Хадамоти алоқа: «Мо ягон сомонаро набастаем.»

Бег Зуҳуров, сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон

Хадамоти алоқаи Тоҷикистон хабарҳои тоза дар бораи дастури баста шудани "Facebook" ва сомонаи "Озодӣ" аз сӯи ин ниҳодро, рад кард.
Бег Зуҳуров, раиси Хадамоти давлатии алоқаи Тоҷикистон рӯзи 17-уми январ дар як тамоси кӯтоҳи телефонӣ ба "Озодӣ" гуфт, ки ҳеҷ гуна дастур аз тарафи хадамот дар мавриди бастани ин ё он сомона содир нашудааст.

Ин дар ҳолест, ки субҳи панҷшанбеи 16-уми январ баъзе расонаҳои хабарӣ навиштаанд, ки дар Тоҷикистон аз нав баъзе сомонаҳо бо шумули шабакаи иҷтимоии «Фейсбук» ва бахши русии радиои "Озодӣ" баста шудаанд.

Дар ҳамин ҳол ширкати интернетии «Бабилон мобайл» низ гуфт, ки ҳеҷ дастуре дар мавриди баста шудани сомонаҳо ба онҳо нарасидааст ва «Файсбук» аз тариқи провайдери онҳо фаъол аст.

Асомиддин Атоев, роҳбари Анҷумани дастраскунадагони интернет ба Радиои Озодӣ гуфт, ки аз бастан шудани баъзе сомонаҳо ва Файсбук аз тариқи баъзе расонаҳо огоҳ шудааст, аммо пас аз имтиҳон маълум шуд, ки ҳанӯз сомонаҳо баста нестанд.

Ин дар ҳолест, ки вақтҳои охир Тоҷикистон бо маҳдуд кардани дастрасӣ ба сомонаю шабакаҳои интернетӣ зуд – зуд дар сархати хабарҳои ҷаҳон қарор мегирад. Аз ҷумла охирҳои соли гузашта Бег Зуҳуров дастрасӣ ба Фейсбукро маҳдуд карда дар шарҳи он изҳор дошт, ки мехоҳад ин масъаларо бо бунёдгузори Фейсбук, Марк Цукерберг баррасӣ кунад ва аз ӯ пурсад, ки «дар ҳоле миллиардҳо доллар кор мекунад, оё ба давлат андоз месупорад ё не.» Инчунин моҳи декабри соли 2012 ба ширкатҳои дастраскунандаи интернет дастури Хадамоти алоқа расида буд, ки тибқи он бояд 131 сомона масдуд мешуданд, вале ахиран ин қарор бекор шуд.

Дар ҳамин ҳол давоми як соли охир дастрасӣ ба «Фейсбук» ду дафъа маҳдуд шуда, ҳудуди 30 сомонаи дигар то ҳол дар Тоҷикистон дастнорасанд.