Ҳушдор аз мутаваққиф шудани тавлиди барқ дар "Сангтӯда 1"

Нерӯгоҳи "Сангтӯда 1"

Масъулини нерӯгоҳи «Сангтӯда 1», ки 15 дарсади барқи Тоҷикистонро тавлид мекунад, аз мутаваққиф шудани фаъолияти он ҳушдор медиҳанд.
Сергей Кобсов, мудири кулли нерӯгоҳи «Сангтӯда 1», зимни нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе изҳор дошт, ки вазъи бади молии нерӯгоҳ, ки рӯз ба рӯз шиддат меёбад, метавонад боиси қатъ шудани фаъолияти нерӯгоҳ гардад. Ӯ изҳор дошт, ки танҳо барои фаъол нигоҳ доштани нерӯгоҳ дар як сол ҳудуди 200 миллион сомонӣ зарур аст. Мудири "Сангтӯда 1" илова намуд, ки соли 2012 –ум ба ширкати «Барқи тоҷик» дар ҳаҷми 200 миллион сомонӣ барқ фурӯхтаанд вале ин ширкат танҳо 42 дарсади ин маблағро пардохт кардаасту халос. Кобсов дар вазъияти бади нерӯгоҳ, ширкати «Барқи тоҷик» - ро гунаҳкор кард, ки на танҳо ҳаҷми мувофиқашудаи барқро харидорӣ намекунад, балки нисфи маблағи он барқеро, ки то имрӯз гирифтааст, пардохт намкардааст.

Масъулини «Сангтӯда 1» мегӯянд аз замони фаъол шудани якумин чархаи «Сангтӯда 1» то ҳозир, ба ширкати «Барқи тоҷик» дар ҳаҷми 730 миллион сомонӣ барқ додаанд, ки 320 миллиони он ҳанӯз дода нашудааст. Ин мушкил ба гуфтаи масъулини "Сангтӯда 1" онҳоро ба қатори калонтарин қарздорҳо аз андоз ворид кардааст. Раҳбарияти "Сангтӯда 1" ҳаҷми қарзашонро аз будҷаи Тоҷикистон 37 миллион сомонӣ гуфта, таъкид мекунанд, ки эҳтимоли бастани суратҳисобҳояшон аз ҷониби идораи андоз мавҷуд аст.

Роҳбарияти «Сангтуда -1», ки 25 дарсади саҳмияҳояш ба Тоҷикистон ва боқимонда ба Русия тааллуқ доранд, инчунин ширкати «Барқи тоҷик» - ро дар тафриқаандозӣ муттаҳам мекунад, ки хариди барқро аз ин нерӯгоҳ кам кардааст.

Дар робита ба ин қазия, мудирони ширкати «Барқи тоҷик» далелҳои худро дорад. Ба гуфтаи ин ширкат коҳиши хариди барқ аз "Сангтӯда 1" дар фасли гармо ба адами хатти интиқоли энергия ба хориҷи кишвар марбут аст. Абдулло Ёров, раиси «Барқи тоҷик» зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе, инчунин изҳор дошт, ки ҳар килловати барқи «Сангтӯда 1» - ро, аз чархаи нерӯгоҳ бо нархи 11,8 дирам мехаранд ва он бо назардошти 15 дарсади талафоти техникӣ ва 10 дарсади талафоти тиҷоратӣ то ба 15 дирам мерасад. Дар ҳоле, ки худи ширкат ҳар килловати ин барқро ба муштариёнаш ба ҳисоби миёна бо нархи 8.6 дирам мефурӯшад. Аммо масъулини «Сангтӯда 1» мегӯянд нархгузории барқи нерӯгоҳ тибқи созишномаи Русия ва Тоҷикистон аз соли 2009 –ум амалӣ шуда, ҳамасола 4 дарсад афзоиш меёбад.

Радду бадали изҳорот миёни ширкати «Барқи тоҷик» ва нерӯгоҳи «Сангтӯда 1» дар ҳолест, ки интизор меравад, ин қазия дар моҳи феврал зимни ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия, бо иштироки Игор Шувалов, муовини аввали сарвазири Русия баррасӣ шавад. Ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ба Русия реструктуризатсияи қарзи «Сангтӯда 1» - ро пешниҳод кунад ва инчунин талаб намояд, ки то замони пардохти пурраи қарзҳои ин нерӯгоҳ, нархи барқи он боло бардошта нашавад.

Раванди реструктуризатсияи қарз, дар ҳолатҳое татбиқ мешавад, ки қарздор тавони бозпас додани маблағро надорад ва бинобар ин, муҳлати бозгардондани маблағҳо дароз мешавад, қисман лағв мегардад ё қисме аз моликияти қарздор ба ихтиёри қарздеҳ мегузарад.