Издивоҷ бо яҳудӣ “ҳафт пушт”-ро месӯзонад?

Як ақидаи хурофотӣ ҳазорон дилдодаҳоро аз бунёди хонаи бахт маҳрум сохтааст
Зоҳир, як ҷавони тоҷик, мегӯяд, ки ишқи аввали ӯ ғураи сармозада шуд. Соли аввали донишҷӯӣ дар пойтахт ишқи ҳамсабақи бадахшияш ӯро шефтаву шайдо кард. Бо Хонум, духтари бадахширо ҳамсабақҳо кӯтоҳ ҳамин гуна ном мебурданд, фақат баъд аз чанд моҳ дар танҳоӣ мулоқот кард ва фаҳмид, ки ӯ ҳам нисбати ҷавони кӯлобӣ бетафовут нест. Онҳо ишқи худро аз дигарон махфӣ нигаҳ доштанд ва аҳд карданд, ки ҳамсабақҳоро фақат рӯзи тӯй аз моҷарои ишқашон огаҳ мекунанд.

Аммо кор то ба тӯй накашид, мегӯяд Зоҳир, зеро на падару модари ман розӣ шуданд ва на падару модари Хонум. Падари Хонум гуфтааст, ки духтараш бояд фақат бо ҷавони бадахшӣ ва аз он ҳам аз табори худашон оиладор шавад. Дар хонаи мо ҳам касе ба ин ақд розӣ нашуд, бибиям гуфт, ки агар бо шиа хонадор шавам, ҳафт пӯшт авлодамон месӯзад”.

Зоҳир, ки ҳоло дар шаҳри Сургути Русия дар ғурбат ба сар мебарад, меафзояд, ки тобистон Хонум ба Бадахшон рафт ва дигар барнагашт. Ӯ ҳам донишгоҳро партофта, рӯ ба ҳиҷрат ниҳод.

МАН БАРОИ ИШҚ МУШТ ХӮРДААМ...”

Музаффар Олимов, раиси маркази таҳлилии “Шарқ” мегӯяд, ақидае, ки агар суннимазҳаб бо яҳудӣ, ҷӯгӣ ва шиамазҳабҳо издивоҷ кунад, "ҳафт пушташ месӯзад”, дар шаҳрҳо тақрибан аз байн рафтааст ва аммо миёни мардуми бархе аз манотиқи кӯҳистон ҳанӯз ҳам маъмул аст. Дар ин манотиқ баъзе хонаводаҳо мардуми ғайр як сӯ, ҳатто ба ҷавони деҳаи ҳамсоя ҳам духтар намедиҳанд. Онҳое ҳам ҳастанд, ки фақат бо қавми худ, яъне бо холаву амаку тағову аммаи худ қудо мешаванд.

Аммо, меафзояд Музаффар Олимов, замона тағйир меёбад ва никоҳҳои байниқавмӣ рӯз то рӯз бештар мешаванд. Ду даҳсола пеш никоҳи ҷавон ё духтари тоҷик бо амрикоӣ ё аврупоӣ “сенсатсия буд”, ҳоло бошад, ба як амри маъмулӣ табдил шудааст. Ба гуфтаи ҷомеъашинос, солҳои ахир издивоҷ бо занҳои рус афзоиш меёбад. Замони шӯравӣ ҳам мардҳои тоҷикҳо бо хонумҳои русҳо зиёд издивоҷ мекарданд, аммо он издивоҷ бештар ба хотири боло рафтан аз зинаҳои мансаб буд – шахсе, ки ҳамсари рус дошт, бештар мавриди эътимод буд ва назар ба дигарҳо беҳтар “месабзид”. Он солҳо бозори арӯсҳои тотор ҳам гарм буд, зеро он аз як сӯ русзабон ва аз сӯи дигар мусалмон буданд.

Музаффар Олимов, раиси маркази таҳлилии "Шарқ"

Вале он айём издивоҷи суннимазҳаб бо бадахшӣ ангуштшумор буд. Як донишманди тоҷик, ки аз ифшои номаш худдорӣ кард, мегӯяд, аз як сӯ, волидайни суннимазҳаб духтари бадахширо ба хонаи худ роҳ намедоданд, зеро мегуфтанд, ки “бадахшиҳо шиа ҳастанд ва аз никоҳ бо онҳо ҳафт пӯшт авлодашон месӯзад”.

