Э.Раҳмон заминаҳои фанниву техникии артишро нокифоя хонд

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон зимни таҷлил аз 20-умин солгаради Артиши миллӣ, заминаҳои фаннию техникии неруҳои мусаллаҳи кишварро нокифоя хонд.
Эмомалӣ Раҳмон иқрор кард, ки барои бунёди артиши замонавӣ сармояи бештар зарур аст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки бист соли охир давлати Тоҷикистон барои таҳкими нерӯҳои мусаллаҳ маблағ ва захираҳо зиёдеро ба харҷ додааст. Як даҳсолаи охир бо назардошти вазъи Афғонистон давлатҳои Ғарб ва созмонҳои байналмилалӣ низ барои рушди нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ёриҳои молӣ ва фаннӣ расондаанд.

Аммо то куҷо Тоҷикистон тавонистааст, артише бисозад, ки ба таҳдидҳои садаи 21 ҷавобгӯ бошад?

Муовини раиси Кумитаи тартиботу ҳуқуқ, дифоъ ва амнияти Маҷлиси намояндагон Саттор Холов мегӯяд, ҳукумати Тоҷикистон барои таъсиси артиши ҳирфаӣ талошҳои зиёдеро ба харҷ медиҳад. Аз ҷумла дар 12 соли охир даҳҳо қонуну фармонҳои президент, ки ҳимояи ҳуқуқӣ ва иҷтимоии низомиёнро ба танзим медарорад қабул шудаанд ва буҷаи ҳарбӣ низ се баробар афзоиш ёфтааст.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ариши миллӣ бояд чигуна бошад?


Манзури ҷаноби Холов ин буд, ки вазъи феълии нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон қаноатбахш аст: «Артиши миллӣ аллакай аз имтиҳонҳои бузург гузашт, тӯли ин муддат мо шоҳид будем ва ҳастем, ки душманони миллат намехоҳанд, ки давлати моро тинҷ монанд. Аммо бо нерӯ ва заковати ҳамин артиш дар ҳар ҳолати осоиштагӣ ва амнияти миллӣ мо таъмин мешавад. Ва ман боварӣ дорам, ки ин артиш бо пуррагӣ вазифаи худро иҷро кардан метавонад.»

Саидумар Ҳусайнӣ, вакили МН аз ҲНИТ

Як мояи дилпурии мақомоти Тоҷикистон ин аст, ки нерӯҳои мусаллаҳи кишвар
дар солҳои ҷанги дохилӣ ва ҳам дар рӯёрӯиҳои пайваста бо қочоқчиёни афғон таҷрибаи ҷангие гирифтааст, ки ягон артиши дигари минтақа надорад. Ин артиш аз неруҳои хушкигард, зудамал, ҳарбӣ-ҳавоӣ ва дифои зиддиҳавоӣ таркиб ёфта, ҳудудан аз 12 то 16 ҳазор нафар иборат аст.

Аммо кишварҳои ҳамсоя Узбакистон ва Афғонистон ҳар кадом беш аз 70 ҳазор сарбоз доранд. Ҳарчанд хароҷоти низомии Тоҷикистон ба далели махфӣ будани иттилоъ ошкор намешавад, аммо ба гуфтаи расонаҳо, Тоҷикистон солона барои артишаш беш аз 72 миллион доллари амрикоӣ тахсис медиҳад. Узбакистон бошад, беш аз 1 миллиард хароҷоти низомӣ дорад.

Сайидумар Ҳусайнӣ, яке дигар аз вакилони порлумон мегӯяд, Тоҷикистон, ки дар хатти марз бо Афғонистон аст, қабл аз ҳама ба артиши мудерн ва сарбозони фидоӣ ниёз дорад. Ӯ гуфт, «ин як артише, ки бо силоҳҳои замонавӣ муҷаҳҳаз бошад ва тарбияи фидокорӣ барои ватан дар мағзу устухони онҳо ҷо гирифта бошад. Ва ҳамин чиз метавонад амнияти кишварро таъмин кунад. Зеро дар ҷанг силоҳ нақши асосиро намебозад, 95 дарсади ҷангро маҳз рӯҳия анҷом медиҳад. Ва агар мо битавонем тарбияи маънавии аскаронро дар ҳадди лозима ба роҳ бимонем, дигар барои аслиҳа масрафи зиёд зарурат намемонад.»

Аз нигоҳи ҷаноби Ҳусайнӣ, имрӯз барои артиши Тоҷикистон таҷҳизоти муосир зарур аст ва онро бояд аз ҳисоби даромадҳои буҷа ва баъзе сарватмандоне, ки дороиҳои давлатро ба истилоҳ «монополия » кардаанд, тақвият бидиҳад.

Комёб Ҷалилов, коршиноси тоҷик

Аммо Комёб Ҷалилов, коршиноси масоили амниятӣ, теъдоди неруҳои мусаллаҳро барои Тоҷикистон зиёд арзёбӣ мекунад. Ӯ мегӯяд, Тоҷикистон дар асри 21 ба шумораи нисбатан кам, аммо муҷаҳҳази сарбозон, ки дар шароити кӯҳистон муқовимат кардан тавонанд, зарурат дорад.

Ӯ мегӯяд, «ин артиш бояд ҳамеша омода бошад, ки ба муқобили гурӯҳҳои алоҳидаи террористӣ мубориза барад. Чунки ҷанги муосир асосан аз ҷониби ҳамин гурӯҳҳои махсус сурат мегирад, бинобар ин артиши бузург барои мо лозим нест. Мо бояд асосан ба соҳаи ҳавоӣ, кӯҳнавардон ва марзбонон диққат бидеҳем. Зеро агар давлати абарқудрат ҳуҷум карданӣ бошад ҳам, бештар ҷанг тариқи роҳҳои ҳавоӣ сурат мегирад ва агар ягон таҷовузе ҳам анҷом бишавад, бояд мардум омода бошанд, ки аз худ ҳимоят бикунанд.»

Бо ин ҳама гуфта мешавад, Тоҷикистон танҳо кишвари Осиёи Марказист, ки аз мероси ҳарбии Иттиҳоди Шӯравӣ чизе ба даст наовардааст ва ҳама чизро барои Артиши миллиаш аз сифр шурӯъ кардааст. Ҳамакнун, ин кишвари Осиёи Марказӣ бо ҳамагӣ 46 зиреҳпӯшу 37 тонк, 23 тӯпхона ва танҳо 3 чархболу 1 ҳавопаймо соҳиби артиши аз нигоҳи таслиҳот заифтарини минтақа шумурда мешавад. Ва зоҳиран, тарҳи мушаххаси модернсозии нерӯҳои мусаллаҳи худро низ омода накардааст.