133 куштаи таркишҳо дар Покистон

Теъдоди кушташудагони таркишҳои рӯзи панҷшанбе дар Покистон, ба 133 нафар расидааст.
Тибқи иттиллои расонаҳои Покистон, дар миёни қурбониёни таркишҳои ҷудогонаи рӯзи панҷанбе, ба ҷуз мардуми оддӣ, ҳамчунин кормандони амниятӣ ва чанд тан аз рӯзноманигорон низ ҳастанд

Бино ба гузоришҳо аз Покистон, дирӯз дар бобмгузориҳо дар шаҳри Кветта ва Дараи Свот, бештар аз 130 нафар кушта шуданд.

Шоми панҷшанбе дар инфиҷори ду бомб дар назди як клуби биллиардбозӣ дар Кветта, маркази вилояти Балуҷистон дасти кам 96 нафар кушта ва бештар аз 200 тани дигарро захмӣ шуданд.

Пештар аз ин дар як маҳалли серодами ин шаҳр таркиши бобме дасти кам 11 нафар кушта ва 30 тани дигар захмӣ бар ҷой гузошт. Артиши Муттаҳиди Балуҷҳо, як гурӯҳи миллатгаро дар Балуҷистон, масъулияти ин бомбгузориҳоро бар ӯҳда гирифт.

Айни замон дар Дараи Свот бар асари таркиш дар як маросими мазҳабӣ дар наздикии шаҳри Мингора 21 нафар ҳалок шудаанд ва 80 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд. Таркиш дар маҳали суханронии раҳбари гуруҳи “Ҷамоати таблиғ” сурат гирифтааст. То кунун ҳеҷ гуруҳ масъулияти ин ҳамларо ба дӯш нагирифтааст.

Марги беш аз 100 нафар дар таркишҳои Покистон