Тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ дар Покистон

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Дар Исломобод зери раҳбарии Муҳаммад Тоҳир ул Қодирӣ-рӯҳонии бонуфузи Покистон ва яке аз раҳбарони мухолифони ҳукумат бо ширкати даҳҳо ҳазор нафар тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ баргузор шуд. Вай дар ин тазоҳурот иддао кард, ки ҳукумат натавонистааст бо ришвахориву терроризм муборизаи муассир анҷом диҳад ва худи ҳукумат дар ришвахорӣ даст дорад.