Чаро Амрико дар Кӯлоб пойгоҳ насохт?

Фурудоҳи байналмилалии шаҳри Кӯлоб. Акс аз бойгонӣ.

Дар авҷи амалиёти зиддитеррористӣ дар Афғонистон дар соли 2001, Тоҷикистон барои бунёди пойгоҳи ҳавоии Амрико дар Кӯлоб розигӣ дод.
Аммо дар охирин лаҳзаҳо, амрикоиҳо аз тасмими худ ба нафъи Қирғизистон ва пойгоҳи ҳавоии «Манас» дар он кишвар, даст кашиданд.

Сафири вақти Амрико дар Тоҷикистон Франклин Ҳаддл ҳафтаи ҷорӣ дар як нишаст дар Вошингтон гуфт, ки таъсиси пойгоҳи ҳавоӣ дар Қирғизистон ва даст кашидан аз тарҳи Кӯлоб, тасмими Доналд Рамсфелд, собиқ вазири дифои Амрико буд. Бино ба гузориши сомонаи Евразиянет - ношири ин хабар - Вошингтон дар иваз барои «дилгарм» кардани Тоҷикистон ба ҷойи пойгоҳ сохтмони пулеро дар фарози рӯдхонаи Омӯ сармоягузорӣ кард.

Пули "Дӯстӣ" бар фарози рӯди Ому дар марзи миёни Тоҷикистон ва Афғонистон.

Дар ҳоле, ки гуфта мешуд, Амрико ба пойгоҳи ҳавоӣ дар Тоҷикистон чашм дӯхтааст, вале дар ниҳояти амр ҳеҷ гоҳ ошкор нашуд, ки тасмими ҷонибҳо барои истифодаи пойгоҳи ҳавоӣ дар Кӯлоб, то куҷо ҷиддӣ буд.

Сафири вақти Амрико гуфтааст, ки ҳукумати Тоҷикистон барои истифодаи пойгоҳи ҳавоии Кӯлоб аз сӯи низомиёни амрикоӣ мувофиқат карда буд, ҳатто ба ҳадди берун кардани нерӯҳои Русия аз ин пойгоҳ.

Сафири вақти Амрико дар ин нишаст аз ҷумла гуфтааст: «Ҷаноби Рамсфелд ба Тоҷикистон омад, вай аз раиси ҷумҳур (манзур Буши хурдӣ) дастур гирифта буд, то дар Тоҷикистон пойгоҳро ба даст орад. Ман дар мулоқот нишаста будам ва барои вай тарҷума мекардам. Пойгоҳ ба низомиёни Русия дода шуда буд ва ҳукумати Тоҷикистон аз онҳо хост то пойгоҳро тарк кунанд, ин як қазияи печида буд. Аммо ба дунбол ҷаноби Рамсфел тасмими худро тағйир дод ва қарор кард, ки дар иваз «Манас» мавриди истифода қарор бигирад. Дар ҳоле, ки пойгоҳ омодаи қабули низомиёни амрикоӣ ва интиқоли яроқу аслиҳаи русҳо аз онҷо буд.»

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар як нишасти хабарӣ поёни соли 2001 гуфта буд, ки кишвараш омода ҳаст аз фурудгоҳҳои Душанбеву Хуҷанд ва Кӯлоб ҳар кадомеро, ки нирӯҳои эътилоф бихоҳанд, дар ихтиёри эътилоф бигузорад.

Сафири вақти Амрико мегӯяд, дар остонаи Соли нав ин ман будам, ки ба қабули президент Эмомалӣ Раҳмон рафта ва ин хабари начандон хубро барои ӯ гуфтам. Ҳукумати Тоҷикистон ин хабарро, ба таъбири оқои Ҳаддл, "мардона" қабул кард ва ба ҳамкориҳои худ бо Амрико идома дод.

Ба гуфтаи ҷаноби Ҳаддл, "соли дигар раиси ҷумҳури Тоҷикистон барои анҷоми як сафари расмӣ ба Амрико рафт ва дар Дафтари Овал аз ӯ пазироӣ сурат гирифт. Қабл аз ворид шудани оқои Раҳмон, Доналд Рамсфелд, Кондолиза Райс, ман ва раиси ҷумҳур Буш онҷо будем. Рамсфелд ба сӯи ман гашт ва пурсид, «Вокуниши тоҷикҳо ба тасмими мо дар мавриди истифода накардан аз пойгоҳ, ки барои мо пешниҳод карданд, чи гуна буд? Ман дар ҷавоб гуфтам, ки онҳо ба таври ошкор чизе нагуфтанд ва мардона рафтор карданд.

Доналд Рамсфелд, собиқ вазири дифои Амрико.

Ба дунбол оқои Рамсфелд гуфт, ки мо бояд барои онҳо коре кунем. Ӯ пурсид, мо ин корро чигуна метавонем анҷом диҳем?" Сафир мегӯяд, "дар ҷавоб гуфтам, ки аз ду сол ба ин тараф мо талош дорем аз тариқи ниҳоди ӯ (мурод Пентагон) барои бунёди пул сармоя ҷамъ биёварем ва як миллион ба даст овардем. Мо аз як муассисаи норвегӣ як миллион доллари дигар ба даст овардем, вале ниёз ба 12 миллион доллари дигар дорем. Ман инро ба Рамсфелд гуфтам.»

Ба гуфтаи сафир, ҳамагӣ се ҳафта баъд як чеки даҳмиллионӣ ба номи сафорат расид ва бо он маблағ пули «Дӯстӣ» дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистон дар минтақаи Панҷи поён бунёд шуд.

Бахши аҷибтарини қисса ин аст, ки чигуна Русия иҷозат дод, ки амрикоиён онҳоро аз Кӯлоб берун намоянд. Ба гуфтаи сафири вақти Амрико, ин лаҳзаҳои ниҳот мушкил буд ва Русия коҳиши нуфузи худ дар кишварҳои пасошӯравиро ҳаргиз қабул надошт.

Аммо аз ин, ки онҳо ҷузъи эътилофи байналмилалӣ алайҳи террор буд, ба таври ошкор аз «шикаст»-и худ лаб во намекард. Аммо бори дигар, вақте дар соли 2006, ин масъала дубора дар миён омад, ба навиштаи Евразиянет, Русия дигар сабру тоқаташро нисбат ба ҳузури низомии Амрико дар минтақа аз даст дода буд ва чунин тағйири вазъ дигар монеъи имкони таъсиси пойгоҳи Амрико дар Тоҷикистон шуда буд.

Сафири вақти Амрико дар Тоҷикистон гуфтааст, дақиқан намедонад, ки чаро оқои Рамсфелд «Манас»-ро ба пойгоҳи ҳавоӣ дар Кӯлоб тарҷеҳ дод, аммо ҳадс мезанад, ки зербинои пойгоҳ дар Қирғизистон нисбат ба Тоҷикистон дар вазъи беҳтаре қарор дошт ва барои азсаргирии амалиётҳо осонтар буд. Фурудгоҳи Кӯлоб, ба гуфтаи ӯ, зербинои фарсудае дошт ва идора карданаш кори осоне набуд.

Дар ниҳоят ин пул дар моҳи августи соли 2007 мавриди истифода қарор гирифт ва ҳамакнун яке аз гузаргоҳҳои муҳими интиқоли бору коло аз Афғонистону Покистон ба Тоҷикистон ба шумор меравад.

Аммо масъалаи таъсиси пойгоҳи Амрико дар Осиёи Миёна дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон дар соли 2014 боз дубора гарм шудааст.