Порлумони Тоҷикистон бо ислоҳи Кодекси ҷиноӣ, шеваҳои мубориза бо пулшӯиро мукаммалтар кардааст.
Ин охирин марҳалаи такмили қонунгузории Тоҷикистон дар самти мубориза бо шустушӯи пул буд, ки низ анҷом шуд.
Абдуҷаббор Ширинов, раиси Бонки миллии Тоҷикистон, ки ба ин муносибат меҳмони ҷаласаи парлумон буд, гуфт, ин тағйиру иловаҳо бо тақозои Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии муқовимат ба пулшӯӣ, ё FATF (Financial Action Task Force on Money Laundering) сурат мегирад.
Вай афзуд, Тоҷикистон то ба ҳол ба далели номукаммалии қонунгузориаш дар ин соҳа, таҳти реҷаи махсуси ин ташкилот қарор дошт ва тағйирот ба Кодекси ҷиноӣ реҷаи муқаррариро дар пай хоҳад дошт: «Далели таҳти ин реҷа қарор гирифтани мо ин буд, ки вақте узви Гурӯҳи Авруосиёи FATF шудем, заминаҳои қонунгузории мо умуман вуҷуд надошт. Аз ин хотир, бо тақозои Бонки Ҷаҳонӣ ва Сандуқи байнулмилалии пул таҳти муроқибати ин созмон будем, ки то куҷо қонунгузории онҳоро риоя мекунем.»
Тоҷикистон аз соли 2004 узв ва асосгузори Гурӯҳи Авруосиёи Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии муқовимат ба софкории пул, ё FATF (Financial Action Task Force on Money Laundering) буд.
Аммо Муҳаммадалӣ Ватанов, раиси Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон гуфт, мушкил дар он буд, ки қонун соли 2010, аммо Кодекси ҷиноӣ соли 1999 қабул шудаанд. Вай афзуд, моҳи апрели соли 2012 ба Кодекси ҷиноӣ тағйир ворид кардем, аммо қабул нашуд. Ҷаноби Ватанов гуфт, бо назардошти тавсияҳои FATF, ҳоло моддаҳои 179 – терроризм, 180 – иттилои бардурӯғ дар бораи терроризм тағйир хӯрданд, аммо тағйироти асосӣ дар моддаи 262 – и Кодекси ҷиноӣ ба амал омад:
«Мо инро нишон додем, ки агар даромаде, ки бо роҳи ҷиноӣ ба даст омадааст, дар шакли соф ҳам бошад, агар ошкор шавад, ба нафъи давлат мусодира мешавад. Агар ин маблағ барои харидории иншоот истифода шудааст, иншоот мусодира мешавад. Ё агар бо маблағи дигар омехта шуда бошад, ҷудо ва мусодира мешавад. Хулоса, ҳадаф ин аст, ки маболиғи ҷиноӣ аз муомилот бароварда ва мусодира шавад, то онҳо барои сармоягузории терроризм истифода нашаванд.»
FATF - Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии муқовимат ба софкории пул як созмони байниҳукуматиест, ки соли 1989 аз сӯи «Ҳафтгонаи бузург» ташкил шуда, 34 кишвари аъзо дорад ва бо коркарди меъёрҳои ҷаҳонии роҳҳои мубориза бо софкории пул ва маблағгузории терроризм машғул аст.
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, акнун қонунгузории Тоҷикистон бо меъёрҳои ҷаҳоние, ки аз сӯи FATF муайян шудаанд, пурра мутобиқ шуд.
Аммо коршиносон мегӯянд, ҳарчанд такмили қонунгузорӣ ба нафъи кор аст, иҷрои амалии талаботи он дар шароити феълӣ мушкил хоҳад буд. Давлатмурод Ҷумъаев, коршинос дар умури иқтисод мегӯяд, агар қочоқбар маводи мухаддир мефиристад, дар пайи он ягон маводи хӯрока, сохтмонӣ ё дигар мол
мегирад ва ё ин маблағҳо ба минтақаҳои оффшор гузаронида мешаванд ва аз он ҷо дар шакли сармоя меоянд:
«Мутахассисони хеле варзида заруранд, ки манобеи пули ҷиноиро ошкор кунанд. Инро фаҳманд, ки ин пул маҳз барои шустан ва қонунӣ шудан интиқол ёфтааст. Зеро ин гурӯҳҳо бар асоси шартномаҳо кор мекунанд, ҳама кори худро қонунӣ иҷро мекунанд, аммо манбаи пайдоишаш тамоман чизи дигар аст. Ин қонун барои Тоҷикистон зарур аст, аммо барои оянда.»
Ниҳоди нозири гардиши маблағҳо тариқи бонкҳо дар Тоҷикистон, Департаменти мониторинги назорати молиявии Бонки миллӣ аст. Ба гуфтаи Абдуҷаббор Ширинов, ин ниҳод маблағи боло аз 100 ҳазор долларро мавриди омӯзиш қарор медиҳад, аммо то ба ҳол дар Тоҷикистон ҳамчунин мавриде, ки маболиғи ҷиноӣ аз ҳисоби фурӯши маводи мухаддир, ё аслиҳа ошкор шуда, барои маблағгузории терроризм истифода шуда бошад, ошкор нашудааст.
Ин ҳам дар ҳолест, ки СММ мегӯяд, ҳудуди 20 дарсад маводи мухаддири Афғонистон тариқи Тоҷикистон содир мешавад. Ба ақидаи таҳлилгарон, то замоне ки муборизаи зидди фасод дар кишвар ба натиҷаҳои ҷиддӣ нарасидааст, ифшо ва пешгирӣ аз гардиши маблағҳои ҷиноӣ мушкил ва камсамар хоҳад буд.