Йога аз Ҳинди бостон маншаъ гирифта, гуфта мешавад, ки он таърихи 5 ҳазорсола дорад.
Алоқамандон йогаро на варзиш, балки парвариши руҳу ҷисм медонанд. Феълан наздики 18 миллион нафар дар Амрико, 3 миллион дар Канада ва 2 миллион нафар дар Италия машқи йога мекунанд.
Гуфта мешавад, йога рӯҳу равон ва рагу пайвандҳоро тақвият медиҳад ва бо танзими ҳадафмандонаи гардиши хуну нерӯ дар бадан мушкилоти онро батадриҷ рафъ мекунад.
Таҳмина Ҷумъабоева мегӯяд, агар ӯ бо йога машғул намешуд, мушкилоти зиндагӣ кайҳо ӯро ба як шахси хашмгину беирода табдил медод. Вай дар аввал танҳо барои рафъи хастагӣ ва ҳифзи саломатӣ рӯ ба ин навъи варзиш овард, аммо ба зудӣ дарк кард, ки меҳвари йогаро рӯҳу равон ва идораи ҳиссу ҳаракат ташкил медиҳанд. Акнун йога ба як бахши ҷудоинопазири ҳаёти Таҳмина табдил ёфтааст.
Вай гуфт, «шумо як оромии ботиниро ба даст меоваред. Дар атрофи шумо чӣ қадар мушкилӣ, чӣ қадар вазифаҳо ҳастанд, вале шумо ҳатто барои ҳалли ин проблемаҳо бархӮрдро тағйир медиҳед. Оромона пайи ҳаллу фасли онҳо мешавед. Ҳамчунин ҳангоми машқи йога тамаркузи шахс ба ин ё он масъала беҳтар мегардад, чунки дар он ҳолатҳое ҳастанд, ки инсонро таҳаммулпазир ва пуртоқат мекунанд. Дар йога ҳолатро доштан муҳим аст, вале дар баробари ин бояд чанд дақиқа дар ин ҳолат ист кард, ки барои ин хеле пуртоқат мебояд буд. Ҳар ҳафта рӯзҳои душанбе, чоршанбе ва ҷумъа машқи йога меравам ва рӯзҳое, ки бинобар сафари хизматӣ ё ягон кори дигар ба машқ рафта наметавонам, хеле нороҳат мешавам. Гуфтан мумкин, ки ман дилбохтаи йога шудаам.»
Мисли Таҳмина Ҷумъабоева дилбохтагони йога дар Тоҷикистон сол аз сол зиёд мегардад, ки гуфта мешавад, синну соли ҳаводорони он мутафовит аст ва ҳадафҳо низ мухталиф. Агар яке барои ором кардани руҳу равони хеш машқи йога кунад, дигарӣ бо мақсади зебоии тан ва коҳиши вазн, саввумин барои солимии ҷисм.
Фирӯза Қобилова, сокини шаҳри Душанберо 2 сол қабл дарди шадиди буғумҳо водор намуд, то ба йога рӯ оварад. Ӯ аз рӯйи ихтисос физиотерапевт аст, вале мегӯяд, бо доруву дармон натавонист аз ин дард халос шавад. Вай гуфт, баъд аз 3-4 моҳи машқи йога аллакай натиҷаи дилхоҳро ба даст овард, аммо бо ин ҳам йогаро тарк накард:
«Cол то сол дар нармакҳои байни сутунмуҳра намак ҷамъ мешавад ва он боиси дардҳои шадид мегардад. Мураббии йога ба мо машқҳоеро тавсия медиҳад, ки барои бартараф намудани ин намакҳо кӯмак мекунанд. Бояд бигӯям, ки дар гурӯҳи мо нафароне низ ҳастанд, ки ба сактаи қалб гирифтор шудаанд, баъд аз хунрезии мағзи сар инҷо омадаанд ва ҳатто як нафари ҳамгурӯҳамон як гурда дорад. Аммо дар баробари мо он машқҳоеро иҷро мекунанд, ки хеле мушкил аст ва мегӯянд, худро хуб ҳис менамоянд.»
