Ҳарчанд Узбакистон панҷумин кишвари бузурги фурӯшандаи пахта дар ҷаҳон аст, вале кишоварзонаш аз фоидаи он баҳраи зиёде намебаранд.
Ҳомиёни ҳуқуқ пайваста Ӯзбакистонро барои “истисмори” пахтапарварон интиқод ва ҳукумат низ ҳамвора ин иддаъоҳоро рад мекунад. Ба ғайр аз ҳамин сарзанишу раддияҳо, дар бораи зиндагиву кори пахтапарваони ӯзбак чизи зиёде маълум нест. Вале китоби наве, ки Рассел Занка як фарҳангшиноси амрикоӣ аз Донишгоҳи Иллинойси шимолушарқии аёлати Чикагои Амрико дар бораи зиндагии деҳқонони узбак навиштааст, ба ҳадде зиндагии воқеъии онҳоро нишон медиҳад.
Китоб “Зиндагӣ дар рустои узбакӣ. Пахтапарварӣ пас аз коммунизм” ном дорад ва муаллифаш ба Навбаҳор Эмомова, хабарнигори “Садои Амрико” дидаву шунидаҳояшро нақл кард. Ӯзбакистон таври маълум яке аз бузургтарин фурӯшандаҳои нахи пахта дар ҷаҳон аст ва даромади нақд ва аслии кишвар ҳам аз ҳамин ҳисоб мебошад. Тахминан 65 дар сади аҳолии Узбакистон ба кишоварзӣ машғуланд ва аз сеяки нерӯи кории он пахтапарваранд.
Рассел Занка мегӯяд, ихтиёри деҳқонони узбак ба дасти худашон нест ва сарнавишти “ончиро, ки онҳо мепарваранду мегиранд” ҳукумат ҳал мекунад.” Ба гуфтаи Рассел Занка, пахтапарварони Узбакистон мисли дигар деҳқонон кори худро хуб медонанд, ки чӣ бояд кунанд, то ҳосили зиёд бигиранд, аммо “замин аз худашон нест ва моле, ки мегиранд, аз худашон нест.” Фарҳангшиноси амрикоӣ мегӯяд, мардум мухолифи пахтапарварӣ нестанд, аммо мехоҳанд, фақат пойбанди ин зироат набошанд ва дигар навъи зиоратҳоро низ кишт кунанд.
Агарчӣ харидорони меваву сабзавот ва ғалладона дар Ӯзбакистон кам нестанд, вале ғолибан аксари кишоварзон аз пахта даст нахоҳанд кашид, зеро моли бозоргир дар ҷаҳон аст ва аз ин роҳ метавонанд, пули хуб ба даст биёранд. Ба гуфтаи Рассел Занка, дар Ӯзбакистон мардум мегӯянд, ки “Пахта нони мо аст” ва дар ин кишвар пахтапарварӣ аз насл ба насл гузаштааст ва бешак бисёре аз хонаводаҳо аз рӯи зӯромад ба майдонҳои пахта намераванд. Аммо аксарияти деҳқонони ӯзбак чун дар Тоҷикистон камбизоат ҳастанд. Ҳатто агар ҳосили хубе ҳам ба даст биёранд, бисёр кам мешавад, ки пули бештар бигиранд ва агар ноҳияе ҳам нақшаи пахтасупориро хубу барзиёд иҷро кунад, ҳукумати Ӯзбакистон ҳеҷ коре барои беҳбуди вазъи зиндагӣ ва ислоҳи зербунёдҳо дар он ноҳия намекунад.
Тағйири низом ҳам ба назари мардум роҳи муносибе нест. Ба гуфтаи Рассел Занка, мардум мебинанд, ки низом фосид аст , вале ҳеҷ роҳи халосӣ аз онро ҳам намебинанд. Умеде ҳам нест, ки деҳқонон ба ҳам меоянд ва аз назари сиёсӣ ҳам як нерӯи муташаккил мешаванд. Гузашта аз ин элитаи сиёсии Узбакистон ҳам майли навсозӣ ва ё ислоҳи низомро надорад. Ба гуфтаи Рассел Занка, “Мардум дар Узбакистон метарсанд.” Мисли замони шӯравӣ, мақомоти саҳнасозӣ мекунанд, вақте раҳбаре ба ноҳия ва ё деҳаи онҳо меояд, мақомот ба онҳо мегӯянд, ки бояд либоси хуб пӯшеду ба пешвоз бароеду дастафшонӣ кунед.
Чанд соли пеш дар Узбакистон саъй карданд, то деҳқонон барои ислоҳот дар арсаи кишоварзӣ ба ҳам оранд. Нигора Ҳидоятова, ки Ҳизби Деҳқононро раҳбарӣ мекард, соли 2005 ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки як ҳадафи аслии онҳо хусусӣ кардани замин буд. Ба қавли ӯ, “Аз онҷо ки Узбакистон кишвари кишоварзӣ аст, аввалин масъала бояд хусусӣ кардани замин бошад, аммо хусусисозӣ бе шаффофияту озодиву демократисозӣ намешавад.” Аммо бо гузашти 8 сол ҳеҷ чизе дар ин замина сурат нагирифт Нигора Ҳидоятова, баъди таҳдидҳову даъват ба додситонӣ, соли 2012 Узбакистонро тарк кард.
Дар масъалаи баҳсбарангези пахтачинии кудакон дар Узбакистон Рассел Занка, фаҳрангшиноси амрикоӣ мегӯяд, агарчӣ шоҳиди кори кудакон дар саҳро шудааст, аммо достонҳо дар бораи бо ҷабру зулм ба пахтазорҳо кашидани онҳо воқеъият надорад. Рассел Занка мегуяд, вале боз ҳам ҳеҷ кудаке хуш надорад, ки дар вақти таътили мактабӣ ба ҷойи истироҳату бозӣ, пахта бичинад. Ба қавли ӯ, ин воқеан як масъалаи ҷиддӣ дар Узбакистон ва ҳукумат бояд тазмин диҳад, ки вақти ҷамъоварии ҳосили пахта мактабҳоро набанданду бачаҳоро ба майдонҳо сафарбар накунанд.
Фарҳангшиноси амрикоӣ мегӯяд, “чизе ки метавонад, ба пахтачинии дастӣ хотима диҳад, истифода аз техникаи кишоварзӣ аст, ки пойбанди дасти мардум нашавед. Аммо дар Узбакистон аз миёнаи солҳои 90-ум баръакс ба ҷойи истифода аз техника бештар ба кори дастӣ мегузаранд.”
Созмонҳои байналмилалии ҳомиии ҳуқуқ, аз дер боз ҳукумати Узбакистонро танқид мекунанд, ки иҷоза медиҳад, кӯдаконро аз таҳсил дур карда ва барои ҷамъоварии заҳматталаби пахта сафарбар мекунанд. Мисли замони шӯравӣ дар ин кишвар ҳар сол табибону муаллимон ва донишҷӯёнро барои ҷамъоварии ҳосил ба майдонҳои пахта мебаранд. Бинобар истифодаи кори кӯдакон баъзе аз ширкати бузурги либосфурӯшӣ аз хариди нахи пахтаи Узбакистон даст кашидаанд.