Покистон Русия ва кишварҳои Осиёи Миёнаро ноумед кард

Гузаргоҳи марзии "Турхам" миёни Афғонистон ва Покистон.

Рӯзи ҷумъа Тоҷикистон изҳор намуд, ки ҳозир аст, ҳангоми беруншавии нерӯҳои НАТО аз Афғонистон қаламрави худро барои транзити техникаву муҳимоти ин паймон вогузор кунад.
То кунун танҳо Британия ба ин роҳ таваҷҷӯҳ нишон дода, лоиҳаи як қарордоди ҳамкориро матраҳ намудааст. Аммо интизороти бузург аз ин транзит, ки то ҳанӯз маълум нест, бо кадом роҳ мегузарад, боиси рақобати шадид миёни кишварҳои собиқ Шӯравӣ гардидааст.

Ба назар мерасад, ки аз талошу рақобати кишварҳои собиқ Шӯравӣ барои фоидаи ҳангуфт аз транзити нерӯву муҳимоти кишварҳои паймони НАТО аз Афғонистон дар ниҳояти амр Покистон баҳрабардорӣ хоҳад кард.

Ҳамин тариқ на кандани роҳи оҳан миёни вилоятҳои Хатлони Тоҷикистону Сурхондарёи Узбакистон ба мақомоти Тошканд фоидаи иловагӣ меораду на тарғиби пойгоҳи ҳавоии Уляновск дар муқобили пойгоҳи ҳавоии Тирмизи Узбакистон ва Манаси Бишкек маблағе ба ҳукумати Русия.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Сабқат, интрига, муомилот...ҳама барои фоида


Ҳамзамон бо эълони беруншавии пешазмӯҳлати тақрибан нисфи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон Покистон тамоми роҳҳояшро барои берунории артиши Амрико ва кишварҳои НАТО боз намуда, кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русияро, ки аз ҳисоби транзити техникаву муҳимоти кишварҳои узви паймони НАТО фоидаи қобили мулоҳиза интизор доштанд, то ҳадде ноумед кард.

Аслан, роҳи асосии икмолоти нерӯҳои байналмилалии мустақар дар Афғонистон роҳи Покистон аст, ки ба нархи арзонтарин ва роҳи кӯтоҳтарин ба баҳр мерасад. Вале моҳи ноябри соли 2011 баъди куштори тасодуфии 24 сарбози покистонӣ, Исломобод роҳҳои заминии икмолоти НАТО-ро баста буд ва кишварҳои эътилофи байналмилалии мустақар дар Афғонистон ба роҳи шимолӣ, яъне роҳи транзит тавассути кишварҳои собиқ Шӯравии Осиёи Марказӣ ва Русия таваҷҷӯҳ нишон дода, бо тақрибан ҳамаи онҳо дар ин маврид ба мувофиқат расидааст.

Дар ин байн Покистон ҳам мавқеаш дар муқобили транзити молу колои паймони НАТО-ро нармтар намуда, паймони НАТО-ро ба ҳамкорӣ даъват кард. Вале мансабдорони амрикоӣ мегӯянд, акнун нархи транзит тавассути роҳҳои заминии Покистон баландтар шуда, ба хароҷоти феълии Пентагон моҳона 100 миллион доллар зам мекунад.

Дар Маскав як дипломати кишвари узви НАТО, ки нахостааст номаш ошкор шавад, ба хабарнигорон иброз дошт, ки нархи ирсоли як контейнер аз Афғонистон ба Аврупо тавассути пойгоҳи Уляновски Русия 50 ҳазор евро хароҷот хоҳад дошт. Дар ҳоле ки интиқоли ҳамон контейнер тавассути пойгоҳи ҳавоии Тирмизи Узбакистон бар ивази 30 ҳазор евро ба амал хоҳад омад.

Павел Фелгенгауэр - шореҳи низомии рус

Шореҳи низомии рус Павел Фелгенгауэр мегӯяд, рақобати кишварҳо барои транзити техникаву муҳимот ба нафъи НАТО мебошад, зеро феълан фармондеҳон дар фикри фармон пиромуни беруншавии саривақтӣ аз Афғонистон ҳастанд, на коҳиши хароҷоти транзит.

Фелгенгауэр меафзояд: “Аз транзит Узбакистон фоидаи хубе ба даст меорад. Онҳо бо Олмон созиш доранду чанд сол боз немисҳо ба воситаи Узбакистон борҳояшонро ба Афғонистон интиқол медиҳанд. Дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳам умед доранд, ки қисме аз техникаву муҳимот ба онҳо тӯҳфа карда мешавад. Вале барои фармондеҳон муҳим ин аст, ки роҳи алтернетивӣ дошта бошанду фармони раҳбарони давлатҳояшонро бидуни таъхир иҷро кунанд.”

Шояд ҳамин фоида буд, ки Узбакистон роҳи оҳани пайвасткунандаи вилоятҳои Хатлони Тоҷикистону Сурхондарёи Узбакистонро тахриб намуд?

Вале собиқ муовини вазири мудофиаи Тоҷикистон Абдулло Ҳабибов мегӯяд, агар кишварҳои эътилоф воқеан тавассути Тоҷикистон берун шудан хоҳанд, роҳи оҳан зарур нест: “Қувваҳо аз Афғонистон метавонанд ба воситаи гузаргоҳи Панҷи Поён ба Тоҷикистон ворид шуда, ба воситаи ҳавопаймо аз пойгоҳи Айнии канори шаҳри Душанбе ба ватанҳояшон баргарданд. Фурудгоҳи Айнӣ ба қабули тамоми навъҳои ҳавопаймоҳо омодааст. Онҳо ҳамчунон метавонанд тавассути хоки мо бо роҳи заминӣ ба Қирғизистон гузашта аз пойгоҳи ҳавоии Манас ба ватанашон баргарданд.”

Генерал Абдулло Ҳабибов

Генерал Ҳабибов мегӯяд, интизороти фоидаи калон аз транзити низомӣ кори дуруст нест, зеро он техникаи кӯҳна, ки ба кишварҳо тӯҳфа мешавад, ба қисмҳои эҳтиётӣ ва тармим ниёз хоҳад дошт, ки бепул нахоҳад буд. Ҳабибов ба ёд меорад, ки солҳои пеш Исроил ба Тоҷикистон автомат ё худ мусалсалҳои муосир тӯҳфа кард, вале баъди муддате тирҳои ин автоматҳо хотима ёфтанду ин силоҳҳо ҳамоно дар анборҳои ниҳодҳои қудратӣ хоб рафтаанд.

Моҳи феврал ИМА ихроҷи сарбозонаш аз Афғонистонро шурӯъ кард ва тавре президенти ИМА Барак Обама дар паёми солонааш изҳор намудааст, беш аз нисфи қушуни 66 ҳазор нафараи амрикоӣ то моҳи феврали соли оянда аз Афғонистон берун хоҳад шуд.