Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико рӯзи якшанбеи 20-уми январ дар маросиме хусусӣ дар Кохи Сафед савганд ёд кард ва расман дуввумин давраи раёсати ҷумҳурии худро оғоз намуд.
Маросими умумии адои савганди Барак Обама рӯзи душанбе дар Вошингтон ва дар рӯбарӯи бинои Конгресси Амрико баргузор мешавад.
Ба гузориши CNN, Ҷо Байден, муовини аввали раиси ҷумҳури Амрико низ рӯзи якшанбе адои савгандро ба ҷой овард. Тибқи ин гузориш, дар маросими адои савганди Барак Обама, ҳамсари вай Мишел Обама ва ду духтари онҳо низ ҳузур доштанд.
Бар асоси Қонуни асосии Амрико, маросими адои савганд мебоист рӯзи 20-уми январ баргузор мешуд. Вале ба сабаби ин, ки 20-уми январ бо якшанбе, рӯзи таътил дар Амрико рост омад, ин маросим ба сурати хусусӣ баргузор шуд ва маросими умумӣ рӯзи душанбе дар муқобили Конгресси Амрико баргузор хоҳад шуд.
Ба гузориши CNN, интизор меравад дар маросими умумии савгандёдкунӣ ҳудуди 800 ҳазор нафар ширкат кунанд. Дар маросими адои савганди Барак Обама барои даври аввали раёсати ҷумҳурӣ дар соли 2009, ҳудуди як миллиону 800 ҳазор нафар ширкат карда буданд.
Барак Обама дар интихоботи раёсати ҷумҳури Амрико дар моҳи ноябри соли 2012 ба пирӯзӣ расид ва Митт Ромнӣ, номзади ҷумҳурихоҳро шикаст дод.