсии ӯ дар парлумон хоҳад буд.
Аммо коршиносон интихоботи Восеъро як ченаке ҳисоб мекунанд, ки иродаи сиёсии ҳукумати Тоҷикистонро барои баргузории як интихоботи шаффофу озод на танҳо дар сатҳи як ноҳия, балки дар тамоми кишвар муайян мекунад.
Саймуддин Дӯстов, сарвари созмони «ИНДЕМ», мегӯяд, қишри фаъоли ҷомеа аз ҳукумат тағйири ҷиддии иҷтимоиву сиёсиро интизоранд ва дар интихоботи Восеъ фурсати додани паёме ба тамоми қишрҳо, то созмонҳои байналмилалӣ фароҳам мешавад, ки ҳамчунин ирода дошта метавонад: «Ин интихобот нишон медиҳад, ки ҳукумат то куҷо метавонад ба як нафари озодандеш шароит фароҳам орад. Ин як имтиҳон хоҳад буд. Агар барои Раҷаби Мирзо ин шароит фароҳам оварда нашавад ва ҳатто номзадиашро сабти ном накунанд, интихоботи шаффоф нашавад, ин паёме ба нерӯҳои ислоҳталаб хоҳад буд, ки ҳукумат наметавонад ислоҳот кунад ва вақташ сар омадааст.»
Бархе аз коршиносон мегӯянд, интригаи интихоботи Восеъ ин хоҳад буд, ки то куҷо аҳзоби сиёсӣ дар арафаи интихоботи президентӣ метавонанд, сенарияи номзади ягонаро тамрин кунанд. Аммо ҷаноби Дӯстов чунин эҳтимолро рад карда, мегӯяд, аҳзоби мухолиф ба ҳамчунин иқдом қодир нестанд, зеро аз ҳоло эълон доштаанд, ки дар ин интихобот ширкат намекунанд ва ё пули ширкат дар ин корзорро надоранд.