Ширкати «Телерадиоком» мегӯяд, интизори расидани мавҷфиристи нав барои телевизони «Пойтахт» аст.
Файзулло Солиҳов, муовини раиси ширкати «Телерадиоком» рӯзи чаҳоршанбеи 27-уми феврал ба «Озодӣ» гуфт, ки бо корношоям шудани фиристанда ё худ антеннаи мавҷпаҳнкунандаи телевизиони «Пойтахт», онҳо аз як ширкати дастраскунандаи антеннаҳои телевизион дар Маскав дархост кардаанд, ки дар наздиктарин фурсат онро ирсол намояд.
Ҷаноби Солиҳов афзуд, ки агар ҳамин рӯз фиристандаро дарёфт намоянд, онро насб хоҳанд кард ва барномаҳои телевизиони "Пойтахт" пахш хоҳанд шуд.
Фиристандае, ки аз Маскав оварда мешавад ҳудуди 5 ҳазор доллар арзиш доштааст, аммо то замоне, ки ин антеннаи мавҷпарокан дастрас нашавад, бинандагон аз тамошои барномаҳои телевизиони "Пойтахт" ҳамчунон маҳрум мемонанд.
Ба қавли Файзулло Солиҳов, сӯхтани фиристандаи «Пойтахт» як амри маъмулӣ аст ва тайи як ё ду сол ҳатман чунин ҳолат пеш меояд. Вай гуфт, ки дар Тоҷикистон чунин антеннаҳои мавҷпарокан мавҷуд нест ва мунтазири интиқоли он аз Маскав мебошанд.
Мушкили фаннии ТВ «Пойтахт» тасодуфӣ аст?
Ин дар ҳолест, ки Абдуқодири Абдуқаҳҳор, раҳбари шабакаи телевизионии «Пойтахт» як рӯз қабл ба радиои Озодӣ гуфт, ки «Соати 20:40-и шоми якшанбе аз маконе, ки барномаҳои мо пахш мешавад, яъне ҳавлии шабакаи якум, ки ҳудудҳои муассисаи ҷамъияти саҳҳомии шакли кушодаи «Телерадиоком» аст, хабар омад, ки пахши барномаҳои мо қатъ шудааст. Ба мо гуфтанд, ки фиристандаи шумо иллат пайдо карда, сӯхтааст."
Абдуқодири Абдуқаҳҳор афзуд, ки телевизиони "Пойтахт" се моҳ пеш аз шаҳрдории Душанбе хоста буд, як фиристандаи нави мавҷҳо харидорӣ намояд ва интизор меравад, ки то 10 рӯзи дигар фиристандаи рақамии нав аз Украина оварда шавад.
Телевизиони "Пойтахт" соли 1997 таъсис шуда, аз моҳи ноябри соли 2012 ба пахши 18-соатаи барномаҳо оғоз кард. Бархе аз таҳлилгарон ҳадс мезананд, ки шояд ҷасорати бештари ин шабака дар вақтҳои охир, сабаби “мушкилоти фаннӣ” шуда бошад.