Аз сӯи дигар, меафзояд ӯ, ҷавонҳои бадахшӣ духтарони “ҳамшаҳрӣ”-и худро таҳти назорат доштанд ва агар ҷавоне аз дигар минтақа талоши наздикӣ бо духтари бадахширо мекард, мавриди хушунат қарор мегирифт. Борҳо миёни бадахшиҳову сокинони дигар мавзеъ барои духтарҳо бархӯрдҳо сурат гирифтаанд. Мусоҳиби мо, ки хонумаш бадахшӣ аст, низ боре мавриди ҳамлаи “помириҳо” қарор гирифт ва, ба гуфтаи ӯ, хушбахтона, ҳамсабақҳояш сари вақт огаҳ шуда, наҷоташ доданд.

АРӮС АЗ МАСКАВ, ДОМОД АЗ БЕРЛИН...

Музаффар Олимов мегӯяд, ҳоло ҷавонону мардҳои тоҷик бештар бо ҳадафи пайдо кардани кор ва дарёфти шаҳрвандии Русия бо духтарони рус издивоҷ мекунанд. Дар Русия, меафзояд ӯ, тоҷикҳо ба хотири фардои фарзандонашон ба издивоҷи онҳо бо дигар қавмҳои бумӣ ҳам иҷоза медиҳанд. Ба гуфтаи ҷомеъашинос, албатта, миёни онҳо ҷавононе ҳам зиёданд, ки мубталои ишқи русдухтар шудаанд.

Ба назар мерасад, ки мақомоти Русия ҳам аз афзоиши издивоҷи духтарони бонувони маҳаллӣ бо муҳоҷирон истиқбол мекунанд, зеро он боиси болоравии мизони таваллуд дар кишвар мешавад. Чанд рӯз пеш хабаргузории Европейско-Азиатские Новости иттилоъ дод, ки бори аввал дар 20 соли ахир дар вилояти Свердловск мизони таваллуд назар аз мизони фавт афзоиш ёфт - соли гузашта дар вилоят 62076 нафар ба дунё омада, 60001 нафар оламро тарк намудаанд.

Мудири идораи ЗАГС-и вилояти Свердловск Татяна Кузнетсова инро аз “баракат”-и муҳоҷирон аз Тоҷикистону Озарбойҷон донистааст. Агар ду сол пеш дар вилоят 856 ақди никоҳи “байнулмилалӣ” сабт шуда буд, пас соли 2012 шумораи ин никоҳҳо ба 1038 расид.

Музаффар Олимов меафзояд, ки солҳои ахир издивоҷ бо ҷавонҳои мусалмони Чин ва шаҳрвандони Эрон ҳам зиёд ба мушоҳида мерасад. Вале, ба гуфтаи ҷомеъашиносон, никоҳ бо ӯзбакҳои муқими Ӯзбакистон коҳиш меёбад ва сабаби аслии ин солҳо боз ҷорӣ будани раводид миёни ду кишвар аст.

Ромин Ҳодизода, мудири Конуни ба номи Муҳиддин Олимпур, ки бо хонуми эронӣ Элико издивоҷ кардааст, мегӯяд, ки воқеъан ҳам дар ин авохир издивоҷ миёни тоҷикҳову эрониҳо хело зиёд шудааст. Ба гуфтаи ӯ, “албатта, ҳамаи ин издивоҷҳо муваффақ нестанд, аммо бештари хонаводаҳо хушбахту соҳиби фарзанданд”.

Ромин мегӯяд, ки дар издивоҷи худи ӯ бо духтари эронӣ ҳеҷ мушкил пеш наомад, зеро ба хотири ҳамнажоду ҳамзабону ҳамфарҳанг будан якдигарро бегона намехонданд. Ромин меафзояд, ки ӯ бо хонумаш дар маҳфиле дар хонаи як дӯсташ ошно шуд ва баъд аз чанд муддат ин ошноӣ ба ишқу алоқа табдил гардид. Баъде, ки модари Элико бо домоди ояндааш ошно шуд ва модари Ромин ҳам ризоят дод, онҳо бо ҳам издивоҷ карданд

“АВВАЛ ДИН, БАЪД БОЛИН!”

