Додгоҳи Лондон ба Аваз Назаров амр додааст, 24 миллион доллари як тоҷири русро баргардонад.
Додгоҳи салтанатии шаҳри Лондон ба Аваз Назаров, тоҷири тоҷик, ки дар Бритониё иқомат мекунад, амр додааст, то ба Валерий Воробёв, соҳибкори сарватманди рус миллионҳо доллар ҷуброн бипардозад. Дар ҳукми додгоҳ аз рӯзи ҳаштуми март, ки ба дасти Радиои Озодӣ расид, омадааст, Аваз Назаров ва ширкати “Ансол”-и ӯ аз ширкати VIS Trading Co Limited, мутаалиқ ба Валерий Воробёв, миллионҳо доллар қарздор буда ва онро саривақт барнагардондааст.
Бар тибқи амри додгоҳи шаҳри Лондон, Аваз Назаров, ки як замон шарики Корхонаи алюминиуми Тоҷикистон буда ва аз ҳисоби он сарвати зиёд ба даст овардааст, бояд тақрибан 24 миллион доллари Валерий Воробёвро марҳила ба марҳила баргардонад. Бар изофаи ин, бояд бештар аз 5 миллион доллар ҷуброн бипардозад. Бар асоси иттиллоте, ки дар ҳукми Додгоҳи Салтанатии Лондон омадааст, Валерий Воробёв, молики VIS Trading Co, дар саноати моҳигирӣ кор кардааст ва ҳоло бознишаста буда, дар Русия ба сар мебарад.
Дар ҳукми додгоҳ омадааст, ҳамроҳ бо Аваз Назаров ва Ансол, Валерий Воробёв ҳамчунин “Сотсинвестбанк” ва Дмитрий Неверов, мудири собиқи ин бонкро барои риоят накардани созишномаҳои тиҷоратӣ ва бознагардонидани қарзи онҳо ба додгоҳ кашида будааст. Аваз Назаров аз соли 2003 то соли 2008 аксари саҳмияҳои “Сотсинвестбанк”-ро соҳиб будааст ва моҷарои ду тараф ба ҳамон солҳо бармегардад. Бино ба иттилои додгоҳ, Аваз Назаров аз Валерий Воробёв барои пардохти ҳаққи вакилони мудофеъ дар баҳси додгоҳиаш бо Корхонаи алюминиуми Тоҷикистон бештар аз 10 миллион доллар қарз гирифта ва ваъда додааст, ки бармегардонад, аммо натавонистааст. Ҳамчунин моликиятеро ба ҳайси замонат гузошта ва бар аҳдҳои додааш вафо накардааст.