Дархости Тоҷикистон роҷеъ ба истирдоди Умаралӣ Қувватов, аз сӯи мақомоти Имороти Муттаҳидаи Араб мавриди омӯзиш қарор дорад.
Рамазон Раҳимов, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 18-уми январ зимни як нишасти матбуотӣ гуфт, ки дар ҳоли ҳозир дархости Тоҷикистон дар мавриди истирдоди Умаралӣ Қувватов, аз сӯи мақомоти Иморати Муттаҳидаи Араб мавриди омӯзиш қарор дорад.
Вай афзуд, ки агар онҳо пас аз омӯзиши ҳамаҷонибаи вазъи Умаралӣ Қувватов розӣ шаванд, ӯ ҳатман ба Тоҷикистон интиқол дода мешавад. Вазири корҳои дохилӣ ёдовар шуд, ки ин дархост аз тарафи Додситонии кулл тибқи созишномаи байниҳукуматии ду кишвар дар хусуси таслими ҷинояткорон, ба Иморати Муттаҳидаи Араб фиристода шудааст. Рамазон Раҳимов таъкид кард, ки яке аз вазифаҳои ин вазорат, бо дархости дигар мақомот дастгир намудани шахси дар пайгардбуда мебошад.
Ба иттилои вазорати корҳои дохилӣ соли гузашта 2 ҳазору 924 нафар афроди дар пайгардқарордошта, аз ҷумла 1 ҳазору 294 нафарашон, ки дар кофтукови байналмилалӣ қарор доштанд, муайян ва дастгир карда шуданд.
Шерхон Салимзода, Додситони кулли Тоҷикистон 9 январи соли равон, зимни як нишасти хабарӣ гуфта буд, ки чанд рӯзи қабл мақомоти зидахл дар ин маврид ба мақомоти зидахли Имороти Муттаҳидаи Араб дархост фиристодаанд. Умаралӣ Қувватовро 23-юми декабри соли 2012 дар фурудгоҳи шаҳри Дубай маъмурони амниятии Имороти Муттаҳидаи Арабӣ боздошт карданд. Созишномаи миёни Тоҷикистон бо Имороти Муттаҳидаи Арабӣ дар мавриди истирдоди гумонбарҳо 5 соли пеш имзо шуда буд.