Маҷаллаи “Экономист” менависад, баъд аз рукуди чандинасра илм ба олами Ислом бармегардад ва дастовардҳои олимони кишварҳои исломӣ ақидаи вопаснигирии ин дину мамониати он ба илму пажӯҳишро рад мекунанд.
Ин маҷалла менигорад, эҳёи илм дар олами Ислом дар заминаи бедории фикрӣ, истиқлолияти зеҳнӣ, сармоягузории кофӣ ва ҳамкорӣ бо илми Ғарб имконпазир мегардад.
Бино бар пажӯҳиши ширкати иттилоотии “Томсон Ройтерс”, нақли қавл аз корҳои илмии донишмандони Миср, Эрон, Арабистони Саудӣ ва Туркия дар оғози солҳои 1990-ум аз ҳисоби миёни иқтибосҳои илмӣ дар ҷаҳон чаҳор мартаба камтар буд. Дар даҳ соли баъдӣ ин шохис ба андозаи 1 дарсад боло рафт ва дар нисбати Эрон 1,7 дарсадро ташкил медиҳад.
Олимони риштаҳои физика, химия, математика, табиатшиносӣ, биология, астрономия ва ҳандасаи кишварҳои исломӣ ба кашфиёте даст меёбанд, ки ҷаҳон онҳоро эътироф мекунанд. Дар соли 2005 танҳо як Донишгоҳи Ҳарвард аз 17 кишвари арабизабон дида бештар рисолаи илмӣ тавлид мекард. Аз ҷаҳони Ислом, ки 1 миллиарду 600 миллион аҳолӣ дорад, ҳамагӣ 2 барандаи Ҷоизаи Нобел дар химия ва физика баромад, ки ҳарду ба Ғарб кӯчиданд. Барои муқоиса, яҳудиён, ки сад баробар аз мусулмонон камтаранд, 79 ҷоиза бурдаанд.
57 кишвари узви Созмони Конфаронси Исломӣ ҳамагӣ бахши ночизи тавлидоти нохолиси миллии худ ё 0.81 дарсади онро ба илм сарф мекарданд. Ин дар ҳоле ки харҷи Амрико барои илм 2,9 ва Исроил 4,4 дарсад буд.
Бисёриҳо хусумати, ба гуфтаи онҳо, зотии Исломро ба илм сабаби рукуд мешумурданд. Дар бархе аз донишгоҳҳо, зоҳиран, намозро аз ҳама гуна илмҳо болотар мегузоштанд. Барои намуна, Донишгоҳи Қоиди Аъзами Исломобод се масҷид дорад, аммо дар он ягон фурӯшгоҳи китоб нест.
Аммо ба қавли рӯҳониён, таънаи онро, ки Ислом зотан вопасгарост, метавон, ба осонӣ рад кард. Зеро дар байни асрҳои 8 то 13, вақте Аврупо дар умқи ҷаҳлу торикӣ (dark ages) монда буд, илм дар сарзамини Ислом гул-гул мешукуфт. Илм ва Ислом на танҳо бо ҳам мезистанд, балки дин метавонист, ба навовариҳои илмӣ мадад кунад.
Рӯҳонӣ Мавлави Муҳаммадалӣ мегӯяд, дини мубини Ислом ҳаргиз монеи илмомӯзӣ ва пажӯҳишҳо набуда, балки аз оғози пайдоишаш ба хондану омӯхтан ташвиқ кардааст: “Ҳар як калима ва ҷумлаҳое, ки дар Қуръон ҳаст, тақозо мекунад, ки инсон бояд аз илми баланд бархӯрдор бошад. Барои ҳамин, Ислом ҳеҷ вақт садди роҳи илмомӯзӣ ва пажӯҳишҳо набуд. Касе фикр дорад, ки Ислом монеи рушди ислом шудааст, дидгоҳи танги ӯ дар бораи Ислом аст.”
