Густариши робитаҳои иқтисодию тиҷоратии миёни Чин ва Тоҷикистон, таваҷҷуҳи ҷавононро ба омӯзиши забони чинӣ бештар кардааст.
Интизор меравад, озмун барои 92 ҷои таҳсил дар донишгоҳҳои Чин байни ҷавонони тоҷик сабқати шадиде ба вуҷуд орад. Хоса ки имсол, ба гуфтаи намояндаи Вазорати маорифи Тоҷикистон, назар ба соли гузашта ду адад камтар саҳмдода шудааст.
Абдусаттор Одинаев, раҳбари шӯъбаи барномаҳои таҳсилоти байналмилалии ин вазорат мегӯяд, аз 60 саҳмияи Чин ба донишгоҳҳо, барои ба даст овардани 32 адади он дар мактабҳои олӣ ва вазорату корхонаҳо озмун эълон шудааст. “Имсол камтар аст. Соли гузашта 94 квота аз ин кишвар барои донишҷуёни тоҷик ҷудо шуда буд. Барои шомил шудан ба мактабҳои олии Чин хоҳишмандон бояд, забони хитоиро хуб донанд. Дар ҳоли ҳозир довталабоне ҳам ҳуҷҷат супориданд, ки онҳо тамоман забони хитоиро намедонанд. Бояд гӯям ки чунин нафарон наметавонанд ба озмун роҳ ёбанд.”
Ин ҷо пурсише посух мехоҳад, ки барои омузиши забони хитойи киҳо ҳавасманд ҳастанд? Ҳомидӣ Борбад, донишҷуи курси чоруми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст, ки бо забони хитоӣ озод сӯҳбат мекунад, аммо дар навиштан душворӣ мекашад. Вай мегӯяд, ин забонро намешавад дар муддати ду ё се моҳ пурра аз худ кард. Зеро дар забони чинӣ 175 ҳазор иероглиф ҳаст, ки омӯхтани ҳар яки онҳо душвор буда ва аслан наметавон тамоми иероглифҳоро аз худ кард.
Борбад мегӯяд, таҳсил дар кишвари Чин ва донистани ин забон бадие надорад, зеро касоне, ки ин забонро меомӯзанд, барои пайдои ҷойи кор мушкиле нахоҳанд дошт:«Ман дар маркази конфуций, ки дар шаҳраки донишҷӯён воқеъ аст, ин забонро меомӯхтам. Зеро ин марказ хуб аст, ҳар як ҷавон ба таври арзон, барои як моҳ 130 сомонӣ дар як ҳафта чоҳор маротиба дарс мегиранд метавонад таҳсил кунад. Ҳатто омӯзгоронаш чиниҳо ҳастанд. Аксарияти ҷавонон ба хотири тиҷорат дар марказҳои омӯзиши забони хитоӣ таҳсил мекунанд. Фарқ дар омӯзиши ин забон нисбати дигар забонҳо дар он аст, ки дар ин забон ҳарфҳо бо иерограф ҳастанд аз ин сабаб на ҳар кас метавонад онро омӯзад. Ман нафаронеро медонам, ки онҳо ҳатто зиёда аз сенздаҳ моҳ таҳсил кардаанд, аммо ҳанӯз бо забони хитоӣ суҳбат карда наметавонанд.»
Ҳарчанд аксарияти ҷавонон омӯзиши забони чиноиро ба хотири тиҷорат интихоб кардаанд, аммо ҳастанд нафароне ки мегӯянд, аллакай дар ин роҳ муваффақ шудаанд. Мирбози Ҷамшед, як тоҷири 32-соли тоҷик, ки ба хотири тиҷорат борҳо ба кишвари Чин рафтааст, мегӯяд, яке аз сабаби аслии рушди кораш дар самти тиҷорат, ин донистани забони чинӣ буд. Ӯ ду сол қабл курси омӯзиши забони хитоиро хатм кардааст: «Дар Тоҷикистон ширкатҳои чинӣ хеле зиёд фаъолият мекунанд. Тамоми бозорҳои моро маҳсулоти ин кишвар пур кардааст ба ин хотир омӯхтани забони хитоиро интихоб кардам. Чизи дигар ин ки дар баробари тиҷорат, ман ҳамчун тоҷик метавонад таъриху фарҳанги тоҷиконро ба мардуми Чин муаррифӣ кунам.»
Ситора Каримова, сокини ноҳияи Турсунзода буда, ҳамагӣ 24 сол дорад ва аллакай ӯ бо забони чинӣ озод гуфтугй карда метавонаду ба ҳайси тарҷумон бо ширкати чинии “Тян-Ши” ва «Маркази табобати чинӣ» дар Тоҷикистон ҳамкорӣ мекунад. Ситора гуфт, ҳатто ӯ забони чиноиро аз забони тоҷикӣ бештар балад буда лаҳҷаи ин забон дар муошираташ низ эҳсос мешавад. Ситора меафзояд, ки дар аввал омӯзиши ин забон дар ҳақиқат мушкил аст, вале агар кӯшиш бошад, муваффақ мешавӣ: «Маҳз ман ин забонро ба он хотир аз худ кардам ки ба ҳайси тарҷумон кор кунам. Баъдан озод барои тиҷорат ба Хитой рафтуомад карда тавонам.»
