Ҷавонони Тоҷикистон ҳарчӣ бештар ба тундравӣ, чӣ мазҳабӣ ва чӣ дунявӣ майл мекунанд ва дар шароити коҳиши таҳаммулпазирӣ дар ду қутби зидди ҳам қарор мегиранд.
Ширкаткунандагони ҳамоиши «Ислом: таҳаммулпазирӣ ва ҷавонон», ки дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, аз эҳтимоли ба вуҷуд омадани ихтилоф миёни тундравии дунявӣ ва мазҳабӣ дар Тоҷикистон ҳушдор доданд.
Ба таъкиди онҳо Тоҷикистон бо он ки низоми демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёдро пешгирифтааст, кишварест, ки беш аз 70 сол дар султаи низоми коммунистӣ қарор дошт ва таҳаммулпазирӣ миёни ҷомеа бо истифода аз зӯр назорат мешуд. Аммо бо касби истиқлол, мафкураи мазҳабӣ ва дунявӣ роиҷ шуд ва ин ҳадди ифроти ин ду ақида мисли ду мавҷест, ки муқобили ҳам ҳаракат доранд.
Абдумалик Қодиров, раҳбари намояндагии «Пажӯҳишгоҳи Ҷанг ва сулҳ»-и Бритониё дар Тоҷикистон, ки яке аз мубтакирони ин ҳамоиш аст, гуфт, таҳаммулапазирӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон ба маротиб коҳиш ёфтааст ва ин амр метавонад паёмади номатлубе ба дунбол дошта бошад.
Ӯ аз ҷумла афзуд, «соле қабл дар Душанбе ҷавоне ба қатл расонда шуда, ки дар тан либоси «Бобои барфӣ»-ро дошт ва ин нишонаи он буд, ки ҷавонони имрӯза натавонистанд фарҳанги дигарро таҳаммул кунанд. Ва ё як мисоли дигар, ба наздикӣ, қабл аз соли нав Муҳибуллои Қурбон дар сомонаи ҲНИТ пешниҳод кард, ки дар майдони марказӣ арча нагузорем ва хароҷоте, ки барои он сарф мешавад, ба кампирҳои масеҳӣ кӯмакпулӣ намоем. Дар ивазаш чӣ қадр ҳангомаҳое сохтанд, ки мусалмонон зидди ҷашн гирифтани соли нави масеҳист. Ин ҳама нишонаи он аст, ки дар ҷомеаи мо мардум рӯ ба адами таҳаммул ниҳоданд ва чунин мисолҳо мутаасиффона ҳамарӯза меафзояд.»
Ба таъкиди таҳлилгарон, пастии маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ ва дуруст фаъолият набурдани марказҳои омузишии динӣ дар Тоҷикистон, ба он мунҷар шудааст, ки ҷавонони дар ду самт қарор дошта, бо ҳам мадоро кардан наметавонанд. Аз ҷумла гуфта мешавад, як қишри ҷавонон арзишҳои муосирро аз зовияи динӣ нигоҳ карда, ба қавонини ислом мувофиқ намедонанд ва бо онҳое, ки назарҳои дунявӣ доранд, вориди баҳс мешаванд.
Аз ҷумла Умед Бобохонов, муассис ва раҳбари медиа-холдинги «Азия-Плюс» мегӯяд, «мешавад мушоҳида кард, ки дар баҳсҳои фейсбукӣ ва ё кӯчаву хиёбонҳо, ҷавонон фикри мухолифро қабул намекунанд. Ва мегӯянд, набояд дар ҷомеа ин гуна ақидаҳо садо бидиҳанду ин гуна афрод бошанд. Ин асосан ба бесаводӣ ва ҷоҳилии ҷавонон вобаста аст, ки маълумоти кофии динӣ надоранд. Бубинед, дар кишвар мо ҳамагӣ 7 муассисаи таълимоти динӣ фаъолият мекунад. Ин ҳам дар ҳолест, ки нисфи аҳолииро ҷавонон ташкил медиҳад, аз ҳамин миқдор як фойизаш ҳатман мехоҳад дар соҳаи дин бештар маълумот гиранд, аммо чунин имкониятро надорад ва дар назди муллоҳои камсавод таълим мегиранд, ки Худо медонад ба онҳо чӣ омӯхта мешавад.»
Аммо Ҷумъахон Алимӣ, таҳлилгари тоҷик ва яке аз иштирокдорони ҳамоиши мазкур бар ин аст, ки мо дар ҷаҳони зудтағйирёбанда ба сар мебарем ва бинобар ин Тоҷикистон бояд, аз баҳри бархе аз расму русуми хурофотиву аҷдодӣ бигзарад. Ба ақидаи ин таҳлилагар, ҳоли ҳозир дар мавриди ин масоили ҷузъӣ, баҳс кардан ҳеҷ арзише надорад.
Аммо ҷаноби Алимӣ меафзояд, дар ин баробар аз ҳад зиёд ғарбгаро будан низ нашояд, «зеро демократия ҳам моли мо нест ва мо наметавонем ба ҷомеа он равиши зиндагие, ки дар Амрикову Аврупост, таҳмил кунем. Худи ман принсипи демократияро мепазирам ва ҷонибдори онам, ки тамоми қонунҳо бояд бар асоси суннату воқеиятҳои умдаи миллати тоҷик мувофиқ карда шавад.»
Дар ҳамин ҳол пажӯҳишгарони маркази «Сипеҳр» омилҳои адами таҳаммулпазирӣ миёни ҷавононро ба бекорӣ ва фақр дар дохил ва таҳоҷуми фарҳанги бегона аз хориҷ марбут медонанд. Ба гуфтаи Саидаҳмади Қаландар, раҳбари ин марказ, таҳқиқоти онҳо собит намудааст, ки пайдо накардани ҷойи кор дар ватан ва бо табъиз рӯ ба рӯ шудан дар хориҷ ба ҳангоми муҳоҷирати меҳнатӣ, косаи таҳаммулпазириро то андозае лабрез карда, ҷавононро ба доми гурӯҳҳои ифротӣ тела медиҳад. Ӯ аз ҷумла гуфт, «ҳамин омилҳо дар маҷмӯъ сабаби он мешаванд, ки ба ҷои шиори ҷомеа қарор додани раҳм шафқат, мурувват ва хайрхоҳӣ, ба таҳқири ҳамдигар, зӯроварӣ, нафрат ва даст ба гиребон шудан оварда мерасонад.»
Гузашта аз ин, ба ақидаи ширкатдорони ҳамоиш, омилҳои дигаре, низ дар ҷомеа вуҷуд доранд, ки ба адами таҳаммулпазирӣ боис мешаванд. Ба гуфтаи онҳо, набудани барномаҳои самарбахш, нақзи қонун аз ҷониби худи қонунсозон ва сиёсатҳои диктаторӣ мардумро беш аз пеш таҳаммулнопазир мекунад. Таъкид шуд, ки давлат ба хотири таблиғи таҳаммулпазирӣ бояд худ намуна бошад ва миёни қишрҳову ақидаҳову намояндагони мухталифи ҷомеа фарқ нагузорад.