Сактаи қалби Каримов ҳақиқат аст ё бозии нав?

Ислом Каримов.

Як сенатори узбак хабарҳо дар бораи бемории раисиҷумҳури Узбакистон Ислом Каримовро радд кард.
Вакили маҷлиси болоии парлумони Узбакистон Светлана Ортиқова имрӯз ба Озодӣ гуфт, вазъи Каримов олист ва ӯ метавонад дар иҷлоси рӯзи 28 марти Сенат ширкат кунад.

Сомонаҳои марбут ба мухолифини узбак гузориш додаанд, ки Каримов ҳафтаи гузашта ба сактаи ҷиддии қалб дучор шудааст. Ин сомонаҳо дирӯз бо такя ба манобеъе дар дохили ҳукумати Узбакистон вазъи Каримовро “сангин” ба қалам доданд. Аммо Гулнора Каримова – духтари президент дар саҳифааш дар Twitter навишт, ҳар касе ки мегӯяд, падари ӯ мариз аст, “бояд девона бошад.”

Гулнора таъкид кард, ки телевизион ҳафтаи гузашта қариб 20 дақиқа рақсидани Каримов дар ҷашни Наврӯз дар Тошкандро намоиш дода буд. Каримови 75-сола, раҳбари собиқи ҳизби коммунист, инак қариб 25 сол боз бар Узбакистон ҳукумат меронад.

Вале бо таваҷҷуҳ ба синни Каримов, ки 75-сола шудааст, бисёриҳо аз ҳоло ба ин меандешанд, ки оё дар сурати фавти ӯ тахти Узбакистон ба кӣ хоҳад монд? Ва оё Тошканд нақшаи интиқоли қудрат дар чунин ҳолатро дорад? Шореҳи бахши узбакии Радиои Озодӣ Садриддини Ашӯр мегӯяд, хабари маризии Каримов аз ҳоло муборизаи ворисҳои эҳтимолии тахту тоҷи ӯро доман задааст.


Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Гуфтугӯбо Садриддини Ашӯр, шореҳи бахши узбакии Радиои Озодӣ



Ба гуфтаи оқои Ашӯр, Каримов худ то ҳол касеро расман вориси худ эълон накардааст, вале дар маҳофил духтари ӯ Гулнора ва ҳамин тавр, сарвазир Шавкат Мирзиёев ва вазири молия Рустам Азимовро аз номзадҳои эҳтимолӣ ба мақоми раҳбарии Узбакистон дар сурати канор рафтан ё даргузашти Каримов медонанд.

Гулнора Каримова ахиран дар Twitter ба Рустам Азимов дарафтодааст, ки ба гуфтаи ӯ, назорати тамоми лоиҳаи муҳими иқтисодӣ дар кишварро ба дасти худ гирифта, аз ин ҳисоб сарватҳои бузург ҳам ҷамъ овардааст. Садриддини Ашӯр ин ҳамлаи катбиро низ аз аломатҳои шиддат гирифтани мубориза байни ворисони эҳтимолии Каримов мешуморад.

Аммо аз сӯи дигар, дар гузашта ҳам хабарҳо дар бораи бад шудани вазъи сиҳати Ислом Каримов на як бору ду бор дар матбуот ба сайр даромада буд, ки баъдан бо зуҳури дигарбораи ӯ дар мазҳари омм радд мешуд. Садриддини Ашӯр аз ин нигоҳ мегӯяд, шояд хабари ахир дар бораи гӯё дучори сактаи қалб шудани Каримов низ навъе бозиест, ки худи Каримов коргардониаш мекунад ва бо ин роҳ мехоҳад маълум кунад, ки оё кӣ дар дил орзуи расидан ба курсии ӯро дорад?

Ҳарчанд, Муҳаммад Солеҳ, аз мухолифони давлати Узбакистон дар хориҷ гуфтааст, ки хабари ахир дар бораи сактаи қалб шудани Ислом Каримов аз дохили маъмурияти ӯ ба даст омадааст ва назар ба хабарҳои қаблии раддшуда сиҳҳати бештар дорад.

РАҚСИ ИСЛОМ КАРИМОВ ДАР НАВРӮЗИ ИМСОЛА:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Рақси Ислом Каримов дар иди Наврӯз