Чаро ҷинояткорӣ миёни ҷавонон афзудааст?

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ахиран раисиҷумҳури Тоҷикистон аз афзоиши ҳодисаҳои номатлуб ва ҷанҷолҳои хонандагони мактабҳо гуфт, ин раванд боиси нигаронии амиқ аст. Ба қавли ӯ, дар соли 2012 танҳо аз сӯи ноболиғон 625 ҷиноят содир шудааст, ки дар муқоиса ба як соли пеш 80 маврид ва ё 15 дарсад бештар мебошад.