Боз як тирандозии хунин дар Амрико

Пулиси Амрико мегӯяд, дар ҷануби Калифорния бар асари тирандозие, ки 25 дақиқа тӯл кашид, 3 тан кушта ва чандин нафар захмӣ шудаанд. Тирандоз баъдан худро низ бо зарби тир кушт. Тирандозӣ субҳи сешанбе зоҳиран аз дуздии мошин оғоз ёфта, сипас дар 6 маҳалли мухталиф давом кардааст. Рӯзномаи “The Los Angeles Times” мегӯяд, ки силоҳбадасти гумонбар худро замоне кушт, ки пулис ӯро дар як мошини дуздӣ дар шаҳри Оранжи Калифорния таъқиб мекард.