Вазири нақлиёти Тоҷикистон мегӯяд, аз эҳтимол дур нест, ки баъзе аз шоҳроҳҳои муҳими кишвар дар солҳои наздик пулакӣ шаванд.
Аммо, афзуд Низом Ҳакимов, вай гумон намекунад, ки ин тасмим то соли 2014 гирифта шавад.
Вазири нақлиёти Тоҷикистон дар нишасти хабарии рӯзи душанбеи 28-уми январ гуфт, «агар, ки мо имрӯз барои ҳар як километр роҳи дар лоиҳа буда, аз 800 то 1 миллиону 200 ҳазор доллар сарф кунем, онро нигоҳбин кардан лозим аст. Шояд баъзе аз ин роҳҳо пулакӣ шаванд, лекин ҳамаи инро мо ҳисобу китоб мекунем ва бо мутахассисони дигар вазоратхонаҳову кумитаҳо месанҷем. Бешубҳа, дар рӯзномаву маҷаллаҳо дар ин бора нашр мешавад, то фикри мардумро низ бигирем, ки то чӣ андоза ин қобили қабул аст. »
Ба гуфтаи ҷаноби Ҳакимов, дар ҳоли ҳозир танҳо роҳи Душанбе-Чаноқ, ки пойтахти Тоҷикистонро бо шимоли кишвар мепайвандад, пулакӣ буда, ҷамъоварии маблағи истифодаи он бар дӯши ширкати IRS (Innovative Road Solutions) аст. Аммо ин ширкат, ки дар минтақаи “офф-шор” сабтином шудаву аз як қатор имтиёзҳои махсус бархӯрдор аст, то ҳанӯз ошкор накардааст, ки аз ҳаракати мошинҳо дар ин роҳ чӣ қадар пул ҷамъ меорад ва чӣ маблағеро барои нигаҳдории роҳ сарф мекунад.
Аслиддин Шамиров, сухангӯи ширкати IRS мегӯяд, «даромаду хароҷоти ширкат аз боришҳо вобаста аст. Айни ҳол гуфтан душвор аст, ки ин маблағ кифоя аст ё нест. Ба ҳар ҳол, ширкат ӯҳдадор аст, ки баъд аз 10 сол таъмири куллӣ гузаронад. Барои ин фонди захиравӣ таъсис дода шудааст. Аз ин хотир дар мавриди кифоятии маблағ сухан гуфтан мушкил аст.»
Ба иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ҳоли ҳозир дар кишвар 374 ҳазор мошини гуногунтамға аз муоинаи техникӣ гузашта, барои ҳар кадом андози роҳ пардохта мешавад. Ба ҳисоби миёна аз ҳар як василаи нақлиётӣ 65 доллар ҳамчун андози нақлиёт ба буҷа ворид мегардад, ки ҳудуди 25 миллион долларро ташкил медиҳад ва ин маблағ барои таъмир ва сохтмони роҳҳои нав истифода мешавад. Ин ҳам дар ҳолест, ки ба гуфтаи иқтисодшиносон, маблағе, ки ширкати IRS ҷамъ меорад, ба маротиб бештар аст.
Вале Бӯрӣ Каримов, вазири пешини роҳсозӣ ва муовини собиқи сарвазири Тоҷикистон, гуфт, дар охири соли гузашта дар як ҳамоиши вижа дар Маскав, ки ба роҳҳои пулакӣ ихтисос ёфта буд, намояндагони ширкати IRS низ ҳузур доштанд. Ба нақли ҷаноби Каримов, «онҳо гуфтанд, ҳоло пулҳое, ки барои беҳбуд сохтани роҳҳо ҷамъ шудаанд, басанда нест. Зеро роҳи пулакии мо тавассути кӯҳсор мегузарад ва селу тарма низ зиёд аст. Вале чун то ҳанӯз маълум нест, ки ин ширкат чи қадар маблағ ҷамъ кардааст ва ба кадом корҳо масраф намудааст, дар ин бора изҳори назар кардан хеле мушкил аст.»
Бо вуҷуди он, ки маълумоти дақиқ дар даст нест, вазири нақлиёти Тоҷикистон аз фаъолияти ширкат IRS изҳори қаноатмандӣ кард ва гуфт, ин ширкат танҳо дар соли гузашта ба буҷаи Тоҷикистон беш аз 3 миллион сомонӣ ворид кардааст.
Интизор меравад, ки то моҳи сентябри соли ҷорӣ нақби Чормағзак, ки Душанберо бо Кӯлоб пайваст мекунад, ба истифода дода шавад. Барои иҷрои ин тарҳ Чин 68 миллион доллар сарф кардааст. Эҳтимоли пулакӣ шудани роҳҳои навбунёд метавонад ба ин шоҳроҳ ва ҳамчунин 6 роҳи дигаре, ки бо сармояи байнулмилалӣ сохта мешаванд, дахл дошта бошад. Тақрибан ҳамаи ин роҳҳо дар масири худ ягона буда, дар канори онҳо роҳҳои алтернативӣ вуҷуд надоранд.
Бино ба маълумоти Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, дар кишвар 14 ҳазор километр роҳ мавҷуд аст, ки беш аз 8 ҳазор километри онро роҳҳои маҳаллӣ ташкил медиҳанд. Гуфта мешавад, барои нигаҳдории ин роҳҳо солона ҳудуди 500 миллион доллар лозим меояд. Биноан, ба гуфтаи вазири нақлиёти Тоҷикистон, Низом Ҳакимов, ин нархи гаронро танҳо роҳҳои пулакӣ фароҳам оварда метавонанд.