Дар амалиёти боздошти афроди муттаҳам ба терроризм, дар ноҳияи Масчоҳ як афсари нерӯҳои махсуси Вазорати умури дохилӣ захмӣ шудааст.
Бино ба иттилои як манбаи муътамад дар Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, шаби 9 ба 10 -уми январи соли 2013 зимни амалиёти махсус дар ноҳияи Масчоҳ шимоли кишвар ду нафар, ки дар ҳамкорӣ бо гуруҳи Ҳаракати исломии Узбакистон гумонбар дониста мешаванд, боздошт гардидаанд.
Ба иттилои манбаъ номи яке аз инҳо Зариф Зарифов, сокини деҳаи Дашти миёнаи ноҳияи Мастчоҳ ва дигаре сокини ноҳияи Исфара буда, таи чанд соли ахир дар пайгарди кумитаи амнияти миллӣ қарор доштаанд. Ин афрод тайи чанд моҳи ахир дар деҳаи Арнохун ва Сурхкати ноҳияи Масчоҳ дар манзили як сокини ин деҳа паноҳ бурдаанд.
Манбаъ аз вазорати умури дохилии Тоҷикистон меафзояд, ки аз ҷои будубоши ин афрод, ки ба терроризм муттаҳам мешаванд, барвақтар огоҳ гардиданд, вале ба хотири ошкор кардани робитаи онҳо бо гуруҳ ва созмонҳои дигар фурсатталабӣ кардаанд. Ба иттилои манбаъ дар дасти афроди боздоштшуда нақшаву адабиёти марбут ба Созмони ҳаракати исломии Узбакистон пайдо шудааст.
Ҳоло ба хотири дарёфти маълумоти бештар дар хусуси ҳамкорӣ ва робитаи ин ду нафари боздоштшуда кормандони Амнияти миллӣ дар вилояти Суғд ба пурсуҷӯи онҳо оғоз кардаанд.
Дар ҳамин ҳол, Сироҷиддин Аҳмадов, сокинони рустои Арнохуни ноҳияи Масчоҳ, ки шоҳиди амалиёт будааст, ба Радиои Озодӣ гуфт, боздоштшудагон, ба нерӯҳои махсуси раёсати умури дохилии вилояти Суғд муқовимати мусаллаҳона нишон дода ва яке аз маъмурони милисаро захмӣ кардаанд.
Бо вуҷуди муроҷиати батакрор, дар Раёсати умури дохилии вилояти Суғд аз сӯҳбат дар бораи ин хабар аз тариқи телефон худдорӣ карданд.
Дар солҳои гуногун чанд нафар аз сокинони ноҳияи Масчоҳ бо иттиҳоми узвият дар ҷунбишҳои тундрав боздошт шудаанд, аммо ин иттиҳом танҳо дар нисбати як қисми онҳо тасидқ шуд. Додгоҳҳо айбдоршавандагони терроризмро ба мӯҳлатҳои дарози маҳрумият аз озодӣ маҳкум мекунанд.Вале гуфта мешавад, бархе аз маҳкумшудагон дар натиҷаи шиканҷа ба иттиҳомоти ворида эътироф мекунанд.
Додситонии кулли Тоҷикистон гуфтааст, соли гузашта дар кишвар 144 нафарро бо иттиҳоми узвият дар гурӯҳҳои тундрав ва террористӣ боздошт карданд. Аксарияти онҳо яъне 76 нафар ба узвият дар Ҳаракати Исломии Туркистон ва муттаҳам мешуданд ва 36 нафар ба узвият дар созмони тундрави Ҳизб ут-Таҳрир, ки мехоҳанд, кишварҳои Осиёи Марказӣ низоми исломӣ дошта бошанд. Аксарияти аъзои Ҳизб-ут-Таҳрир низ дар шимоли Тоҷикистон, дар вилояти Суғд боздошт шудаанд.