Манучеҳр Муттакӣ, собиқ вазири умури хориҷии Эрон, дар як номаи саркушода ба мардум дар бораи ширкаташ дар интихоботи раёсатҷумҳурии 14 июни соли равон хабар дод.
Муттакӣ аз моҳи августи соли 2006 то моҳи декабри соли 2010 раҳбарии идораи сиёсати берунаи Эронро бар ӯҳда дошт. Раисиҷумҳур Маҳмуди Аҳмадинажод ӯро ғайриинтизор ва дар ҳоле аз мақом барканор кард, ки Муттакӣбо як сафари расмӣ дар Сенегал буд. Сабабҳои ин тасмим расман эълон нашуданд.
Бар пояи хабарҳои расонаҳои эронӣ, фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ Муҳсин Ризоӣ ва шаҳрдори Теҳрон Боқир Қолинбоф низ барои курсии раисиҷумҳур талош хоҳанд кард.
Маҳмуди Аҳмадинажод ду бор раисиҷумҳур интихоб шудааст ва ҳаққи бори саввум барои ин мақом талош карданро надоранд.