Мулоқоти Сергей Лавров бо Эмомалӣ Раҳмон

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Рӯзи панҷшанбеи 17-уми январ раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавровро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот маҷмӯи васеи масоили ҳамкорию ҳамшарикии Тоҷикистону Русия, аз ҷумла дар соҳаҳои сиёсат, амнияту мудофиа, энергетика, тиҷорату сармоягузорӣ, муҳоҷирати корӣ ва ғайра баррасӣ шуд.