Таҳсил дар шароити "ҷангӣ"

Талабаҳои деҳаи Чубеки ноҳияи Ҳамадонӣ бо таҳсил дар хаймаҳои сарду торик замони мушкилеро пушти сар мекунанд.
Агар шумо аз дур ба хаймаҳои деҳкадаи Чубек назар афканед, гумон мекунед, ки ин як бошишгоҳи сайёри ҳарбӣ аст ва дар он аскарони обутобдида ба тамрин омода мешаванд. Танҳо чизе, ки бардошти шуморо дигар мекунад, давутози бачаҳо дар атрофи хаймаҳо аст. Ин бачаҳо талабҳои мактаби деҳаи Чубек буда худи мактаб се сол пеш тақрибан фурӯ рафт ва бачаҳоро хайманишин кард.

Бахши умдаи синфхонаҳои мактаби ин деҳ се сол пеш фуру рафт ва нисфи дигар дар ҳолати садамавӣ қарор дорад. Мактаби кӯҳна беш аз 600 талаб дошт, ки ҳоло дар хаймаҳо дарс мехонанд ва аз ворид шудан ба синфхонаҳои нимаварон метарсанд. Хаймаҳо низ се сол пеш ба хотири пешгирӣ аз ягон фоҷеъа бунёд шуданд. Аммо он замон касе бовар надошт, ки умри ин хаймаҳо ба ин андоза тӯлонӣ мешавад.

Дар дохили ҳар хайма аз бист то сӣ хонанда дар се баст таълим мегиранд. Ҳоло ҳаво аз 10 то 15 дараҷа гарм шудааст ва талабаҳо низ аз сардиҳо ҷон ба саломат бурдаанд. Як моҳ пеш дарс хондан дар дохили хаймаҳои нимасард бисёр мушкил буд, мегӯянд талабаҳо.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Хайма ба ҷойи синфхона


Шерхон Сатторов, муовини директори мактаби ин деҳа мегӯяд, се соли таҳсил дар хаймаҳои сарду торик бархе аз хонандагонро касалманд кардааст. Ӯ мегӯяд, ба Идораҳои зиёд дар бораи азнавсозии мактаб муроҷиат кардаанд, вале ҳар сол ваъда ба соли дигар медиҳанд. «Дигар ин мактабро таъмир карда намешавад, зеро деворҳояш кафида, фуру рафтаанд. Онро бояд аз дигар сохт. Дар палатка дарс гузаштани хонандагон мушкил аст ва ин ба саломатию донишомӯзии хонандагон таъсири бад мерасонад», мегӯяд Шерхон Сатторов.

Хонандагон мегӯянд, дар хаймаҳо печи ҳузумӣ насб шудааст, аммо шамол даҳҳо роҳи даромад ба хайма дорад ва аз сарди фирор кардан номумкин аст.

Вақте ман ба яке аз хаймаҳо ворид шудам ва ба талабаҳо гуфтам, ки рӯзноманигор ҳастам, ҳамагӣ, дастаҷамъона шиор доданд, ки ба мактаби наву бехатар ниёз доранд. Ҳарчанд, маъмурияти мактаб мавридҳои дарсшикании хонандагонро дар чунин шароити номусоид рад мекунанд, аммо волидайн мегӯянд, дилашон намешавад, ки бачаҳои худро ба хаймаҳои сард бифиристанд.

Қурбонбӣ Зокирова, як сокини ин деҳа мегӯяд, аз як сӯ намехоҳанд, фарзандонашон бесавод бошанд, вале аз сӯи дигар намехоҳад дидаву дониста сиҳатӣ ва ҷони фарзандонашонро ба хатар гузорад.
Ҷаҳонгири Рустам, сокини дигари ин деҳа мегӯяд, ҳеҷ хонандаи ин мактаб давоми се сол дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ҷоизаеро ба даст наовардаанд. Дар ҳоле, ки ба гуфтаи ӯ, солҳои қабл хонандагони ин мактаб фаъол буданд.

Бо ин ҳол Хуҷамурод Фазлиддинов, раиси ноҳия мегӯяд, барои сохтмони мактаби рақами 19 тендер эълон шудааст ва мактаб то соли нави таҳсил дигарбора бунёд хоҳад шуд. «Барои сохтани ин мактаб дар қабули вазири маориф будам. Ҳама корҳо танзим шудаанд ва ҳамин, ки тендер гузашт, кораш сар мешавад. Ин мактаб дар ҳақиқат кӯҳна буд. Мо ҳам хайма бурда гузоштем, ки дили ҳамин мардум сӯзад ва онро тезтар созанд»

Мактаби деҳаи Чубеки ҷамоати Чубеки ноҳияи Ҳамадонӣ аз кӯҳнатарин мактабҳои ин ноҳия дониста мешавад, ки соли 1932 сохта шудааст. Се соли пеш ин мактаб дар пайи як заминларза хароб шуд. Талабаҳои мактаб мегӯянд, бо он ки се солро дар хаймаҳо пушти сар кардаанд, агар мактаб бозсозӣ нашавад, таҳаммули як зимистони дигар дар хаймаҳои сард бисёр мушкил хоҳад буд.