Созиш дар бораи интиқоли молу маводи нерӯҳои Бритониё аз Афғонистон тавассути қаламрави Тоҷикистон такмил шудааст ва Лондон умедвор аст, ки он тайи як ҳафта имзо мешавад.
Дар ин бора хабаргузории Интерфакс бо такя ба раиси бахши Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказии вазорати умури хориҷии Бритониё Колин Робертс иттилоъ додааст.
Дипломати бритониёвӣ афзудааст, ки мақомоти Тоҷикистон дар кишвар гузоштани бархе аз таҷҳизоти низомии дар ҷанги Афғонистон истифодашударо талаб накардаанд. Қарор аст, ки Бритониё аз Афғонистон 11 000 контейнер ва се ҳазор зиреҳпӯшро берун кунад.
Колин Робертс гуфтааст, ки гап фақат сари интиқоли молу мавод ва зиреҳпӯшҳо меравад. “Дар бораи хуруҷи низомиён аз тариқи хоки Тоҷикистон мо созише имзо накардаем”, афзудааст дипломат.
Як моҳ пеш вазорати умури хориҷии Тоҷикистон хабар дод, ки Душанбеву Лондон мавзӯи интиқоли молу маводи низомии Бритониё аз Афғонистон тавассути қаламрави Тоҷикистонро баррасӣ мекунанд ва Душанбе барои гуфтушунид бо дигар кишварҳои узви НАТО, ки низомиёнашонро аз Афғонистон берун мекунанд, омода аст.
Колин Робертс афзудааст, ки Бритониё бо дигар кишварҳои Осиёи Марказӣӣ ҳам созиш дар бораи интиқоли молу мавод аз Афғонистонро таҳия мекунад. Қарор аст, ки Бритониё соли равон 2,8 ҳазор ва соли оянда 5,2 ҳазор афсару сарбозашро аз Афғонистон берун кунад. Нерӯҳои байнулмилалии таҳти фармони НАТО бояд то охири соли 2014 таъмини назорат дар ҳама манотиқи Афғонистонро бар дӯши кормандони полису низомиёни маҳаллӣ гузоранд.
20 феврали соли равон ёвари вазири умури хориҷии ИМА дар масоили Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Роберт Блейк изҳор намуд, ки Вошингтон барои хуруҷи нерӯҳояш аз Афғонистон аз сохторҳои Тоҷикистон истифода нахоҳад кард.
Тули марзи миёни Тоҷикистону Афғонистон 1344 километр аст.