Коршиносон мегӯянд, ки таври маъмул, ҷавонони тоҷик қабл аз никоҳ дар назди номзадашон аз дигар адён шарт мегузоранд, ки бояд ҳатман дини исломро бипазиранд. Зимнан, замони шӯравӣ ҳам бештари занони русе, ки барои омӯзгорӣ ё кор дар бемористонҳо аз Русия ба деҳоти Тоҷикистон рафта буданд, баъд аз издивоҷ бо мардони маҳаллӣ дини исломро қабул кардаанд. Аммо солҳои ахир шумораи ҷавонҳо ва духтароне низ меафзояд, ки дар Русия хонадор мешаванд ё дили худро ба ҷавони аврупоӣ тақдим мекунанд, вале дину мазҳаби дилдодаашон барояшон муҳим нест. Зоҳир мегӯяд, бархе аз духтарони эътиқодманди рус фақат дар ҳоле барои издивоҷ бо марди мутааллиқ дини дигар розӣ мешаванд, ки ӯ мазҳаби православиро бипазирад.


Амрӣ Аминов, пайкарасози тоҷик

Амрӣ Аминов, муҷассамасози тоҷики муқими Порис мегӯяд, ки хонумаш аз мардуми фин аст, аммо баъд аз издивоҷ бо хоҳиши худаш дини исломро қабул кардааст. Ба гуфтаи ӯ, дар Фаронса эрониҳо никоҳ бо мардуми маҳаллиро тарҷеҳ медиҳанд. Амрӣ меафзояд, ҷолиб он аст, ки хонумҳои фаронсавӣ ё дигар миллатҳо баъд аз издивоҷ бо эрониҳо забони форсиро меомӯзанд ва бо он хело олӣ ҳарф мезананд. Аммо арабҳои Фаронса бештар бо ҳамқавму ҳаммазҳабҳои худ издивоҷ мекунанд.

Хонум Фарнӯши Ром, як хабарнигори эронӣ, ки солҳои зиёд дар шаҳри Байтулмуқаддас ба сар мебарад, низ мегӯяд, ки дар Исроилу Фаластин никоҳи миёни арабҳову яҳудиҳо тақрибан вуҷуд надорад. “Таассубе, ки махсусан аз сӯи арабҳои мусалмон мавҷуд аст нисбати издивоҷ, ҳаргиз иҷозаи наздик шудани ҷавононро ба тарафи яҳудиҳо намедиҳад. Дар сӣ соли ахир теъдоди мавориди никоҳ миёни арабу яҳудӣ, ки ман шунидаам, ба теъдоди ангуштони як даст ҳам намерасад ва онҳо ҳам комилан расонаӣ ба ҷанҷолҳои бузурге мубаддал шуда буданд. Ҳатто ҳодисае рӯй дод, ки фаластиниҳо як пайвандашонро барои фақат ошиқ шудан ба духтари яҳудӣ куштаанд”, мегӯяд Фарнӯш. Ӯ меафзояд, ки “дар Ховари Миёна урфҳои иҷтимоӣ аз арзишҳои динӣ волотаранд ва маҳз волояти урфҳои иҷтимоӣ дар ду ҷониб ба никоҳи байни арабу яҳудӣ иҷоза намедиҳанд”.

“СӮХТАНИ ҲАФТ ПУШТ” ХУРОФОТ АСТ?

