Қарордоди пойгоҳи 201 ба Думаи давлатӣ рафт

Гашти низомии нирӯҳои пойгоҳи 201(Акс аз бойгонӣ)

Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин созишнома дар мавриди тамдиди замони ҳузури пойгоҳи 201-уми артиши Русия дар Тоҷикистонро барои тасвиб ба Думаи давлатӣ супурдааст. Ин қарордод моҳи октябр зимни сафари Путин ба Душанбе имзо шуда, ҳузури пойгоҳи Русияро дастикам то соли 2042 тамдид мекунад. Русия дар иваз бо имзои ду созишнома барои муҳоҷирони тоҷик дар қаламраваш чанд сабукӣ дода, бояд боҷи гумрукиро аз фурӯши то 1 миллион тонна маводи сӯхташ ба Тоҷикистон дар соли равон бардорад. Аммо ин ваъдаҳои Русия ҳанӯз ба ҳукми иҷро надаромадаанд. Пойгоҳи 201 қариб 7000 нирӯ дошта, ба ҳисоби Пажӯҳишгоҳи байналмилалии мутолиоти стротегӣ, аз нигоҳи таслиҳот 10 маротиба муқтадиртар аз артиши Тоҷикистон будааст.