Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳодисаи нопадид шудан ва эҳтимоли истирдоди Умаралӣ Қувватов, раҳбари "Гурӯҳи 24" ва яке аз мухолифони ҳукумати феълӣ аз боздоштгоҳи муваққати Дубай рад кард.
Маҳмудалуло Асадуллоев, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, рӯзи панҷшанбеи 21 март ба радиои "Озодӣ" гуфт, «дар робита ба нопадид шудани Умаралӣ Қувватов аз боздоштгоҳи Дубай интерполи Тоҷикистон ба мақомоти амниятии Аморати Муттаҳидаи Араб ба таври расмӣ муроҷиат кард, ки дар посух мақомоти ин кишвар рӯзи чоршанбе навиштаанд, ки Умаралӣ Қувватов ғайб назадааст ва дар боздоштгоҳи муваққатии Дубай мунтазири мурофиаи додгоҳӣ аст.»
Сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо такя ба иттилои мақомоти Дубай афзуд, ки феълан аз ҳуқуқҳои Умаралӣ Қуватов як вакили дифои маҳаллӣ пуштибонӣ мекунад ва қарор аст, мурофиаи додгоҳӣ нисбати ин шаҳрванди Тоҷикистон ба таърихи 7 апрел оғоз гардад.
Масъулони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо он ки хабари нопадид шудани Умаралӣ Қувватов аз Дубай ва эҳтимоли истирдоди вай ба Душанберо бепоя медонанд, ҳамчунин мегӯянд, ки ин гуна хабарҳо бофта ва иғвои афроди манфиатдор аст.
Ду рӯзи қабл хабари нопадид шудани Умаралӣ Қувватов аз сӯи пайвандони ӯ садо дод. Қумрӣ Ҳафизова, ҳамсари Қувватов, ба радиои «Озодӣ» гуфт, ӯро шаби 14 март аз ҳуҷрае, ки қарор дошт, берун бурдаанд ва дигар маълум нест, ки куҷост.
Сухангӯи Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дирӯз эҳтимоли ба Душанбе оварда шудани Умаралӣ Қувватовро рад кард. Аммо дар соли 2005, вақте Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, раиси ҳизби демократ низ дар Маскав ғайб зад, мақомоти Душанбе мегуфтанд, ки аз сарнавишти ӯ хабар надоранд. Вале баъди чанде маълум шуд, ки Искандаровро ба таври то ҳол мармуз аз Маскав ба Тоҷикистон овардаанд. Соли гузашта соҳибкори тоҷик Низомхон Ҷӯраев низ дар Маскав ғайб зада, баъди чанд рӯз хабараш аз боздоштгоҳи Душанбе расида буд. Умаралӣ Қувватов дар Тоҷикистон ба қаллобӣ ва сирқати пул айбдор мешавад.