Обама, Карзай ва дурнамоҳои баъди соли 2014

Раисиҷумҳурони Амрикову Афғонистон Барак Обама ва Ҳомиди Карзай гуфтанд, маъмурияти низомии Амрико дар афғонистон эҳтимолан аз баҳори соли 2013, яъне чанд моҳ қабл аз замоне ки интизор мерафт, нақши кумак ба нирӯҳои афғонро мегирад. Ин нукта дар изҳороти муштараки Обамаву Карзай дар пайи мулоқоти рӯзи ҷумъаи онҳо дар Кохи Сафед эълон шуд. Қаблан интизор мерафт, ки нирӯҳои Амрико аз тобистон ба қатъи амалиёти ҷангӣ шурӯъ кунанд. Ин иқдом дар пешорӯи хуруҷи нирӯҳои ҷангии хориҷӣ аз Афғонистон аст, ки бояд то поёни соли 2014 ба поён бирасад.

Обама дар ин бора ки оё баъди хуруҷи эътилоф чӣ миқдор аз нирӯҳои Амрико дар Афғонистон хоҳанд монд, чизе нагуфт. Вале гуфт, дар музокироти рӯзи ҷумъаи ӯ бо Карзай мавзӯъи ҳузури “мумкин”-и Амрико дар он кишвар баъд аз соли 2014 ҳам дар миён гузошта шуд.

Обама ҳамчунин гуфт, Амрико дар ғайри сурати ироаи масунияти сарбозонаш аз ҳар навъ таъқиб дар додгоҳҳои Афғонистон баъд аз соли 2014 ягон навъ нерӯяшро дар он кишвар боқӣ нахоҳад гузошт. Ин мавзӯъ ҳанӯз дар дасти музокироти Кобулу Вошингтон қарор дорад.

Гузоришҳои расида аз Вошингтон ҳадс мезананд, ки Обама шояд аз 6 000 то 15 000 тан аз нирӯҳои Амрикоро баъд аз соли 2014 барои тамрини нирӯҳои амниятии маҳаллӣ дар Афғонистон бимонад.

Карзай гуфт, бо Обама омодагиҳо ба интихоботи соли ояндаи раёсатҷумҳурии Афғонистон ва дурнамои музокироти сулҳ бо Толибонро ҳам баҳс кардааст. Карзай афзуд: ”Мо ба кушодани дафтари Толибон дар Доҳаи Қатар розӣ шудем, то Толибон аз онҷо ба музокироти мустақим бо намояндагони Шӯрои олии сулҳи Афғонистон бипайванданд.” Карзай афзуд, тибқи тавофуқ бо Обама тамоми боздоштгоҳҳо ва боздоштшудагон алакай рӯзи 12 январ, баъди бозгашти ӯ ба Кобул, дар ихтиёри мақомоти Афғонистон қарор хоҳанд гирифт.