Дар Тоҷикистон нахустин бор тарофаи нав бо номи «Интернети кӯдакона» пешниҳоди муштариён гашт.
Лола Мухторова, мутахассиси ширкати «Телеком Технолоҷи», аз мубтакирони ин иқдом дар Тоҷикистон, зимни муаррифии хадамоти нави интернетӣ изҳор дошт, ки сол то сол синни истифодабарандагони шабакаи ҷаҳонӣ ҷавонтар мешавад ва ин барнома барои таъмини амнияти кӯдакону наврасон таҳия шудааст.
Хонум Мухторова афзуд, ки хадамоти нав барои муштариёни синни томактабӣ ва мактабӣ пешбинӣ шуда, дастрасиро ба бештар аз 100 сомона фароҳам меоварад, ки бо машварату маслиҳати равоншиносону омӯзгорон интихоб шудаанд. Ӯ гуфт, «ин хизматрасонӣ аз 6 бахш иборат аст. Инҳо афсона, бозиҳои кӯдакона, таълимӣ, рушддиҳанда, порталҳо ва филмҳои тасвирӣ мебошанд, ки мувофиқи он кӯдакон метавонанд доир ба фанҳои гуногун, аз қабили нуҷумшиносӣ, кимиё, биология, риёзиёт, забонҳои хориҷӣ ва ҳоказо ҳам ба таври амалӣ ва ҳам назариявӣ маълумот гиранд ва худомӯзӣ кунанд. Ҳамчунин дар ин сайтҳо ҳар гуна ҳунарҳои дастӣ, филмҳои тасвирии мухталифи шӯравӣ ва муосир дастрасанд, ки ба рушди зеҳнии кӯдакон ҳамаҷониба мусоидат мекунанд.»
Бо он ки дастандаркорони ин иқдом дақиқан гуфта наметавонанд, ки имрӯз теъдоди истифодабарандагони интернет дар Тоҷикистон аз ҳисоби наврасону кӯдакон чӣ қадар аст, аммо ба гуфтаи онҳо, ҳар 2-юмин нафар феълан дар кишвар ба шабакаи интернет дастрасӣ дорад.
Дар ҳамин ҳол, пажӯҳише, ки ахиран аз ҷониби ширкати амрикоии Symantec дар 30 кишвари дунё гузаронида шуд, собит кардааст, ки ҳамарӯза бештар аз 70 дарсади мактаббачагон аз интернет истифода мебаранд, ки 62 дар садашон бо сомонаҳои дорои таъсири манфӣ рӯбарӯ мешаванд. Ин пажӯҳиш ҳокист, ки 20 дар сад аз онҳо дӯстони калонсоли нохубро пайдо менамоянд. 13 дар сади дигар филмҳоеро, ки дар он фаҳшу шиканҷа ҷой дорад, тамошо мекунанд. Ҳамчунин 29 дарсад машғули ҳар гуна бозиҳои онлайние, ки ба равони кӯдак таъсири бад дорад, мегарданд.
Бо таваҷҷӯҳ ба ин равоншиносон иқдоми ахири ширкати фароҳамкунандаи интернет дар Тоҷикистонро барои кӯдакон муҳим мепиндоранд. Гулнора Гулмирзоева, равоншиноси тоҷик дар робита ба ин гуфт, «имрӯз дар тамоми ҷаҳон бо назардошти он ки сатҳи ҷинояткорӣ афзоиш меёбад ва таъсири интернет ба ин раванд низ ҷой дорад, кӯдаконро, ки табақаи осебпазири ҷомеаанд ва ҳоло сайтҳои манфиатдору зиёноварро фарқ намекунанд, бояд аз ҳар гуна иттилои нохуб ҳифз намуд. Вале ин маънои онро надорад, ки мо бояд онҳоро кулан аз интернет маҳрум кунем. Чунки феълан истифодаи интернет талаботи замон аст. Барои ҳамин танҳо сомонаҳои барояшон манфиатоварро гирд ва фароҳам овардан ба мақсад наздик аст.»
Афзун бар ин, коршиносон мегӯянд, роҳандозии хадамоте, назири «Интернети кӯдакона» волидайнро низ ором хоҳад кард ва нигаронии онҳоро аз сарнавишти фарзандонашон бартараф хоҳад намуд. Дилором Неъматова, сокини шаҳри Душанбе, ки соҳиби ду фарзанд аст, мегӯяд, ҳангоми дар кор будани ӯву ҳамсараш писари 12 солаашон аз сайтҳои номатлуб ва ҳар гуна бозиҳои зиёновар истифода мебарад ва ӯ маҷбур шудааст, ки ӯро зери лату кӯб бигирад. Аммо ба таъкиди Дилором ин ҳам кӯмак накард.
Аз сӯи дигар хонум Неъматова мегӯяд, ба компутер гузоштани калидвожа ҳам мушкилии онҳоро ҳал нанамуд. Гузашта аз ин вай хост бо дасткашӣ аз хадамоти интернетӣ дар хона писарашро билкул аз он маҳрум кунад, вале ин ҳам кӯмак карда натавонист, «мо имрӯз пешгирӣ карда наметавонем, ки кӯдакон аз интернет истифода накунанд. Меравад ба интернет-кафе 3 сомонӣ медиҳаду як соат бозӣ мекунад, ягон кас вайро назорат карда наметавонад. Падару модар ҳам вақт надорад, ки ҳамвора аз пайи фарзандонаш назорат кунад, ки онҳо аз кадом сайтҳо истифода мекунанд. Ё ин ки бештар писарам аз майл агент истифода мебарад, таъсири хеле бад дорад, чунки дар он ҳастанд одамоне, ки аз нодонии кӯдакон истифода мебаранд.»
Феълан хадамоти «Интернети кӯдакона» дар аксар кишварҳои ҷаҳон роҳандозӣ шудааст ва аммо таҷриба нишон медиҳад, ки бинобар шавқовар набудани сомонаҳои он, ин гуна хизматрасониҳо дар байни аксари наврасон маҳбубият ва талабгор пайдо намекунад.
Ҷаҳонгир, як навраси 13 солаи тоҷик мегӯяд, «ман бештар аз сайтҳои шиносоӣ ба мисли «Одноклассники», «Фейсбук», «Майл ру» истифода бурда, бо хешу таборон, дӯстонам, ки дар Русия ва дигар кишварҳо ҳастанд, суҳбат мекунам. Дар ин сайтҳо бозиҳои гуногун ҳам ҳастанд. Масалан «Побег из тюрмы», «Ферма», «Казаки» ҳастанд, бешуморанд ин гуна бозиҳо. Мо ҳоло калон шуда истодаем, афсонаву бозиҳои кӯдакона бароямон шавқовар нест.»
Ин ҳам дар ҳолест, ки феълан дастандаркорони ширкати «Телеком Технолоҷи» мехоҳанд, дар ин самт ҳамкориро бо муассисаҳои таълимии кишвар қавӣ намуда, хизматрасонии мазкурро дар боғчаву мактаб ва литсею гимназияҳо ба роҳ монанд.
Зимнан, истифода аз ин хадамот, дар як моҳ барои шаҳрвандони оддӣ вобаста ба суръати интернет аз 40 то 250 сомонӣ ва барои муассисаҳо аз 75 то бештар аз 2 ҳазор сомонӣ тамом мешавад.