Кобул чархболҳои боздоштшудаи «Тоҷик Эйр»-ро раҳо кард

Фурудгоҳи шаҳри Кобул.

Раҳбарияти «Тоҷик Эйр» мегӯяд, ду чархболи ин ширкатро, ки соли гузашта дар фурудгоҳи Кобул боздошт гардида буданд, бозпас гирифтанд.
Фируз Ҳамроев, мудири кулли ширкати «Тоҷик Эйр», рӯзи 21 –уми январ, зимни нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе изҳор дошт, ки аз ду чархбол, якеаш аллакай ба фурудгоҳи Душанбе оварда шудааст.

Ҳамроев илова намуд, ки айни ҳол гуруҳи мутахассисони ширкати «Тоҷик Эйр» ба Кобул фиристода шудаанд ва онҳо ба пас аз нигоҳубини вазъи фаннии чархболи дигар онро низ ба Душанбе меоранд. Ба иттилои Ҳамроев «Тоҷик Эйр» бо ширкати байналмилалии «Supreme Food”, ки ба нерӯҳои НАТО дар Афғонистон бо роҳи ҳавоӣ ғизову коло мекашонад, қарордоди ҳамкориро қатъ кард. Ба гуфтаи ӯ, чун қазияи боздошти чархболҳо ба ҳамкорӣ бо "Supreme Food" нисбат дошт, баъди қатъи ҳамкорӣ, барои нигоҳ доштани ин ду чархболи ширкаташон дар хоки Афғонистон зарурат намонд.

Тобистони соли 2012 дар робита ба истифодаи ин чархболҳо ва пардохти молиёт дар Афғонистон, сӯитафоҳуме сар зада буд. Маъмурони амнияти Афғонистон тайи чанд рӯз ба халабонҳои "Тоҷик Эйр" иҷозаи берун шудан аз Кобулро надоданд.

Баъди гуфтушунидҳо шоми 13 -уми июли соли 2012 панҷ халабони ширкати «Тоҷик Эйр», ки 45 рӯз аз тарафи мақомоти амниятии Афғонистон дар Кобул нигоҳ дошта мешуданд, ба Душанбе баргаштанд, вале чархболҳо дар хоки Афғонистон монданд.

Қазияи боздошти ду чархболи Тоҷикистон дар фурудгоҳи Кобул ба шартҳои нави Вазорати нақлиёт ва авиатсияи Афғонистон рабт дода мешуд, ки аз нерӯҳои НАТО талаб кард, ки ба Афғонистон андоз супоранд. Ба қавли масъулони «Тоҷик Эйр», то замони пардохти андоз аз тарафи НАТО, мақомоти Афғонистон ба чархболҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва кишварҳои дигар, ки бо ширкати «Supreme food” ҳамкорӣ доранд ва барои нерӯҳои НАТО ғизо мекашониданд, иҷозаи парвоз надод ва аз ҷумла ду чархболи ширкати "Тоҷик Эйр" дар тобистони гузашта дар Кобул боздошт шуда буданд.