Саакашвилӣ Иванишвилиро ба музокирот даъват кард

Президенти Гурҷистон Михеил Саакашвилӣ ва сарвазири Гурҷистон Бидзина Иванишвилӣ

Рӯзи якшанбе президенти Гурҷистон Михеил Саакашвилӣ гуфт, ӯ ба музокироти фаврӣ бо сарвазир Бидзина Иванишвилӣ ва ҳукумати ин кишвар дар робита бо “тағйири сарқонун ва масъалаҳои марбут бо рушди Гурҷистон” омодааст. Саакашвилӣ пешниҳод кардааст, ки чунин музокирот 11-уми феврал доир шавад. Рӯзи шанбе сарвазир Иванишвилӣ иброз дошт, ки ҳозир аст бо президенти кишвар “бар пояи сарқонун ва ҳокимияти қонун “ ҳамкорӣ кунад.
Ҳафтаи гузашта парламенти Гурҷистон паёми солонаи президентро ба таъхир гузошт, зеро салоҳияти президент дар мавриди пароканда намудани ҳукумат бидуни пуштибонии парламент ба вакилони мардумӣ маъқул набуд.
Рӯзи 8-уми ферал эътирозгарон имкон надоданд, ки Саакашвилӣ паёми солонаашро дар бинои китобхонаи миллии Гурҷистон ироа кунад. Ӯ паёмашро дар кохи раёсатҷумҳурӣ ба навор гирифт. Даври дуюми президентии Саакашвилӣ моҳи октябр хотима меёбад.