Донишҷӯйдухтарони Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон дигар ҳақ надоранд, ки бо кафшҳои пошнапаст вориди донишгоҳ шаванд.
Ин амр бо дастури раиси ин донишгоҳ Абдуҷаббор Раҳмонов сурат гирифтааст.
Ин буд, ки субҳи рӯзи чоршанбеи 27-уми март, аксарияти донишҷӯйдухтароне, ки бехабар аз ин дастури раиси донишгоҳ бо пойафзоли пошнапаст ба дарс омаданд, иҷозаи вуруд ба донишгоҳро пайдо накарданд ва ночор ба хонаҳояшон баргаштанд.
Мавзуна ва Насиба, ду тан аз донишҷӯёни курси дуввуми ин донишгоҳ, ки бинобар доштани пойафзоли пошнааш паст ё ба қавле «мокасинка» аз дарс дур карда шуданд, аз ин фармони нави ректори донишгоҳ, ки барояшон ғайриинтизор буд, изҳори нигаронӣ карданд. Ба гуфтаи онҳо, қаблан барои напӯшидани либоси якранг аз ҷониби маъмурияти донишгоҳ танбеҳ мешуданд, аммо акнун аввалин бор барои пошнаи паст низ:
«Мо ба пойафзоли пошнапаст одат кардаем. Мо мехоҳем, ки пӯшидани пойафзол озодона бошад. Мо озод роҳ гардем. Чунки баъзе духтарҳо метавонанд пойафзоли пошнабаланд пӯшида, баъзеашон наметавонанд бо сабаби беморӣ. Аз нигоҳи тиб ҳам зарар дорад. Бархе духтарҳо ҳамин «мокасинка»-ро бо нархи 60-80 сомонӣ харидорӣ кардаанд. Боз маҷбур рафта пойафзоли пошнабаланд харанд? Охир баъзеи онҳо шароит доранд, баъзеашон не. Бо ин сабаб чанд рӯз аз дарс дур мешаванд. Боз барои ғоиб будан ҷанг мекунанд, боз хориҷ мекунанд.»
Ба монанди Мавзунаю Насиба имрӯз духтароне, ки бинобар пошнаи пасти пойафзолашон аз даромадгоҳи донишгоҳ иҷозаи вуруд пайдо накарданд, зиёд буданд. Ба қавли онҳо, худи ректор дар даромадгоҳи донишгоҳ истода, ҷараёни татбиқи ин дастурро назорат мекард.
Раҷабмоҳ Қосимова, раиси Шӯрои занони Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар суҳбат бо "Озодӣ" гуфт, фармони мазкур аз ҷониби ректори Донишгоҳи омӯзгорӣ Абдуҷаббор Раҳмонов дар асоси қарори мушовараи Вазорати маориф дар бораи сару либоси ягона, бароварда шудааст.
Вай афзуд, «Аз ин, ки мо омӯзгор тайёр мекунем, мехоҳем донишҷӯёни мо ҳамавақт зебову намунаи дигарон бошанд. Ҳоло духтарон пойафзолҳои «мокасинка» мепӯшанд. Якум ин ки ин намуди зоҳирии ҳамон духтарро дар ҳақиқат безеб мекунад. Барои ҳамин мо талаб кардем, ки пошнаи пойафзолашон як миқдор баландтар бошад. Чунки ҳам қадду қоматро хушрӯ нишон медиҳад, ҳам шахс ба худ як боварӣ пайдо менамояд.»
Ин ҳам дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон солҳои охир пӯшидани пойафзоли пошнапаст ба монанди «мокасинка» ва «тангем» муд шудааст ва бештари духтарон ба чунин пойпӯш бартарӣ медиҳанд.
Иттифоқан, Донишгоҳи омӯзгории ба номи Айнӣ баъди таътили Наврӯзӣ, на танҳо барои донишҷӯйдухтарон, балки барои писарон низ "сюрприз" омода кардааст. Писароне ҳам, ки сару либос ва пойафзолашон ба қавли мақомот барои як донишҷӯ "мувофиқ" набуд, аз дарвозаи донишгоҳ берун карда шуданд.
Фирдавс, як донишҷӯ, ки иҷозаи вурудро пайдо накарда буд, гуфт, «барои писарон дар ин донишгоҳ маҳдудият ин аст, ки бе галстук, шиму костюм ва пойафзоли «мокасинка» мумкин нест ба донишгоҳ омадан. Бояд ҳатман туфлӣ пӯшӣ. Ман куртаву галстук доштаму аммо костюм не. Ба ҷои он жемпер пӯшидам, аз донишгоҳ дур карданд. Ман аз ин рӯҳафтода нестам, ҳоло барои он ки вақтам беҳуда сарф нашавад, меравам ба китобхона ва фардо бо либоси тавсияшуда меоям. Вале ҳамин нороҳаткунанда аст, ки 6 соат аз дарс дур мешавам ва ғоиб мемонанд.»
Дастури зидди пойафзоли пошнапаст ин ақидаҳоро ҳам ба миён овард, ки чунин пойпӯш метавонад ба саломатии духтарон зарар расонад. Аммо бархе аз пизишкони тоҷик аз дастури раҳбарияти Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ истиқбол карданд ва пӯшидани кафшҳои баландиаш 3 сантиметрро барои ҳифзи саломатӣ мувофиқ донистанд,
Баҳодур Шамиев, осебшиноси тоҷик афзуд, «ҳадди аксар пошнаи пойафзол бояд 3-4 сантиметр бошад. Баъзе духтарҳо кафши пошнаборик ё «шпилка» мепӯшанд, ки ин аз меъёр зиёд аст. Дар натиҷа ба сутунмуҳра, зонуҳо, буғуми косу рон вазнинӣ мекунад, ки ба каҷшавӣ ва тағйирёбии шакли онҳо оварда мерасонад».
Баҳодур Шамиев ҳамчунин илова намуд, ки зарари кафшҳои бепошна аз пошнабаланд кам нест. Ӯ гуфт, чунин пойафзол ба тағйирёбии шакли кафи по ё худ ба бемории “ҳамворпошнагӣ” (плоскостопие) оварда мерасонад.
Дар ҳамин ҳол, номи Абдуҷаббор Раҳмонов, ректори донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон, ки бори аввал нест бо чунин амрҳову фармонҳои ғайримаъмулиаш вирди забонҳо мешавад, дода шудани чунин дастурро рад кардааст.
Дар гузашта, ҳангоми вазири маориф буданаш, ӯ ба донишҷӯён бо рӯсарӣ ва сипас бо риш ба дарс омаданро манъ карда буд, ки байни ҷомеа, вокунишҳои зиёдеро ба бор овард.
Ва фармони ахири ӯ дар мавриди бо кафши пошнабаланд омадани донишҷӯдӯхтарони донишгоҳи омӯзгорӣ ба таълимгоҳ ҳам дубора номи ӯро расонаӣ кард.