Сафири Озарбойҷон дар Душанбе раҳбари охирини шӯравии пешин Михайл Горбачевро гунаҳкори аслии ҳаводиси «Январи хунин» дар Боку хонд.
Вай гуфт, ин ҳодисаҳо дар аввали солҳои 90- ум ба ҳадафи аз байн бурдани Империяи Шӯравӣ тарҳрезӣ шуда буданд.
Аббосалӣ Каромоғлу Ҳасанов, рӯзи панҷшанбеи 17-уи январ зимни маросиме дар шаҳри Душанбе, ки ба муносибати «Рӯзи азои миллӣ - «Январи сиёҳ» сурат гирифт, гуфт, ҳуҷуми артиши шӯравӣ ба Боку дар 23 соли пеш, бо ҳаводиси шабеҳи он дар Тифлис, Қафқоз, соҳили Балтик ва бархе аз кишварҳои Осиёи Миёна ҳалқаи як занҷиранд.»
Вай фоҷиаи «20 январ» дар Бокуро ҷинояти мудҳиш алайҳи мардуми Озарбойҷон ва башарият унвон кард. Сафири Озарбойҷон ҳарчанд аз он изҳори нигаронӣ кард, ки то кунун омилони ин ҳодисаҳо ҷазои худро нагирифтанд, аммо гуфт, дер ё зуд ин ҷинояти сангини башарӣ баҳои ҳуқуқиро дарёфт хоҳад кард. Зеро ба таъкиди Аббосалӣ Каромоғлу Ҳасанов, бо гузашти беш аз ду даҳсола, ҳанӯз ҳам мардуми Озарбойҷон бо ин дард, ки фоҷеаи қарни 20 аст, зиндагӣ мекунад.
Аммо бо ин ҳам сафири Озарбойҷон бар ин бовар аст, ки дар ҳодисаҳое, ки дар авоили солҳои 90-ум иттифоқ афтод, набояд, мардуми русро гунаҳкор донист, балки Михайил Горбачев, сиёсати ӯ ва атрофиёни наздики вай муқассир ҳастанд.
Чун сафир итминон дорад, ки Горбачёв ва атрофиёни наздики вай дастнишондаи хориҷиён буданд ва ба ин васила Иттиҳоди Шӯравиро аз ҳам пошиданд.
Дар пайи ҳамлаи Артиши Шуравӣ ва воҳидҳои вижаи он дар шаби 19 ва 20 январи 1990 ба шаҳри Боку - пойтахти Озарбойҷон, беш аз 200 нафар озарии бегуноҳ кушта ва ҳудуди 600 нафари дигар ҷароҳатҳои мухталиф бардоштанд. Ҳамчунин садҳо нафар боздошт ва даҳҳо тани дигар беному нишон гардиданд.
Ин ҳамла пас аз он сурат гирифт, ки 11-уми январи соли 1990, Ҷабҳаи миллии Озарбойҷон ба ҳукумати вақти кишвар барои вокуниш нишон надодан ба ҳаводиси Қарабоғи кӯҳӣ, ки бархӯрди миёни арманӣ ва озариҳо ба бор оварда буд ва авҷи фирориёқни озарӣ ба Озарбойҷон сарозер шуд, эътироз кард ва гирдиҳамоиҳоеро бо ширкати ҳазорон озарӣ барпо кард.
Ин аст, ки Озарбойҷон ва ба хусус сафоратхонаҳои ин кишвар дар хориҷ, ҳар сол ба муносибати «Рӯзи азои миллӣ», ки бо «Январи сиёҳ» маъруф» аст, маросимҳои гиромидоштро баргузор мекунад.
Аммо бо он ки Душанбе низ дар моҳи феврали соли 1990 шоҳиди ҳодисаи шабеҳи Боку гардид ва 25 ҷони ҷавонро аз байн бурд, аммо дар муддати беш аз 20 сол боре ҳам дар сатҳи расмӣ маросиме ба ин муносибат доир нашудааст.
Соҳибназарон мегӯянд, доираҳои расмӣ талош мекунанд, то «Баҳмамоҳи хунин» ба гӯшаи фаромӯшии таърих гузошта шавад. Ҳатто санги ёдбуде, ки ба хотираи 25 шаҳиди ин ҳодиса дар наздикии бинои Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти вақт ва ҳоло Кохи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои нахусти вуқуи ин ҳодиса гузошта шуда буд, барканда шуд ва касе намедонад, ки сарнавишти ин санг чӣ шуд.
Ба ин тартиб «Баҳманмоҳи хунин» танҳо аз сӯи матбуот бо нашри матолибе дар хотирҳо мондааст ва насли баъдӣ аз ин фоҷеаи инсонӣ иттилои дақиқе надорад.
Аммо пас аз ду соли ин ҳодисаи хунин, Тоҷикистон вориди як ҷанги дохилӣ гардид, ки мақомот онро таҳмилӣ медонанд, аммо иддае аз соҳибназарон иддао доранд, ки дар бурузи ин низои миллӣ, дасти КГБ ё Кумитаи Амнияти Миллии вақти Иттиҳоди Шӯравӣ дароз буд. Дар пайи ҷанги дохилии панҷсола дар Тоҷикистон, даҳҳо ҳазор нафар кушта шуд.