Амрико Шаҳритусро обёрӣ мекунад

Иттиҳодияи истифодабарандагони оби «Наврӯз» дар ноҳияи Шаҳритус, барои беҳсозии вазъи иҷтимоии беш аз 22 ҳазор сокини деҳоти дурдаст ва обёрии 2700 гектар замини кишоварзӣ, мусоидат хоҳад кард.
Ин иттиҳодия бо сарфи 48 ҳазор доллари амрикоӣ дар чаҳорчӯби барномаи USAID «Дастгирии хоҷагиҳои деҳқонии оилавӣ» таъсис ёфтааст. Дар маросими ифтитоҳи бинои иттиҳодия Сюзан Эллиотт, сафири Амрико дар Тоҷикистон ва Кэтлин МакДоналд, сарвари USAID дар Тоҷикистон, ширкат варзиданд.

Сафири ИМА гуфт, барномаи «Дастгирии хоҷагиҳои деҳқонии оилавӣ» аз ҷониби ҳукумати Амрико пуштибонӣ шуда, беш аз 20 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистонро фаро мегирад. «Ҳукумат ва раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳам аз ин барнома дастгирӣ кардаанд. Мақсади муштараки мо баланд бардоштани ҳосилнокӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва мусоидат дар таъмини амнияти ғизоӣ мебошад», - зикр кард хонум Эллиотт.

Нуридин Садриддинов, муовини раиси ноҳияи Шаҳритус, гуфт, 224 хоҷагии хурду бузурги деҳқонии ноҳия шомили иттиҳодияи истифодабарандагони оби «Наврӯз» буда, умед аст, ки иттиҳодия барои обёрии босифати заминҳои кишти хоҷагиҳои деҳқонӣ мусоидат мекунад. Бо таъсиси иттиҳодияи «Наврӯз», шумораи созмонҳои истифодабарандагони об дар ноҳияи Шаҳритус ба 11 адад расид:

«Ҳоло ҳаҷми қарзи истифодаи об дар ноҳияи Шаҳритус аз марзи 4 миллион сомонӣ гузаштааст ва дар сурати кори муассири итиҳодияҳои истифодабарандагони об, имкон дорад, ки ояндаи наздик вазъи обёрии заминҳои ноҳия беҳтар шуда, қарзи ғуншуда пардохт мегардад».

Дар пайи маросими ифтитоҳи бинои Ассосиатсияи истифодабарандагони оби «Наврӯз», занони маҳаллӣ аз деҳаи Пахтаобод аз сафорати Амрико ва масъулони созмони USAID хостанд, ки дар таъмини оби софи нӯшиданӣ мусоидат кунанд. Онҳо зикр карданд, ки ночор аз оби ифлоси ҷӯйбор истифода мекунанд, ки боиси бурузи бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла домана ва вараҷа, дар миёни сокинони деҳотҷой шудааст.

Кэтлин МакДоналд, сарвари USAID дар Тоҷикистон, гуфт, ба ин мавзеъ махсус барои шиносоӣ бо вазъи иҷтимоии мардум омадааст ва дархости сокинони маҳаллиро мавриди баррасӣ қарор дода, талош хоҳад кард, ки ин мушкил ба таври мусбат ҳал шавад.