Забони давлатӣ барои мансабдорон ҳатмӣ мешавад?

Аз ин ба баъд, ҳини таъйини афрод ба вазифаҳои расмӣ, дониши забони давлатӣ баробар бо сатҳи тахассуси онҳо, ба эътибор гирифта мешавад.
Бибиосия Ғуломова, муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Тоҷикистон дар нишасти хабарии худ рӯзи 28-уми январ гуфт, ки ҳангоми таъйини мутахассисон ба ин ё он вазифа ва мансаб, дониши забони давлтӣ баробар ба сатҳи тахассуси онҳо, талаб карда мешавад.

Муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати Тоҷикистон иброз дошт, ки дар ин бора худи раисҷумҳури кишвар низ дар мулоқоташ, ки 4-уми октябри соли 2012 ба муносибати Рӯзи забон баргузор шуд, дастур дода буд.

Тибқи дастури президенти кишвар, раҳбарони корхонаву идора ва вазоратхонаҳо бояд забони давлатиро дар сатҳи зарурӣ донанд, ки дар ин масъала мушовири президенти кишвар оид ба сиёсати кадрҳо, вазифадор шудааст.

Бархе аз рӯзноманигорон мегӯянд, ки дар нишастҳои хабарӣ бархе вазирон ва мансабдороне ҳастанд, ки бо забони давлатӣ фикр ва матлаби худро баён дошта наметавоанад ва вақте, ки нуқтаи назари онҳоро нашр мекунанд, ҳатман баҳс мекунанд ва изҳори норозигӣ менамоянд. Кор ба ҷое мерасад, ки даъвои додгоҳӣ дар миён мехезад ва зарурати пешниҳоди сабти овоз ба миён меояд.

Дар моҳи июни соли гузашта Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо ворид кардани тағйиру иловаҳо ба қонуни конститутсионии кишвар "Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Тоҷикистон", донистани забони давлатӣ ба вакилонро ҳатмӣ эълон карда буд.

Донистани забони давлатӣ барои довталабон ба мақомҳои давлатӣ дар ҳоле матраҳ мешавад, ки аз қабули нахустин қонуни забони тоҷикӣ дар даврони ошкорбаёнии горбачёвӣ, беш аз 20 сол мегузарад.