Низоъ дар Сух, изҳороти ахири Каримов барои дӯстӣ бо тоҷикону қирғизҳо ва амалиёт дар Мастчоҳу Конибодом дар меҳвари нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Душанбе қарор дорад.
«Миллат» низоъи ахир дар марзи миёни Узбакистону Қирғизистон, дар минтақаи Сухро ба чолиш кашида ва аз қавли коршиносон навиштааст, ки ин ҷанҷолҳо бар асари дасисаҳое рух доданд, ки аз қабл тарҳрезӣ шуда буданд. Нашрия аз қавли Марс Сариев, коршиноси қирғиз, менависад, дар қазияи Сух ҳадафҳои сиёсӣ нуҳуфта аст. Ба таъкиди ин коршинос, «Узбакистон талош мекунад аз таъсиси ба истилоҳ «ҷабҳаи воҳиди қирғизу тоҷик» ҷилавгирӣ шавад. Тошканд мехоҳад, қирғизу тоҷикон на ин ки иттиҳод накунанд, балки вориди низоъ бишаванд».
Нашрияи русизабони «Азия плюс» навиштааст, ки низоъ дар атрофи анклави узбакии Сух бори дигар собит кард, ки эҳтимоли сар задани муноқишаи этникӣ дар водии Фарғона дар ҳар замоне вуҷуд дорад. Ба навиштаи нашрия, мардум, ки ҳанӯз барои замин «меҷанганд», раҳбарони кишварҳо бошанд дар ҷабҳаи сиёсӣ дар разманд. Аммо дар айни вуқӯи ҳаводиси Сух изҳороти ахири Ислом Каримов, раиси ҷумҳури Узбакистон, ки «ягон неру наметавонад миёни мардуми Узбакистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон тухми кинаву адоват корад», «аҷибу ғариб» талаққӣ мешавад.
Раҷаби Мирзо, таҳлилгари сиёсӣ ва раиси Маркази пурсишҳои сотсиологии «Бозтоб», дар сӯҳбат бо ҳафтаномаи «Нигоҳ» изҳороти раиси ҷумҳури Узбакистонро «бозии нави сиёсӣ» медонад. Ба таъкиди Раҷаби Мирзо, «Каримов, ки бозигари моҳир будани худро тайи солҳои дароз нишон додааст, ҳоло ба хулосае расид, ки акнун бозиро имкон дорад бо дасти худ чархонад».
«Озодагон» изҳороти раиси ҷумҳури Узбакистонро ба маънии тағйир хурдани лаҳни Ислом Каримов қаламдод карда ва навишт, ки «маҳз пайвастани Тоҷикистон ба узвияти СҶТ ва истиқболи Душанбеву Бишкек аз таъсиси созмони АвруОсиё боиси нигарониҳои Каримов буда метавонанд. Ба ин далел нашрия мӯътақид аст, ки Ислом Каримов лаҳни худро тағйир дода мехоҳад то пешвоиро дар Осиёи Миёна аз даст надиҳад.
Ҳафтаномаи «СССР» ин суолро матраҳ кардааст, ки «Ба Ислом Каримов бовар кунем, ё на?». Сафват Бурҳонов гуфтааст, ки «ҳо, бояд бовар кунем. … МО ШАРТНОМАИ ДӮСТИИ АБАДӢ ДОРЕМ!!!». Аммо Сайёфи Мизроб гуфтааст, ки «чаро оқил кунад, коре, ки бор орад пушаймонӣ?! Кӯр 1 бор ба чоҳ меафтад!.... Оне, ки ба Каримов бовар мекунад, оқибат ин масалро такрор кардаву мушт бар сар хоҳад зад».
Нашрияи «Фараж» зимни он ки хислати Ислом Каримовро пешгӯинашаванда хондааст, ҳамзамон навишта, ки изҳороти раиси ҷумҳури Узбакистон низ чун хислаташ муаммост. Зеро ба навиштаи нашрия «на танҳо сиёсати пешгирифтаи Каримов ҳатто ҳадафи аслии вай чист, барои аксар коршиносон ва ҳатто зердастони худаш пӯшида аст."