Ваколатдори ҳуқуқи инсон ё Омбудсмени Тоҷикистон мегӯяд, далели шиканҷаю озори ноболиғонро дар муаассисаҳои ислоҳии кишвар пайдо накардааст.
Моҳе қабл як гурӯҳе аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба Омбудсмен шикоят бурданд, ки бо фарзандони ноболиғашон дар ин муассисаҳои ислоҳӣ бадрафторӣ сурат мегирад. Дарҳол пас аз ин шикоят масъулони бахши ҳуқуқи кӯдак дар дафтари Омбудсмен аз муассисаи ислоҳии ноболиғон дидан кардаанд. Узви ин ҳайат Раҷабмоҳ Бадриддинова, мегӯяд, дар пайи ташхиси тиббӣ дар бадани ноболиғон ягон нишонаи озору шиканҷаро муайян накарданд:
«Мо бо чанд нафар аз ин ноболиғон рӯ ба рӯ сӯҳбат кардем ва ба чунин хулоса омадем, ки баъзан риояи реҷаи муассисаи ислоҳӣ ба онҳо писанд намеояд ва бинобарин ба волидони худ шикоят мекунанд. Бояд бигӯям, ки дар ин муассиса ноболиғон воқеан душвортарбия ҳастанд ва бархе бо ҷурми одамкушӣ, дуздӣ ва бархе бори панҷуму шашум суд шудааст.»
Аммо ин посухи ваколатдори ҳуқуқи кӯдак волидони нигаронро чандон қонеъ накардааст. Яке аз ин занон, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард ва хоҳарзодааш дар муассисаи ислоҳотии ноболиғон нигоҳубин мешавад, гуфт, “пас аз шикоятҳои пайвастаи ноболиғон ба Обудсмен муроҷиат кардем, зеро тавре аз ҳолати зоҳирӣ ва равонии наврасон мушоҳида мешуд, вазъи онҳо воқеан ҳам нигаронкунанда буд. Рӯзе набуд, ки модаре ба муасссиса раваду бо ашки чашм аз он ҷо берун нашавад. Баъзе бачаҳо мегуфтаанд, ки агар чора набинед, худро мекушем. Пас аз ин муроҷиати кардем ва баъди боздиди омбудсмену тафтишҳо албатта ҳоло вазъ каме беҳтар шудааст. Аммо ҳар қадами ноболиғон ва ҳар сӯҳбати онҳо таҳти назорат аст ва ҳоло то ҷое хабар ёфтем масъулини ин муассиса аз пайи дарёфти номҳои волидони ҳамон 6 нафаре ҳастанд, ки шикоят кардаанд”
Дар ҳамин ҳол ҳуқуқдони тоҷик, Раҳматулло Зоиров, ки аз ин қазия огоҳ аст ва волидон ба ӯ ҳам муроҷиат карда будаанд, мегӯяд, чунин тафтишҳо ғолибан наметавонанд, асли воқеаро рӯшан кунанд, зеро барои чунин бозрасиҳо масъулони муассисаҳои ислоҳотӣ аз пеш омода мешаванд. Бино бар ин ба гуфтаи Зоиров бо як тафтишу боздид аз муассисаи ноболиғон, масъулини ваколатдори ҳуқуқи инсон набояд чунин хулосагирӣ кунанд ва иддаои на як ё ду балки чанд падару модарро рад намоянд: «Хусусан дар муассисаҳое, ки ноболиғон нигаҳдорӣ мешаванд, одатан ба ягон намояндаи додситонӣ ё омбудсмен бовар намекунанд ва ноболиғон ба ин намояндаҳо иттилоеро намедиҳанд. Баъдан вақте як намоянда, ки бо иштироки додситону корманди муассисаи ислоҳӣ бо ноболиғони маҳбус сӯҳбат мекунаду дар ин асос хулоса пешниҳод мекунад, ин кори нодуруст аст. Ягон падару модаре, ки фарзандаш дар чунин муассиса нигаҳдорӣ мешавад намехоҳад шикоят кунад, метарсад. Вале вақте азоби писарашро мебинаду дигар барои кӯмак имконияте пайдо намекунад, маҷбур мешавад, шикоят барад.»
Ба гуфтаи Раҳматулло Зоиров чунин амалкарди масъулони ваколатдори ҳуқуқи кӯдак, метавонад эътимоди волидайнеро, ки бо умеди ҳимоя аз ҳуқуқи фарзандони худ ба ин даргоҳ муроҷиат мекунад, коҳиш медиҳад.
Зимнан бахши ҳуқуқи кӯдак дар назди ваколатдори ҳуқуқи инсони Тоҷикистон амалан моҳи сентябр ба фаъолият шурӯъ кардаст . Гулҷаҳон Умарова, сардори шӯъбаи ҳуқуқи кӯдаки идораи Омбудсмени Тоҷикистон мегӯяд, дар 6 моҳи фаъолияти аз сӯйи волидону ноболиғон ба ин ниҳод, ҳудуди 10 шикоят ворид шудааст ва онҳо талош кардаанд ба мушкилоти онҳо расидагӣ кунанд ва дар чандин маврид ба ин муваффақ ҳам шудаанд.
Аммо мутахассисону коршиносони масоили кӯдакон бо дарназардошти мушкилоти фаровоне, ки гиребонгири ноболиғони тоҷик ва мояи нигаронии масъулин шудааст, кори шӯъбаи вижаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар назди омбудсмени Тоҷикистонро чандон чашмрас арзёбӣ намекунанд.
Бино бар омори бунёди кӯдаки Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон наздик ба 200 ҳазор кӯдак барои мадад ба оилаи худ машғули коранд ва мизони ҷинояткорӣ миёни ноболиғону наврасон ҳам сол то сол афзоиш меёбад. Танҳо дар соли 2012 мизони ҷинояткории ҷавонон 20 дар сад афзудааст. Атфолу ноболиғон аз қишри осебпазири Тоҷикистон арзёбӣ мешаванд, ки ҳуқуқи онҳо қариб дар ҳар сари қадам шурӯъ аз хонавода то мактабу бозори кор нақз мегардад. Ин ҳам дар ҳоле, ки онҳо аз ҳаққу ҳуқуқи худ огаҳ нестанд ва наметавонанд аз худ ҳимоя кунанд.