Ҳоло дар бинои Сафорати Ҳинд дар Душанбе бо ҳадафи омӯзиши ройгони йога бештар аз 100 нафар номнавис шудаанд. Шумораи онҳое, ки ҳоло ба таври мунтазам дар инҷо тамрин мекунанд, ҳудуди 35 нафаранд ва 90 дарсади онҳоро занону духтарон ташкил медодаанд.
Солмаз Муҳоҷир, мураббии йога мегӯяд, бо вуҷуди он ки дар гурӯҳ 30-35 нафар тамрин мекунанд, барои ҳар яки онҳо барнома тарҳрезӣ мешавад. Ӯ афзуд, «барои ман хеле муҳим аст, ки таърихчаи саломатии шогирдони ман дар чӣ ҳад аст. Барои ҳамин вақте, ки шогирдон сабти ном мешаванд, мо аз онҳо гувоҳиномаи саломатиро тақозо мекунем. Ва бар асоси он мо метавонем тамрини йогаро барояшон бо тағйироте тавсия бидиҳем, ки барои онҳо муносиб аст. Масалан, як тамрине, ки барои шумо муносиб ва барои баданатон хуб аст, барои шахси дигар, ки мушкили хосе дорад, мувофиқат намекунад. Ва вазифаи мураббии йога аст, ки вобаста ба мушкилоти хоҳишмандон як барномаеро танзим кунад, ки муносиби он одам бошад.»
Солмаз Муҳоҷир, худ таҳсилдидаи яке аз Донишгоҳҳои Амрико дар бахши геология мебошад ва мегӯяд, мавзӯи илмии ӯ, ки таҳқиқи зилзилаи Осиёи Миёна аст, ӯро ба Тоҷикистон овард. Вале ӯ тавонист шуғли дӯстдоштааш йогаро низ инҷо ба кор барад ва ба хоҳишмандон дар ин самт кӯмак расонад. Солмаз мегӯяд, қабл аз курсҳои йога дар сафорати Ҳинд, ӯ дар меҳмонхонаҳои пойтахт ба ҳаводорон йогаро таълим медод, ки аксарият хориҷӣ будаанд ва якуним соати чунин машғулиятҳо 80 сомониро ташкил медодааст.
Мушкилӣ ҳам ин аст, ки ба гуфтаи Солмаз, феълан мураббии йога аз ҷумлаи шаҳрвандони маҳаллӣ дар Тоҷикистон вуҷуд надорад. Ва он хориҷиёне, ки инҷо бо таълими йога машғуланд, дер ё зуд Тоҷикистонро тарк мекунанд. Аз ин рӯ, ӯ феълан яке аз шогирдонаш Умеда Орифоваро ҳамчун мураббӣ омода мекунад.
Худи Умеда мегӯяд, ӯ ин пешниҳоди мураббиашро рад накард, зеро «агар ба як кас кӯмаки ман расад, як нафар аз ман машқи йога гирифта, хурсанд шуда баромада равад, барои ман ҳамин бас аст. Чунки машқи йога ба худи ман маъқул аст.»
Бо ин ҳам дар Тоҷикистон на ҳама йогаро яке аз василаи беҳтарини солимгардонии бадан ва ҳифзи сиҳатӣ медонанд. Чунон чӣ дар робита ба ин Ҳакими Раҳимзод мегӯяд, «аслан таълимоти йога он қадар таълимоте нест, хуб мешавад агар ҷавонон ба машқҳои варзишӣ зиёд рӯ оваранд. Масалан, давиданро ман аз машқҳои йога афзалтар медонам, чунки агар шахс ҳар саҳар давад, гардиши хунаш хуб мешавад, одамоне, ки аз фишорбаландӣ шикоят доранд, ба онҳо фоида дорад ва ҳам барои муътадилгардонии кори дил нағз аст».
Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи Солмаз Муҳоҷир, феълан дар Душанбе дар маркази «Ирода» барои модарони кӯдаконе, ки мубталои бемории дархудмондагӣ ё аутизм ҳастанд, ба таври ройгон машқи йога бурда мешавад, то онҳо тавонанд аз ӯҳдаи мушкилтарин кори хеш, ки нигоҳубини фарзанди носолими худ аст, ба хубӣ ва осонӣ бароянд.