Бо дастури раисиҷумҳури Туркманистон, Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, дар вилояти Ишқобод 3 миллион ниҳол шинонда мешавад.
Бино бар қарори раисиҷумҳури Туркманистон, Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, дар ин кишвар 3 миллион ниҳол шинонда мешавад. Гуфта мешавад, ин боғи бузург бояд ҳалқаи сабзеро дар атрофи пойтахти кишвар, шаҳри Ишқобод, ташкил диҳад.
Шинондани ин миқдор ниҳолро раисиҷумҳур Бердимуҳаммадов бар дӯши идораву муассисаҳои давлатӣ вогузор ва нигоҳубини сесолаи онҳоро ба мансабдорон вогузор кардааст. Ба иттилои хабарнигори Бахши туркмании Радиои Озодӣ ҷамъоварии ниҳолҳо ва шинондани онҳо шурӯъ шуда, ба як маъракаи васеъ табдил ёфтааст. Дар қарори раисиҷумҳур ҳамчунин гуфта мешавад, агар дар давоми се соли аввал ниҳоле осеб бинад ё хушк шавад, мансабдори масъул барои иҷро накардани дастури раисиҷумҳур муҷозот хоҳад шуд.
Қарор шудааст, ки асосан ниҳолҳои дарозмур шинонда шуда, 1,5 миллион бехи онҳо бояд мевадор бошанд. Аз он ҷо ки ниҳолҳои мевадор нозуктар ва нигоҳубини онҳо мушкилтар аст, байни вазоратҳои гуногуни Туркманистон бобати тақсими миқдори ниҳолҳои мевадор ва бемева кашокаш идома дорад.
Аз сӯи дигар намояндагонии муассасаҳое, ки умдатан ниҳолҳои наврасро ба бозор мебароранд, гуфтаанд, қудрати қонеъ кардани талаботро надоранд. Биноан, аз аҳолӣ низ даъват шудааст, ки ниҳолҳои нодаркори худро ба мақомоти давлатӣ тақдим намоянд. Шинондани ниҳолҳо дар вилояти Ишқобод зери назорати шаҳрдории Ишқобод идома дорад.
Дар сӯҳбат бо Бахши туркмании Радиои Озодӣ, бархе аз таҳлилгарон изҳори андеша кардаанд, ки “Боғи Қурбонқулӣ”-ро низ метавонад, сарнавишти боғи раҳбари пешини Туркманистон Сапармурод Ниёзов ё “Турманбошӣ” интизор бошад. Раисиҷумҳури марҳум чанд сол пеш аз даргузашташ фармон дод, дар вилояти Тошҳавз барои пешгирӣ аз биёбоншавии замин бар асари хушкидани баҳри Арал боғи бузурге бунёд кунанд. Садҳо ҳазор бех ниҳол дар ин макон шинонда шуд, аммо бо сабаби нигоҳубини нокофӣ ва ҳам беобӣ аксари онҳо хушкида, дар ниҳояти амр боғ ба биёбон табдил ёфт.
Аммо телевизиони Туркманистон аз фармони раисиҷумҳур Бердимуҳаммадов иқтибос кардааст, ки боғи нав ҳар баҳор мавриди тафтиши нозирон қарор хоҳад гирифт ва дар сурати ошкор шудани камбудиҳо масъулони ин ё он бахши боғ ба ҷазо кашида хоҳанд шуд.