Ҳамроҳони Ҷумъахон Азизовро озод кардаанд

Сафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, пулиси ноҳияи Одинтсовои вилояти Маскав ҳамаи 4 шаҳрванди Тоҷикистонро, ки 10 рӯз боз дар боздошт қарор доштанд, раҳо кардааст. Пулис рӯзи 12 январ ҳангоми талоши боздошти 5 мусофири як мошин аз силоҳ кор бурда буд, ки дар натиҷа Ҷумъахон Азизов, шаҳрванди 26-солаи Тоҷикистон кушта шуд. Ҷараёни таҳқиқи ин қазияро сафири Тоҷикистон дар Маскав Абдулмаҷид Достиев таҳти назорат гирифтааст. Сафорат изҳори умед кардааст, ки таҳқиқи қазия одилона сурат хоҳад гирифт.