Ин дар ҳолест, ки бисёриҳо ин суолро дар миён мегузоранд, пас, чаро дар чандин қарни охир илм дар кишварҳои мусулмон пешрафт накард? Маҷаллаи “Экономист” дар намунаи олими саршиноси физикаи ҳастаии Покистон, Парвиз Ҳудбой нишон додааст, ки муносибати сард ба илм на аз раҳбарони рӯҳонӣ, балки дунявӣ бархостааст, ки дар сармоягузорӣ ба илм хасисӣ мекарданд ва аммо мехостанд, ҳама гуна ақлҳои мустақилро зери назорат дошта бошанд.
Профессор Ҳудбой дар Донишгоҳи Улуми Идории Лоҳур, яке аз пешрафтатарин марказҳои илми Покистон, давраи омӯзишии “Илм ва умури ҷаҳонию мазҳабӣ”-ро таъсис дода буд. Донишҷӯён ин курсро дӯст медоштанд, аммо раёсати донишгоҳ бидуни шарҳ Ҳудбойро аз идомаи тадрис маҳрум кард. Монеаҳо дар роҳи олимон дар кишварҳои исломӣ зиёданд, вале муҳимтарини онҳо назарияи эволютсияи Дарвин аст.
Ясир Қозӣ, олими риштаи ҳандасаи кимиёӣ, мегӯяд, ин назария ба ҳамаи мавҷудоти дигар дахл дорад, вале Одаму Ҳаво падару модар надоштанд ва аз ҳеҷ махлуқи дигар ба дунё наомадаанд. Назарияи Дарвин барои бисёриҳо муайянкунандаи мусулмониии онҳост. Аммо монеаҳо рахнанопазир нестанд. Садҳо зистшинос ё биолог дар мамолики мусулмон тавонистаанд, дин ва илмро оштӣ диҳанд. Яке аз онҳо Фотима Ҷексон бар ин аст, ки илм тағйири ашёро нишон медиҳад ва Ислом ба гунаи бузургтар, сабабҳои ин дигаргуниҳоро. Биологи молекулярӣ дар Урдун, Раъно Даҷанӣ мегӯяд: “Қуръони маҷид китоби дарсӣ нест. Он роҳнамои зиндагист.”
Кашфиёти нави илмӣ, ба ақидаи ӯ, ба тафсири китоби муқаддас кӯмак хоҳад кард.
Бисёре аз олимон дар кишварҳои исломӣ хостори озодӣ ва истиқлоли комили зеҳниянд ва мегӯянд, чунин озодии олимон дар ҳоли густариш аст. Онҳо бовар доранд, ки гузаштаи илмии ҷаҳони Ислом ба рушди нави илм дар ин сарзамин мадад хоҳад намуд. Ин нуктаро олими тоҷик, раҳбари Пажӯҳишгоҳи астрофизикадар Душанбе Хурсанд Ибоддинов тасдиқ карда ва мегӯяд, аломатҳои пешрафти илм дар ҷаҳони Ислом дида мешавад. “Онҳо диданд, ки дигар илоҷ нест. Яъне, кишварҳои исломӣ низ бояд дар сатҳи замонавӣ дар истеҳсолоту тиб ва илму техника кор кунанд. Ҳамин гуна як намуди аз нав барқароршавии илм дар ҷаҳони Ислом мушоҳида мешавад”,-гуфт ӯ.
Ҷаноби Ибоддинов мегӯяд, новобаста аз он ки дини Ислом аст, насронӣ ва ё яҳудӣ, таассуб ва догматизим ё ақидаи шахшудаи динӣ метавонад монеи рушди илм ё пешрафт дар ҳама бахшҳо гардад. Бо ин ҳол, маҷаллаи “Экономист” зуҳури “Ал-Қонун”-и Абӯалӣ Сино (асри 11), аслҳои алгебраи Муҳаммад ал-Хоразмӣ (асри 9), кашфиёти Абурайҳони Берунӣ дар илми нуҷум ё ситорашиносӣ ва дастовардҳои дигарро заминаи инқилоби илмии ҷаҳони Ислом номида, ҳадиси набавиро овардааст, ки мегӯяд, “илм ба даст овар, агарчӣ дар Чин бошад”.