Тоҷирони бозори «Сомон» дар мулоқот бо мақомот гуфтаанд, фаъолияти худро аз сар хоҳанд гирифт ва дархостҳои худро ба таври хаттӣ пешниҳод хоҳанд кард.
Вохӯрии тоҷирон бо мақомот баъд аз нимрӯзи душанбеи 4--ум феврал, дар толори ҳукумати шаҳри Чкалов бо иштироки раҳбарияти ин шаҳр, муовинони аввали раиси ҳукумати Суғд, намояндагони идораҳои андоз ва бархе дигар мақомоти дахлдор ва даҳҳо тоҷирони бозори мазкур анҷом гирифтааст.
Бозори «Сомон» дар канори шоҳроҳи Хуҳанд – Ғафуров воқеъ аст ва аз нигоҳи маъмурӣ дар тобеияти ҳукумати шаҳри Чкалов қарор дорад.
Чаро тоҷирони бозори «Сомон» коршиканӣ карданд?
Ҳоҷӣ Карим, мудири кули бозори «Сомон» ба Озодӣ гуфт, дар ин мулоқот мақомот ба фурӯшандагони бозор гуфтанд, ки дар доираи қонун ба ҳаллу фасли мушкилот ва беҳтар кардани фазои фаъолияти онҳо талош хоҳанд кард:
«Мақомот гуфтанд, ки андоз мутобиқи қонун баланд карда шудааст ва барои ҳама соҳибкорони Тоҷикистон ягона аст ва мақомот ҳаққи зиёд ё кам кардани онро надоранд. Аммо онҳо навгонии Кодекси андоз ва имтиёзҳои муқарраркардаи онро шарҳу тавзеҳ доданд, ки мавриди қабул қарор гирифт. Ва тоҷирон гуфтанд, ки имрӯз, 5-уми феврал ба кор мебароянд.»
Як манбаи муътамад аз ҳукумати шаҳри Чкалов, ки дар ин мулоқот иштирок доштааст, ба "Озодӣ" гуфт, мақомот гуфтаанд, агар тоҷирон бо шаҳодатномаи фаъолият ба савдо машғул гарданд, аз рӯйи Кодекси андоз ба давлат андози ягонае хоҳанд супурд, ки маблағҳои иҷора, андоз аз даромад, маблағҳои барқ ва дигар хидматрасониҳои коммуналиро дарбар мегирад.
Ва ин тавзеҳ аз ҷониби тоҷирон хуш қабул шудааст. Аммо роҳи дуюми фаъолият, бо иҷозанома ё патент танҳо пардохти 363 сомонӣ андози моҳонаро пешбинӣ карда, супурдани маблағҳои иҷораву барқ ва хадамоти коммуналиро бар дӯши худи тоҷир мегузорад. Тоҷирон бояд яке аз ин ду роҳи қонунии фаъолиятро қабул кунанд.
Мусоҳибам афзуд, тоҷирони бозори «Сомон» дар мулоқот бо мақомот баён доштанд, ки сари пазируфтани яке аз ин ду тарзи фаъолият тасмим хоҳанд гирифт ва тасмиму пешниҳодҳои худро ҷиҳати беҳтар намудани шароит ва фазои кории худ дар наздиктарин рӯзҳо ба таври хаттӣ ба мақомот ироа хоҳанд кард.
Рӯзи душанбеи 4-уми феврал даҳҳо тан аз тоҷирони бозори «Сомон» воқеъ дар шоҳроҳи Хуҷанд-Ғафуров, дар эътироз ба амалкарди мақомоти андоз, коршиканӣ кардаанд. Тартиби нави андозбандӣ, боиси норизоии тоҷирони бозори “Сомон” шудааст.