Талошҳои беҳосили “Роҳи оҳан” дар ҳалли масъалаи Амузанг

Мақомоти ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон мегӯянд, талошҳояшон барои барқарории қитъаи роҳи оҳани Тирмиз-Амузанг бенатиҷа будааст.
Усмон Қаландаров, муовини раиси Роҳи оҳани Тоҷикистон, рӯзи 21-уми январ гуфт, қитъаи роҳи оҳани Тирмиз-Амузанг ҳанӯз барқарор нашуда, номаву дархости онҳо дар ин замина бе посух мондааст. Қитъаи роҳи оҳани Тирмиз-Амузанг, ки қисматҳои ҷанубии Тоҷикистону Узбакистонро мепайваст ва роҳи транзитӣ барои вилояти Хатлон ҳисоб мешуд, моҳи ноябри соли 2011 аз ҷониби мақомоти Узбакистон баста шуд. Тошканд гуфт, ин қисмати роҳ гӯиё дар пайи як амали террористӣ тахриб гардидааст.

Ин аст, ки ба гуфтаи Усмон Қаландаров, боркашонии транзитӣ ҳам дар соли ҷорӣ нисбат ба соли 2009 наздики 70 дарсад камтар шудааст. Ба гуфтаи ӯ, "боркашонии транзитӣ дар соли гузашта 2 миллиону 961 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки дар муқоиса ба соли 2011 беш аз 900 ҳазор тонна ва дар соли 2009 беш аз 6 миллион тонна камтар аст."

Усмон Қаландаров

"Барои барқарор кардани ин қитъаи роҳи оҳан, ки барои мо муҳим аст, ба созмонҳои байналмилалӣ муроҷиат кардем. Ягон кас дар ин масъала кӯмак накард. Ҳатто ҷониби Узбакистон дафъаҳои охир ба номаҳои мо посух намедиҳад",-афзуд Қаландаров. Муовини раиси ширкати "Роҳи оҳани Тоҷикистон" гуфт, дар ин қитъаи роҳи оҳан якуним ҳазор нафар кор мекарданд ва онҳо то ҳанӯз дар бахшҳои мухталиф фаъолияташонро идома медиҳанд. "Зеро агар онҳоро ҷавоб диҳем, омода кардани мутахассисон дар 10-15 сол мушкил аст",-гуфт ӯ.

Дар идомаи ин сӯҳбати худ муовини раиси ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон аз азияти мусофирони тоҷик дар марзи кишварҳои ҳамсоя лаб ба шиква кушод. Усмон Қаландаров гуфт, барои мисол, гумрукчиёну марзбонҳои ҳамсоя барои як сабти мазҳабӣ дар телефонҳояшон мусофирони тоҷикро то як соат нигоҳ медоранд ва пурсуҷӯ мекунанд. Инчунин, ба қавли Қаландаров, дар соли 2012 онҳо беш аз 240 корманди роҳи оҳанро дар пайи шикояти мусофирон аз кор озод кардаанд, ки аз ин ҳисоб 201 нафарашон роҳбалад ва сардорони қатораҳо будаанд.