Таҳлилгарон мегӯянд, тайи ду соли охир боз шудани марказҳои омӯзиши забони чинӣ дар Тоҷикистон ва ба маротиб зиёд шудани хоҳишмандони ин забон ба чашм мерасад. Аммо чиниҳои муқими Тоҷикистон, ки шуморашон бештар аз ҳазор нафар аст, мегӯянд, ҷавонони тоҷик бо вуҷуди омӯзиши ин забон, ҳанӯз дар гуфтугӯи озод бо забони чиноӣ муваффақ нашудаанд.
Ли Суе, шаҳрванди давлати Чин буда, муддати се сол аст, ки дар Тоҷикистон ба сар мебарад. Вай ба ҳайси устоди Донишгоҳи миллӣ ба донишҷуён дарс мегӯяд. Ли Суе бо истиқбол аз таваҷҷуҳи ҷавонони тоҷик ба забони чинӣ гуфт, мардуми Тоҷикистон ба мо назари хуб доранд ва кӯшиш мекунанд забони моро аз худ кунанд. Аммо ин кори чандон осон нест: «Ҳар рӯз ман бо нафарони зиёде рӯбарӯ мешавам, ки онҳо ба ман бо забони хитоӣ салом мегуянд, яъне (ниҳа), ки ин барои ман хеле шавқовар аст. Ман медонам ки имрӯз бисёри донишҷӯён мехоҳанд хитоиро омӯзанд ва баъзеи онҳо аз рӯи ин забон хеле сахт кор мекунанд. Ҷавонон зиёд мехоҳанд омӯзиши забони чинӣ тамом карда ба Чин раванд. Ман умед дорам, ки онҳо ба Чин мераванд ва дар онҷо ба омӯхтани технологияи муосир даст меёбанд.»
Аммо дар як суҳбати сарироҳии мо чанд нафар аз чиноиҳои касбу кори гуногун дар пойтахт мегуфтанд, онҳо забони тоҷикиро намедонанд ва барояшон ба русӣ ва англисӣ суҳбат кардан осонтар аст. Ҳомидӣ Борбад, ҳамсуҳбати мо мегӯяд, ҳангоми таҳсил дар маркази омӯзиши забони чинӣ борҳо аз чиниҳои муқими Тоҷикистон пурсон шудааст, ки чаро онҳо ба тоҷикӣ ҳарф зада наметавонанд: «Вақте аз онҳо мепурсидам, мегуфтанд, ки омӯзиши забони тоҷикӣ барои мо ягон зарурат надорад. Хубтар аст, ки мо забони русиро аз худ мекунем, чунки забони тоҷикӣ танҳо дар Тоҷикистон лозим аст, вале агар забони русиро омӯзем, он барои мо дар кишварҳои дигар низ даркор мешавад.»
Бо вуҷуди шумораи чашмраси марказҳои омӯзиши забони чинӣ дар пойтахт, моҳе қабл низ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон «Толори Чин» ҳам ифтитоҳ ёфт ва ба гуфтаи масъулони ин марказ ҳадафаш муаррифии фарҳанги мардуми Чин унвон мешавад.
Насиба Собирова, ки ба ҳайси тарҷумон дар ин толор фаъолият мекунад, дар сӯҳбат ба "Озодӣ" гуфт, ки онҳо тасмим доранд дар наздиктарин фурсат дар ин толор маркази омӯзиши ройгонизабони хитоиро роҳандозӣ бикунанд. Ба гуфтаи хонум Собирова: «Дар курсҳое, ки мо роҳандозӣ мекунем, танҳо нафароне, ки аъзои китобхона ҳастанд таҳсил карда метавонанд. Курси омӯзиши забони хитоӣ як моҳ буда дар он чор намуди дарс, яъне хондан, навиштан, суҳбат кардан ва омӯхтани фарҳанги хитоиро дар бар мегирад. Мақсад аз ин, муаррифии мардуми ин кишвар дар Тоҷикистон мебошад.»
Аксарияти чиниҳо дар Тоҷикистон мегӯянд, онҳо дар бахшҳои тиҷорату тиб дар ин кишвар машғул ба коранд.
Бино бар иттиллои расмӣ, Ҷумҳурии мардумии Чин дар ҳоли ҳозир аз рӯи қабули донишҷӯёни тоҷик пас аз Русияву Қазоқистон дар ҷои сеюм қарор дорад. Ҳоло 285 донишҷӯи тоҷик бо истифода аз кӯмакҳои давлатӣ дар донишгоҳҳои гуногуни Чин ва 70 донишҷӯи чинӣ дар Тоҷикистон таҳсил мекунанд.