Оқосӣ: "Теҳрон бояд амрикоии ғайбзадаро ёбад"

Роберт Левинсон ( ин акс дар моҳи апрели соли 2011-ум ба оилаи Левинсон тавассути паёми электронӣ фиристода шудааст)

Вакили оилаи собиқ афсари бе ному нишон шудаи амрикоӣ мегӯяд, Теҳрон бояд бо як амрикоии муқими Эронро бозпурсӣ намояд.
Собиқ афсари хадамоти тафтишоти ИМА (FBI) Роберт Левинсон дар моҳи марти соли 2007-ум дар ҷазираи Кеши Эрон бе ному нишон шудааст. Ба қавли наздикони Левинсон ӯ бо ҳадафи таҳқиқи хусусии қочоқи сигарет ба Кеш сафар карда буд ва мебоист дар он ҷо бо як шаҳрванди Амрико мулоқот намояд. Дар як сӯҳбати вижа бо Радиои Озодӣ вакили оилаи Левинсон Муҳаммадҳусейн Оқосӣ гуфт:
Ман беш аз як дафъа ба ҷануби Эрон сафар кардаам. Дар ибтидо касе бовар намекард, ки Левинсон аслан вориди хоки Эрон шудааст. Вале таҳқиқоти ман собит намуд, ки Левинсон вориди хоки Эрон шуда буд ва тӯли 24 соат дар ҷазираи Кеш ҳузур дошт. Бар илова ӯ бо як амрикоие, ки дар Эрон паноҳгоҳ ёфтааст, мулоқот кард. Хуллас, ӯ вориди Эрон шуда буд ва эҳтимолан ҳангоми бозгашт ба Имороти Муттаҳидаи Араб дар роҳ аз меҳмонхона ба фурудгоҳ бе ному нишон шуд. Номи он амрикоӣ дар Эрон Довуд Салоҳуддин аст. Албатта дар Амрико шояд номаш дигар бошад.”
Довуд Салоҳуддин номи Дейвид Теодор Белфилд аст, ки қотили собиқ сухангӯи сафорати Эрон дар ИМА Алӣ Акбар Таботабоӣ ба шумор меравад. Таботабоӣ, ки баъди инқилоби исломии Эрон ба яке аз мунаққидони шадиди оятулло Хумайнӣ табдил ёфта буд, дар моҳи июли соли 1980 дар наздикиҳои Вашингтон ба қатл расидааст. Белфилд баъди ин куштор ба Эрон фирор кард ва то кунун дар он ҷо бо номи Довуд Салоҳуддин иқомат дорад. Ҳамчунон ин шахс дар филми “Қандаҳор”-и коргардони эронӣ Муҳсини Махмалбоф нақш бозидааст.
Муҳаммадҳусейн Оқосӣ мегӯяд, ӯ бо ин шахс(Довуд Салоҳуддин) вохӯрдаааст, вале бовар надорад, ки Салоҳуддин рост мегӯяд. Аз ин рӯ, Оқосӣ ӯро дар ҳисоби муттаҳамҳо шомил намудааст ва таъкид мекунад, ки мақомоти эронӣ бояд ин шахсро истинтоқ намуда, дар бораи мулоқоти ӯ бо Левинсон ва мӯҳтавои сӯҳбаташон тафсилот гиранд.
Оқосӣ хотирнишон мекунад, ки як дафъа ҳайате аз номи парламенти Эрон ва як бори дигар ҳайате аз номи вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурии исломӣ ба Кеш сафар карда, шароити ғайб задани Левинсонро таҳқиқ кардаанд. Бар пояи ин таҳқиқот Оқосӣ хулоса мекунад, ки воқеан мақомоти эронӣ дар ғайб задани Левинсон нақш надоранд.
Оқосӣ мегӯяд, соли гузашта котиби давлатии ИМА хонум Ҳилларӣ Клинтон иброз дошт, ки Левинсон дар як кишвари ҷанубу ғарбии Осиё нигаҳ дошта мешавад ва ин изҳорот таҳқиқи қазияро душвортар кардааст.
Ба қавли Оқосӣ акнун вақте ӯ аз мақомоти эронӣ дар бораи ғайб задани Левинсон суол мекунад, онҳо мегӯянд, “як мақоми баландпояи амрикоӣ (Ҳилларӣ Клинтон)эътироф кардааст, ки Левинсон дар Эрон ҳузур надорад, пас чаро ӯро дар Эрон ҷустуҷӯ доред?
Вале Оқосӣ таъкид мекунад, ки Левинсон дар Эрон бе ному нишон шуд ва аз ин рӯ, ҷумҳури исломӣ масъул аст, ки масъулони одамрабоиро ёфта, ба ҷавобгарӣ кашад.