Вазир ҷинояткорӣ миёни ҷавононро "масъалаи доғи рӯз" хонд

Оморҳое, ки вазири умури дохилӣ овард, баёнгари афзоиши ҷинояткорӣ дар миёни ҷавонон ва аз ҷумла донишҷӯён ва духтарон аст.
Рамазон Раҳимов, вазири умури дохилии Тоҷикистон гуфтааст, соли гузашта 1621 ҷавони тоҷикро, ки ғайриқонунӣ дар мадрасаҳои динии хориҷӣ таҳсил мекарданд, ба кишвар баргардондаанд.

Дар маҷмӯъ ба гуфтаи ӯ, соли 2012 бештар аз 1820 ҷавони тоҷик дар чунин мадрасаҳо таҳсил мекарданд ва тақрибан 200 нафари онҳо то кунун ба Тоҷикистон бознагаштаанд. Дар нутқи тӯлонии вазири умури дохилӣ, ки дар торнамои вазорат нашр шудааст, омадааст, аз ҳисоби ҷавононе, ки аз мадрасаҳои динӣ бозгардонида шудаанд, 598 нафарашон сокинони Суғд ҳастанд ва 12 ҷавони суғдии дигар ҳанӯз ба таҳсили ғайриқонунӣ идома медиҳанд.

Рамазон Раҳимов омори мазкурро дар мулоқоташ рӯзи чаҳоршанбе бо устодон ва донишҷӯёни донишгоҳу донишкадаҳои вилояти Суғд эълом карда ва ибрози таассуф кардааст, ки “имрўз ҷавонон зери таъсири унсурҳои реаксионӣ (ифротӣ) монда, ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, ки ҳадафашон ноором сохтани авзои сиёсии ҷомеа мебошад, шомил мегарданд.”

Вазири умури дохилии Тоҷикистон аз устодону донишҷӯёни вилояти Суғд даъват кардааст, ки барои мубориза бо ифротгароӣ ва таҳдидҳои мавҷуд ба амнияти миллӣ, кӯмаки худро дареғ надоранд. Ба гуфтаи Рамазон Раҳимов, “гурӯҳҳои ифротгарову қувваҳои тахрибкор ва душманони миллат, бо ҳар роҳу восита вазъи сиёсиро халалдор карданӣ шуда, бо ҷалби наврасону ҷавонон ва шомил кардани онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, ниятҳои нопоки худро амалӣ карданӣ мешаванд.”

Мақомоти Тоҷикистон бо изҳори нигаронӣ аз гароиши ҷавонон ба гурӯҳҳои тундрав, чанд сол боз аст, ки саъй доранд, ҷавононеро, ки дар мадрасаҳои динии Арабистони Саудиву Миср ва Покистону Эрон ва дигар кишварҳои исломӣ таҳсил мекунанд, ба кишвар баргардонанд. Аз соли 2010 то кунун ҳазорон донишҷӯеро, ки ба гуфтаи мақомот 90 дар садашон фақат улуми динӣ меомӯхтанд, ба кишвар баргардониданд.

Ҳукумати Тоҷикистон бим дорад, ки таҳсил дар донишгоҳҳои мухталиф сабаби гаравидани ҷавонон ба шохаҳои мухталифи ислом ва тафриқаи мазҳабӣ дар кишвар мешавад. Айни замон Рамазон Раҳимов ҷиноякорӣ дар миёни ҷавонону наврасонро “масъалаи доғи рӯз” хонда ва гуфтааст, соли гузашта аз тарафи ин қишри ҷомеа 4530 ҷиноят содир шудааст, ки назар ба соли 2011 ҳам бештар аст.

Соли 2012 муфаттишони вазорат таҳқиқи парвандаҳои ҷиноии 56 донишҷӯро хотима дода ва барои баррасӣ ба додгоҳ фиристодаанд. Дуздиву қочоқ, авбошиву раҳзанӣ ва ҳамчунин одамкушӣ, аз ҷумлаи ҷиноятҳоест, ки ин донишҷӯёни тоҷик содир кардаанд. Вазири умури дохилии Тоҷикистон ҳамчунин ба масъалаи танфурӯшӣ дар миёни духтарон таваҷҷӯҳ карда ва аз ҷумла гуфтааст, ки то имрӯз дар кишвар 1303 танфурӯшро сабти ном кардаанд, ки 132 нафари онҳо ҳанӯз 18-сола нестанд.