Президент Раҳмон аз зиёиён даъват кард, ки дар ҳамкорӣ бо давлату ҳукумат фаъолтар бошанд.
Рӯзи 20-уми март Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи бинои «Осорхонаи миллӣ» дар яке аз толорҳои он бо зиёиёни кишвар мулоқот кард.
Вай дар паёмаш «таҷдиди фикру андешаи умумимиллӣ»-ро рисолати муҳими зиёиён номид ва аз эшон даъват кард, ки «чеҳраҳои одамони даврони истиқлолро дар илм, адабиёт ва театру кино» ҳар чӣ бештар инъикос кунанд ва бо кору пайкори худ истиқлолиятро чун муқаддастарин дастоварди миллат ҳифз намоянд.
Мулоқоти имсола низ аз паёми президент ва суолу ҷавоби ӯ бо зиёиён иборат буд, вале ба фарқ аз солҳои пеш ин гуфтугӯ дар телевизионҳои давлатӣ мустақиман пахш нашуд. Зимни суолу ҷавоб бо президент Раҳмон таваҷҷӯҳи ӯро ба чанд масъалаи илму фарҳанг ҷалб карданд. Аз ҷумла яке аз масъулони Сарредаксияи энсиклопедияи тоҷик Анвар Сулаймонӣ гуфт, ки дар мулоқотҳои қаблӣ худи президент барои таҳия ва нашр кардани энсиклопедия ва ё донишномаи кӯдакона дастур дода буд.
Аммо то ҳол масъалаи таъмини моли ин тарҳ ҳал нашудааст: «Шумо гуфта будед нақшаро кашед, мо кӯмак мекунем, то ки ин кор анҷом шавад. Мо нақшаро таҳия кардем ва ин лоиҳаи моро 18 вазоратхонаю муасисаҳо дуруст шумурда пазируфтанд. Аммо мо забони як вазоратхонаи асосиро наёфтем, вазорати молияро. Агар Шумо забони ин вазоратро наёбед, мо намеёбем.»
Ба гуфтаи ҷаноби Сулаймонӣ, барои иҷрои ин тарҳ ба камиаш яку ним миллион сомонӣ зарур будааст.
Дар посух ба ин суол президент Раҳмон гуфт, ки гап дар мавриди маблағ не, балки усули масраф шудани он меравад. Президент аз таҷрибаи худаш ёдовар шуд, ки барои харидории таҷҳизоти тиббӣ барои як беморхона дар ноҳияи Фархор ду миллион сомонӣ маблағ ҷудо кардааст, аммо масъулон аз ин миқдор пул 800 ҳазор сомониашро ба ҷайбашон задаанду ба маблағи боқимонда мошинҳои кӯҳнаи ёрии таъҷилиро ранг карда ба ин беморхона бурдаанд.
Зимни ин муколама Эмомалӣ Раҳмон ба Анвар Сулаймонӣ машварат дод, ки роҳи тиҷоратро низ каме истифода бурда, аз ҳисоби фурӯши китобҳои нашршуда қисме аз масрафоти хешро ҷуброн кунанд. Сулаймонӣ дар посух ба ин машварати президент гуфт: «Гап дар сари он аст, ки ҳамин як соли охир ман худам нони қоқу об мехӯрам. Баъд аз ба кор омадан ба энсиклопедия 12 килограм хароб шудам.
-Бисёр муболиға кардӣ да акнун! (президент)
-Шоҳидҳо ҳастанд раиси арҷманд!
- Агар дар харобӣ гирем ба устод Мумин Қаноат ҳеҷ кас баробар намешавад!».
Ҳамчунин зимни суолу ҷавоб роҳбари Иттиҳодияи рассомони Тоҷикистон Фаррух Хоҷаев дар мавриди тақдири моликияти хусусишудаи ин иттиҳодяи аз президент пурсон шуд. Эмомалӣ Раҳмон дар посух ба ин суол гуфт, ки кулли моликияти ин иттиҳодия дар асоси қонун тадриҷан ба рассомон баргардонида хоҳад шуд.
Дар поёни суолу ҷавоб президент Раҳмон аз саховатпешагии афроди дорои кишвар ситоиш кард, ки дар остонаи ҷашни Наврӯз аз ҳоли маъюбону бепарасторон хабар гирифта ба онҳо кӯмакҳои моддӣ расонданд. Дар ҳамин росто Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки баъди ҷанги шаҳрвандӣ даҳҳо ҳазор кӯдак дар Тоҷикистон ятим монд ва бархе аз сиёсатмадорон ба ӯ пешниҳод кардаанд, ки бигзор имконият дода шавад то ин ятимонро шаҳвардони кишварҳои хориҷ ба фарзандӣ қабул кунанд.
Аммо Эмомалӣ Раҳмон гуфт вай муқобили ин пешниҳод баромад ва нагузошт то ятимони тоҷикро ба хориҷа баранд. Президент ёдовар шуд, ки ба як корманди вақти Бонкӣ Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон низ, ки хоҳиши ба фарзандхонӣ гирифтани як тифли тоҷикро кардааст, чунин имконият дода нашуд. Ба гуфтаи президент, маҳз ҳамин корманди Бонки ҷаҳонӣ ҷандин лоиҳаҳои пешниҳодкардаи Тоҷикистон ба Бонки ҷаҳониро рад мекардааст. Манзур ин буд, ки кишвар зарари молӣ дид, аммо кӯдакашро ба бегонагон надод.
Бисёре аз суханони президент мавҷи кафкӯбиҳоро ба бор меовард ва даҳҳо нафар аз ширкаткунандагони мулоқот саволе надоштанд ва танҳо барои мадҳу ситоиши раисиҷумҳур ва таъкид ба садоқати худ ба сухан мебаромаданд.