Мавлавӣ Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, донишманди илми фиқҳ, мегӯяд, ақидае, ки агар фарди мусалмон, аз ҷумла, суннимазҳаб бо яҳудӣ ё ҷӯгӣ ё шиамазҳаб издивоҷ кунад, "ҳафт пушташ месӯзад, хурофот аст ва ягон асоси фиқҳӣ ва шаръӣ надорад. Ба гуфтаи ӯ, “мафҳуми “ҳафт пӯшт месӯзад” агар ба маънои дар дӯзах сӯхтан бошад, ягон инсони боақл инро ҳукм карда наметавонад... Ин як хурофот аст, дар дини мо ягон ишорае нест, дар ягон ҷо надидем, ки ин чиз манъ шуда бошад, вале иҷоза ҳаст, ки мусалмон бо аҳли Китоб якҷоя зиндагӣ кунад. Яъне, бо онҳое, ки имон ба як китоби осмонӣ доранд, китобҳое, ки ба Пайғомбарҳо нозил шудааст, мисли “Таврот” барои Ҳазрати Мӯсо, “Забур” барои Ҳазрати Довуд, “Инҷил” барои Ҳазрати Исо ва “Қуръон” барои Ҳазрати Муҳаммади мустафо. Дар “Қуръон” барои мусалмонҳо никоҳ бо аҳли Китоб иҷоза дода шудааст”.

Мавлавӣ Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, донишманди улуми исломӣ.

Зимнан, дар Тоҷикистон то ҳол ҷӯгиҳо ба тоифае шомиланд, ки мардуми маҳаллӣ аз издивоҷ бо онҳо парҳез мекунанд. Худи ҷугиҳо низ фақат бо ҳамдигар пайванди хешутаборӣ доранд. Вале Мавлавӣ Муҳаммадалии Файзмуҳаммад мегӯяд, ки издивоҷ бо ҷӯгиҳо ҳам равост, зеро онҳо дини исломро пазируфтаанд.

Дар ҳамин ҳол Саодат Амиршоева, вакили парлумони Тоҷикистон мегӯяд, ки мушкил дар никоҳ бо афроди дигар миллату мазҳаб, балки дар издивоҷ бо хешовандони наздик аст. Ӯ ахиран пешниҳод кардааст, ки издивоҷи хешутаборӣ аз роҳи қонун манъ карда шавад. Саодат Амиршоева ба мо гуфт, ки пешниҳодаш дар чаҳорчӯби ворид кардани тағйироту иловаҳо ба Кодекси оила дар нишасти ахири Шӯрои Маҷлиси намояндагон, палати поёнии порлумон пазируфта шуд ва ба ин хотир як гурӯҳи корӣ аз ҷумлаи вакилони Маҷлиси намояндагон ташкил гардид. Ба гуфтаи ӯ, мусаллам аст, ки издивоҷи хешутаборӣ боиси ба дунё омадани фарзандони маъюбу носолим мегардад.

Оморҳои расмӣ ҳокист, ки 50 дарсади кӯдаконе, ки дар пайи издивоҷи хешутаборӣ ба дунё меоянд, мубталои бемориҳои мухталифи ирсӣ ҳастанд ва танҳо 25 дарсади онҳо солиманд. 25 дарсади кӯдакони ин гуна хонаводаҳо, гирифтори бемориҳои модарзодӣ ҳастанд. Ба гуфтаи хонум Амиршоева, аз идомаи ин раванд фақат аз роҳи қонунӣ ва бо муқаррад кардани муҷозот барои никоҳи хешутаборӣ метавон ҷилавгирӣ кард. Ӯ меафзояд, “бояд ҷомеа минбаъд фарзандони худро тарзе тарбия кунанд, ки духтари хола барои онҳо хоҳар, писари тағову амак бародар аст”

Бар пояи пажӯҳише, ки соли гузашта дар вилояти Суғд анҷом шуд, 80 дарсади кӯдакони маъюб дар хонаводаҳое ба дунё меоянд, ки издивоҷи хешутаборӣ доранд. Ва 15 дарсади хурдсолоне, ки аз бемориҳои мухталиф ҷон медиҳанд, аз никоҳҳои хешутаборӣ зода мешаванд.

Табибон мегӯянд, ки ҳодисаҳои дар никоҳҳои байниқавмиву байнимазҳабӣ ба дунё омадани тифлҳои ноқису носолим хело кам иттифоқ меуфтанд, албатта, ба шарте, ки волидайни онҳо худ солим бошанд ва рӯзгори солим ба сар бубаранд...