Пули деҳқонони Мастчоҳро кай медиҳанд?

Бархе аз деҳқонони пахтакори ноҳияи Мастчоҳ дар остонаи мавсими нави киштукор ҳанӯз пули пахтаи соли гузаштаи худро нагирифтаанд.
Хоҷагии деҳқонии ба номи Иноятуллозода дар ноҳияи Мастчоҳ аз ҷумлаи онҳост. Иноятулло Иноятов, яке аз саҳҳомони ин хоҷагӣ ба «Озодӣ” гуфт, тирамоҳи соли гузаштаи ба корхонаи пахтатозакунии маҳал ҳудуди 16 тонна пахта супориданд, аммо харидор пардохти маблағи онро ба ақиб меандозад: “Ҳар рӯз ба масъулони корхона муроҷиат мекунем. Онҳо мегӯянд, ки ҳоло пул надорем, баъдтар биёем. Маълум нест кай медиҳанд.”

Мусоҳибам афзуд, дар остонаи мавсими нави пахтакорӣ, хоҷагиҳо ба пул ниёзи бештар доранд.

Шукрулло Иноятов, раҳбари хоҷагии мазкур, ки узви “Иттиҳодияи деҳқонии Сомониён” дар ноҳияи Мастчоҳ аст, дар посух ба ин суол, ки оё бо корхонаи пахтатозакунии маҳал дар бораи маблағи нахи пахта ва муҳлати пардохти он шартномае доранд, гуфт: “Не, рости гап, шартнома надорем. Ҳамту гапзанон кардем. Ба фурӯши ҳосили соли 2011 миёнамон шартномаи хаттӣ буд, ки аз рӯйи он дар ду навбат пуламонро медоданд. Аммо то ноябри соли 2012 кашол доданд. Барои ҳамин дигар шартном а набастем.”

Аммо Шаҳобиддин Мухторов, масъули бахши қабули пахта дар корхонаи пахтатозакунии “Олими Каримзод” дар ноҳияи Мастчоҳ ба Озодӣ гуфт:
”Хоҷагиҳо ба мо муроҷиат карда буданд, ман маблағро дастрас кардам ва гуфтам биёед, пулатонро гиред. Аммо баъзеи онҳо ҳозир нашуданд. Мо ба онҳо арзиши нахи пахтаашонро бо нархи имрӯза пардохт мекунем ва нархи нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ боло меравад, онҳо шояд, интизор доранд, дертар гиранд, пули зиёдтар мегиранд. Ман онҳоро мефаҳмам ва мегӯям, ки марҳамат, имрӯз - пагоҳ биёянд, пулашонро гиранд.”

Ба ақидаи Шаҳобиддин Мухторов, беҳтар аст тарз ва замони пардохти маблағи нахи пахта дар шартномаи миёни хоҷагиҳо ва корхонааш таъин карда шавад. Ин сӯитафоҳумҳо байни деҳқонону харидорро сари нархи нахи пахтаву замони пардохташро аз байн хоҳад бурд.

Харидорони пахтаи деҳқони тоҷик умдатан миёнҷиҳои маҳаллӣ, корхонаҳои пахтатозакунӣ ва коркарди пахта ҳастанд. Ин кор бештар дар асоси шартномаи даҳонӣ сурат мегирад, аз ин рӯ, байни харидору деҳқонон сари нарх ва муҳлатии пардохти пул зиёд баҳсу талошҳо рух медиҳад.

Ба назари Рӯзибой Махсумов, коршиноси маҳаллӣ дар умури хоҷагиҳои пахтакор, ин мушкили деҳқонони тоҷик аз набуди бозори озоди тиҷорати пахта дар Тоҷикистон аст. Вай мегӯяд: “Деқҳони тоҷик, ки аз баҳор то зимистон шабу рӯз дар замин заҳмат мекашад, намедонад пахтаи ҷамъовардаи худро ба кӣ фурӯшад. Ба фикри ман, барои ҳалли ин мушкили деҳқонон дар ҳар ноҳия ва вилоятҳои Тоҷикистон бозорҳои озоди фурӯши пахтаро бояд ташкил кард. То ки деҳқон дилпур бошад, ки пахтаи худро бе душворӣ фурӯхта метавонад. Чун Тоҷикистон як кишвари бозаргонӣ аст ва ба узвияти Созмони ҷаҳонии Тиҷорат пайваст, пас, таъсиси бозори озоди тиҷорати пахта талаби рӯз аст.”

Ба гуфтаи ин коршинос, аз сӯи дигар, шароити кунунӣ аз деҳқонон боло бурдани саводнокии ҳуқуқии онҳо, дастрасӣ ба интернет ва огоҳӣ аз нархи нахи пахта дар бозори ҷаҳониро низ тақозо мекунад. То ки харидори беҳтареро интихоб карда, бо вай шартномаи хуб баста тавонанд.