Боздошти 3 нафар баъди занозанӣ дар Петербург

Бино ба хабарҳо, дар шаҳри Санкт-Петербург дар пайи задухӯрди муҳоҷирон аз Тоҷикистону Узбакистон 3 нафар боздошт шудаанд. Ин задухӯрд шаби 25 феврал дар кӯчаи Пулковская рух додааст. Ба гуфтаи шоҳидон, дар занозанӣ тақрибан 20 нафар, ки бархеаш бо корд мусаллаҳ будаанд, ширкат доштаанд.